Tajik

Acts

24

1БАЪД аз панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё бо пирон ва Тартуллӯс ном нотиқе омад, ва онҳо ншкояти худро дар ҳаққи Павлус ба ҳоким супурданд.2Вақте ки Павлусро даъват карданд, Тартуллус ба айбдор кардани ӯ шурӯъ намуда, гуфт:3«Эй Феликси мӯҳтарам, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо камоли миннатдорӣ зътироф менамоем, ки дар сояи ту осоиши комил дорем, ва ба туфайли ғамхӯрии ту ин қавм ба некӯаҳволй расидааст;4«Вале, барои он ки туро бисьёр заҳмат надиҳам, аз ту ҳоҳишмандам, ки илтифот намуда, мухтасаран арзи моро бишнавй:5«Зеро ки ин одамро фасодангез ёфтаем, ки ӯ дар миени ҳамаи яҳудиёни рӯи олам ошӯб меандозад ва сардастаи бидъати носирӣ мебошад,6«Ва ҳатто саъю кӯшиш намудааст, ки маъбадро палид гардонад, ва мо ӯро дастгир кардем, то ки аз рӯи шариати худ бар ӯ доварӣ намоем,7«Аммо Лисиеси мириҳазор омада, ӯро бо зӯрӣ аз дасти мо гирифт8«Ва амр фармуд, ки даъвогарони ӯ назди ту биёянд; ҳудат метавонӣ тафтиш намуда, ҳар он чиро, ки мо бар ӯ даъво дорем, аз худи ӯ бифаҳмй».9Яҳудиён суханони ӯро тасдиқ карда, гуфтанд, ки чунин аст.10Чун ҳоким ба Павлус ишора кард, ки сухан гӯяд, ӯ ба ҷавоб гуфт: «Азбаски медонам, ки ту чандин сол боз довари ин қавм ҳастй, ман кори худро дилпурона муҳофизат менамоям;11«Ту метавонӣ бифаҳмӣ, ки аз дувоздаҳ рӯз зиёд нагузаштааст, ки ман барои ибодат ба Ерусалим рафта будам;12«Ба маро ҳеҷ кас надидааст, ки дар маъбад, ё дар куништҳо ва ё дар шаҳр бо касе мубоҳиса карда бошам ё ки дар байни мардум ошӯб андохта бошам;13«Низ он чиро, ки ҳоло бар ман даъво менамоянд, исбот карда наметавонанд;14«Лекин инро назди ту иқрор мекунам, ки аз рӯи тарикате ки онҳо бидъат меноманд, ман дар ҳақиқат Худои падаронро ибодат менамоям, дар ҳолате ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқод дорам15«Ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳьёи мурдагон дар пеш аст;16«Бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам наэди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад;17«Баъд аз чандин сол ман омадам, то ки ба халқи худ садақот биёрам ва ҳадия пешкаш бикунам,18«Ва дар ҳолате ки таҳорат ёфта будам, ва дар гирду пешам на мардуме буд, на ғавғое, маро дар маъбад чанд нафар яхудиёни вилояти Осиё диданд,19«Ки онҳо низ мебоист дар ин ҷо назди ту меистоданд ва, агар чизе бар зидди ман дошта бошанд, даъво мекарданд,20«Ё худи инҳо бигӯянд, ки аз ман, вақте ки назди шӯрои пирон истода будам, чй хатое дидаанд,21«Чуз он як сухан, ки дар миёни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам, ки аз барои эҳьёи мурдагон имрӯз пеши шумо муҳокима карда мешавам».22Феликс, ки аз ин тариқат ба ҳубӣ огоҳй дошт, муҳокимаро ба таъхир андохта, гуфт: «Вақте ки Лисиёси мириҳазор биёяд, кори шуморо тафтиш хоҳам кард».23Ва ба мирисад амр фармуд, ки Павлусро дар бандиҳона нигоҳ дорад, лекин ба ӯ сабукӣ диҳад ва ба ҳеҷ касе аз наздиконаш, ки барои ҳизмат ё мулоқоти ӯ меоянд, монеъ нашавад.24Баъд аз чанд рӯз Феликс бо ҳамсари ҳуд Друсила, ки занаки яҳудй буд, омад ва Павлусро даъват намуда, суханони ӯро дар бораи имон ба Масеҳ гӯш кард.25Аммо вақте ки ӯ дар бораи адолат, парҳезгорй ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод: «Алҳол бирав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват хоҳам кард».26Дар айни ҳол вай умедвор буд, ки Павлус ба вай пул медиҳад, то ки ӯро озод кунад; бинобар ин ӯро дам ба дам даъват намуда, бо ӯ мусоҳиба мекард.27Лекин баъд аз гузаштани ду сол Поркиюс Фестус ба ҷои Феликс таъин шуд, ва Феликс, ки мехост яҳудиёнро хурсанд созад, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт.