1ПЕТРӮС, ки ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд,2Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо такдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интихоб шудаанд: фаЙз ва осоиштагй бар шумо фаровон бод.3Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳьёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда,4Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда,ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,5Ки бо куввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.6Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед.7Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вакти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.8Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодй мекунед9Ва ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон ноил мешавед.10Тафтишот ва тадқиқоти анбиё ба ҳамин наҷот тааллуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумо таъин шуда буд, пешгӯӣ кардаанд.11Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чй гуна замонро Рӯҳи Масеҳе ки андаруни онҳо буд, нишон додааст,вақтеки Он аз укубатҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки баъд аз он фаро хоҳад расид, пешакӣ хабар медод.12Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.13Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед.14Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пещтарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед,15Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,16Зеро ки навишта шудааст: "Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам".17Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинй ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварй мекунад, пас замони ғурбати худро бо ҳудотарсй бигзаронед,18Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед,19Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок,20Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир щудааст,21Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.22Чун ҷонҳои худро бо итоати ростй ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,23Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонй, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худр, ки зинда аст ва то абад боқист.24Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамй - мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад;25Аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.