1ҲАВВОРИЁН ва бародароне ки дар Яҳудо буданд, шуниданд, ки гаӣрияҳудиён низ каломи Худоро қабул кардаанд.2Вақте ки Петрус ба Ерусалим омад, махтунон бар вай таъна зада,3Гуфтанд: «Назди мардуми номаҳтун рафта, бо онҳо хӯрок хӯрдаӣ».4Вале Петрус ба хикояти муфассали ҳар он чи рӯй дода буд, шурӯъ намуда, гуфт:5«Ман дар шаҳри Ёфо дуо мегуфтам ва дар ҳолати беҳудй рӯъёе дидам: зарфе нозил мешуд, мисли суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон аз осмон мефуромада бошад, ва инак он назди ман фуромад;6«Чунбаоннигариста,дурустакак аз назар гузарондам, чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва мурғони ҳаворо Дидам,7«Ва овозе ба гӯшам расид, ки мегуфт: "Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихӯр".8«Гуфтам: "Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид ба даҳон набурдаам".9«Бори дигар хитобе аз осмон ба ҷавобам даррасид, ки мегуфт: "Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон".10«Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва ҳама чиз боз ба осмон баромад.11«Ва инак, дар ҳамон лаҳза се марде ки аз Қайсария назди ман фиристода шуда буданд, ба хонае ки икрмат доштам, расиданд,12«Ва Рӯҳ ба ман гуфт, ки ҳеҷ шубҳа накарда, бо онҳо биравам; ин шаш бародар ниэ ҳамроҳи ман рафтанд, ва мо ба хонаи он шахс даромадем.13«Вай ба мо нақл кард, ки чй гуна дар хонаи худ фариштаро дидааст, ки истола, ба вай гуфтааст: "Ба Ёфо фирнстода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо,14"Ва ӯ ба ту суханоне бигӯяд, ки боиси наҷоти ту ва тамоми хонадони ту хоҳанд шуд".15«Вакте ки ба сухан оғоз кардам, Рӯҳулқудс бар онҳо нозил шуд, мисли он ки дар ибтидо бар мо нозил шуда буд.16«Он гоҳ ба ёд овардам, ки Худованд гуфта буд: "Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рӯхулқудс таъмид хоҳед ёфт".17«Пас, модоме ки Худо ба онҳо ҳамон бахшоишро ато кардааст, ки ба мо ато кард, вақте ки ба Исои Масеҳи Худованд имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ щавам?»18Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Худо ба гайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро ато кардааст».19Дар ин мнён ба сабаби таъқиботе ки баъд аз Истефанус ба амап омад, бисьёр касон пароканда шуда, то Финиқия ва Қаприс ва Антиёхия расиданд, ва онҳо каломро ба ҳеҷ кас, ғайр аз яхудиён, мавъиза намекарданд.20Лекин баъзе аз онҳо, ки аз аҳли Қаприс ва Қурин буданд, ба Антиёхия расида, бо юнониёи гуфтугӯй карданд ва аз Исои Худованд башорат доданд,21Ва дасти Худованд бар онҳо буд, ва шумораи бузурге имон оварда, ба Худованд руҷӯъ карданд.22Вақте ки овозаи ин ба гӯши аҳли калисои Ерусалим расид, Барнабборо ба Антиёхия фиристоданд.23Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими қалб ба Худованд бичаспанд;24Зеро ки ӯ марди некӯкор ва пур аз Рӯҳулқудс ва имон буд; ва мардуми бисьёре ба Худованд имон оварданд.25Сонӣ Барнаббо барои ҷустуҷӯи Шоул ба Тарсус рафт ва ӯро ёфта, ба Антиёхия овард.26Тамоми сол онҳо дар калисо ҷамъ мешуданд ва мардуми бисьёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антиёхия масеҳӣ номида шуданд.27Ва воқеъ шуд дар он айем, ки якчанд анбиё аз Ерусалим ба Антиёхия омаданд.28Яке аз онҳо, ки Оғобус ном дошт, бархост ва аз Рӯҳ илҳом ёфта, пешгуӣ кард, ки дар тамоми ҷаҳон қаҳтии сахте рӯй хоҳад дод; он дар замони қайсар Клавдиюс рӯй дод;29Он гоҳ шогирдон қарор доданд, ки ҳар яке алоқадри дороии худ ионате барои бародарони сокини Яҳудо равона кунад;30Ҳамин тавр ҳам караанд, ва онро ба василаи Барнаббо ва Шоул ба пирон фиристоданд.