1ПАС аз он ки ин шӯру ғавғо хотима ёфт, Павлус шогирдонро даъват намуда, хайру маъзур кард ва ба Мақдуния равона шуд.2Дар он ноҳия гашта, бисьёр насиҳат дод ва ба Юнон омад;3Дар он ҷо се моҳ истод; азбаски яҳудиён ба мукрбили ӯ ошӯб бардоштанд, ӯ аэми сафари Сурия кард ва ба фикре омад, ки бо роҳи Мақдуния гашта равад.4То ба вилояти Осиё ҳамроҳи ӯ инҳо рафтанд: Супотрус аз аҳли Бирия, Ористархус ва Секундус аз аҳли Таслӯникӣ, Ғоюс аз Дарба, Тимотиюс ва аз мардуми Осиё Тӯхиқӯс ва Трофимус.5Инҳо аз мо пештар рафта, дар Трӯос мунтазири мо шуданд.6Лекин мо пас аз айеми иди фатир аз Филиппӣ бо киштй рафтем ва баъд аз панҷ рӯз ба Трӯос назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз истодем.7Рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон барои нон шикастан ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд> бо онҳо мусоҳиба намуд, ва суханаш то нисфи шаб давом кард.8Дар болохонае ки мо ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисьёре месӯхт.9Офтихӯс ном чавоне ки бар остонаи тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки мусоҳибаи Павлус тӯл мекашид, хоби сахташ бурда, баногоҳ аз ошьёнаи сеюм ба зер афтод, ва чун ӯро бардоштанд, мурда буд.10Павлус поён фуромада, худро болои ӯ партофт ва ӯро дар оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир накашед, зеро ки ҷони ӯ дар ӯст».11Баъд боло баромад ва нонро шикаста, хӯрд ва то субҳ гуфтугӯи бисьёре карда, ба роҳи худ равона шуд.12Дар ин миён он ҷавонро зинда оварданд, ва ҳотирашон хеле осуда шуд.13Мо зуд ба киштӣ савор шуда, ба Асӯс рафтем, то ки аз он ҷо Павлусро ҳамроҳи худ бигирем, зеро ки ҳамин тавр амр фармуда буд, ва ӯ ният дошт ба он ҷо пиёда равад.14Вақте ки дар Асӯс бо мо вохӯрд, ӯро ҳамроҳи худ гирифта, ба Митилинӣ омадем.15Аз он ҷо бо киштӣ равона шуда, рӯзи дигар дар рӯ ба рӯи Хиюс бозистодем; рӯзи сеюм ба Сомӯс расидем ва дар Труҷилиюн истода, фардои он вориди Милитӯс шудем,16Зеро ки Павлус ният дошт аз паҳлуи Эфсӯс гузашта равад, то ки дар вилояти Осиё даранг накунад, чунки ӯ таъҷил менамуд, ки ба қадри имкон дар арафаи иди Пантикост дар Ерусалим бошад.17Аз Милитус ба Эфсӯс кас фиристода, пирони калисоро даъват намуд,18Ва ҳангоме ки назди ӯ омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи авваЯи ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам,19«Дар ҳолате ки бо камоли фурӯтанӣ, бо ашкҳои бисьёр ва бо машаққатҳое ки ба туфайли дасисаҳои яҳудиён ба сарам меомад, ба Худованд хизмат кардам,20«Ва чй гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба ҳона гашта, ба шумо мавъиза намудам ва таълим додам21«Ва ба яҳудиён ва юнониён ҳотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.22«Ва инак, ҳоло бо тақозои Рӯҳ ба Ерусалим меравам ва аз он чи дар он ҷо ба сарам ҳоҳад омад, чизе намедонам,23«Чуз ин ки Рӯҳулкудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегӯяд, ки занҷирҳои асорат ва укубатҳо барои ман муҳайёст.24«Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он ҳизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.25«Ва алҳол инро медонам, ки ҳамаи шумо, ки дар байнатон гашта, Малакути Худоро мавъиза намудаам, дигар рӯи маро нахоҳед дид.26«Бинобар ин имрӯз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки ман аз хуни ҳамаатон мубарро ҳастам,27«Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.28«Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулкудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.29«Зеро ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо ҳоҳанд омад, ки ба рама раҳме наҳоҳанд кард,30«Аз миёни худатон низ шахсоне пайдо ҳоҳанд шуд, ки суханони каҷ ҳоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд.31«Бинобар ин ҳушьёр бошед ва дар ҳотир нигоҳ доред, ки чӣ гуна ман дар давоми се сол, рӯзонаю шабона ашк реҳаа, ҳар яке аз шуморо таълим додам.32«Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад.33«Ман ба симу зар ё пероҳани касе чашм надӯхтаам:34«Худатон медонед, ки ҳамин дастҳои ман барои таъмини эҳтиёҷоти худам ва ҳамроҳонам ҳизмат кардааст.35«Бо тамоми рафтори худ ман ба нгумо нишон додаам, ки мо бояд ҳамин тавр меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намоем ва суханони Исои Худовандро дар хотир нигоҳ дорем, ки Ӯ гуфтааст: "Додан аз гирифтан беҳтар аст"».36Баъд аз гуфтани ин суханон зону зада, бо ҳамаашон дуо гуфт.37Ҳама гирьяи бисьёр карданд ва Лавлусро ба оғӯш кашида, мебӯсиданд.38Алалхусус аз чунин сухани ӯ хеле ғамгин щуданд, ки гуфта буд: "Рӯи маро дигар нахоҳед дид". Ва ӯро то киштӣ гуселониданд.