1«ЭЙ бародарон ва эй падарон! Он чиро, ки пеши шумо барои муҳофизати худ арз менамоям, гӯш кунед».2Чун шуниданд, ки ба онҳо ба забони ибронӣ сухан мекунад, боз зиёдтар хомӯш шуданд. Ӯ гуфт:3«Ман яхудӣ ҳастам, ки дар Тарсуси Қилиқия таваллуд шудаам ва дар ин шаҳр дар хизмати "Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бодиққат омӯҳтаам ва дар роҳи Худо ғаюр будам, чунон ки ҳамаи шумо имрӯз ҳастед;4«Ва ин тариқатро то ба дараҷаи марг таъқиб менамудам ва мардону занонро побанд карда, дар зиндон меандохтам;5«Дар бораи ман саркоҳин ва ҳамаи пирон низ шаҳодат ҳоҳанд дод, ки ман аз онҳо номаҳо гирифта, ба Димишқ назди бародарон рафта будам, то ки дар он ҷо масеҳиёнро бандӣ карда, барои ҷазо ба Ерусалим биёрам;6«Аммо дар аснои роҳ, вакте ки ба Димишқ наздик меомадам, қариби пешин баногоҳ нури азиме аз осмон давродаври ман дурахшид;7«Бар замин афтодам ва овозе шунидам, ки ба ман мегуфт: "Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?"8«Ба ҷавоб гуфтам: "Худовандо, Ту кистӣ?" Ӯ ба ман гуфт: "Ман он Исои Носирй ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ".9«Онҳое ки ҳамроҳи ман буданд, нурро дида, ҳаросон шуданд, вале овози Он Касро, ки бо ман сухан мегуфт, намешуниданд.10«Он гоҳ ман гуфтам: "Худовандо! Чӣ кунам!" Худованд ба ман гуфт: "Бархез ва ба Димишқ бирав, ва дар он ҷо ҳар коре ки бояд бикунӣ, ба ту гуфта ҳоҳад шуд".11«Азбаски ман аз дурахши он нур нобино пгуда будам, ҳамроҳонам аэ дастам гирифта, маро ба Димишқ бурданд.12«Ҳанониё ном марди порсои мутеи шариат, ки дар миёни ҳамаи яҳудиёни сокини Димишқ некном буд,13«Назди ман омада, истоду ба ман гуфт: "Эй бародар Шоул! Бино шав". Дарҳол чащмонам кушода шуду ман ӯро дидам.14«Ӯ гуфт: "Худои падарони мо туро баргузидааст, то ки иродаи Ӯро дарк намоӣ ва Он Одилро бубинӣ ва аз забонаш сухане бишнавӣ,15"Чунки аз он чи дидаӣ ва шунидай, дар пеши тамоми мардум шоҳиди Ӯ хоҳӣ шуд;16"Пас, чаро таъҳир мекунй? Бархез ва таъмид бигир ва исми Ӯро хонда, аз гуноҳҳои ҳуд пок шав".17«Вақте ки ба Ерусалим баргашта, дар маъбад дуо мегуфтам, дар ҳолати бехудӣ афтодам18«Ва Ӯро дидам, ки мегуфт: "Шитоб намо ва аз Ерусалим зудтар равона шав, чунки шаҳодати туро дар ҳаққи Ман қабул нахоҳанд кард".19«Гуфтам: "Худовандо! Онҳо медонанд, ки ман мӯъминони Туро дар зиндон меандоҳтам ва дар куништҳо шаллоқ мезадам,20"Ва ҳангоме ки хуни шоҳиди Ту Истефанусро мерехтанд, ман дар он ҷо истода, қатли ӯро таҳсин менамудам ва либосҳои қотилони ӯро посбонӣ мекардам".21«Аммо Ӯ ба ман гуфт: "Равона шав, зеро ки Ман туро ба ҷойҳои дур сӯи ғайрияҳудиён хоҳам фиристод"».22То ҳамин суханаш ба ӯ гӯш доданд; сонӣ фарьёд заца, гуфтанд: «Чунин шахсро аз рӯи замин маҳв кунед! Зеро ки набояд ӯ зинда бимонад».23Дар ҳамон вақте ки онҳо дод мезаданд, ҷомаҳои худро мепартофтанд ва чангу ғубор ба ҳаво мебардоштанд,24Мириҳазор амр фармуд, ки ӯро ба қальа дароварда, тозиёна зананд, то фаҳманд, ки аз чӣ сабаб бар ӯ ин қадар фарьед мезананд.25Вақте ки ӯро бо тасмаҳомебастанд,ба мирисаде ки наздаш истода буд, гуфт: «Оё бар шумо ҷоиз аст, ки табааи Румро, бе он ки маҳкум шуда бошад, тозиёна занед?»26Чун мирисад инро шунид, назди мириҳазор рафта, хабар дод ва гуфт: «Оё медонӣ, чӣ мекунӣ? Ин шахс табааи Рум аст».27Мириҳазор назди ӯ омада, пурсид: «Ба ман бигӯй, ки оё ту табааи Рум ҳастй?» гуфт: «Оре».28Мириҳазор гуфт: «Ман ин табаиятро ба бадали маблағи калон ба даст овардаам». Павлус гуфт: «Аммо ман бо он ба дуньё омадаам».29Дарҳол онҳое ки ӯро шиканҷа карданӣ буданд, аз ӯ даст кашиданд; мириҳазор низ, румӣ будани ӯро фаҳмида, ҳаросон шуд, ки ӯро занҷир зада буд.30Рӯзи дигар, бо мақсади донистани он ки барои чӣ яхудиён ӯро айбдор мекунанд, ӯро аз завлона озод кард ва амр фармуд, ки саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон ҷамъ шаванд, ва Павлусро бароварда, назди онҳо ба по хезонд.