Tajik

Acts

27

1ЧӮН қарор доданд, ки бо киштй ба Итолия равем, Павлус ва чанд бандии дигарро ба мирисади қӯшуни Авғустус, ки Юлиус ном дошт, супурданд,2Ба киштии Адрамит савор шуда, ба роҳ даромадем, ки он ният дошт дар наздикии соҳили вилояти Осиё шино кунад; Ористархуси мақдунӣ аз аҳли Таслӯникӣ ҳамроҳи мо буд.3Рӯзи дигар ба Сидӯн расидем; Юлиус ба Павлус илтифот намуда, иҷозат дод, ки назди дӯстони худ рафта, лавозимоти сафарашро аз онҳо бигирад.4Аз он ҷо равона шуда, дар қарибии Қаприс гузаштем, зеро ки боди мухоЯиф мевазид;5Баҳрро дар рӯ ба рӯи Қилиқия ва Памфилия тай намуда, ба Мирои Ликия расидем.6Дар он ҷо мирисад киштии Искандарияро, ки ба Итолия мерафт, пайдо карда, моро бар он савор кард.7Чандин рӯз оҳистаоҳиста шино карда, базӯр ба Қнидӯс наздик омадем, вале азбаски боди номусоид мевазид, сӯи Крит ба соҳили Салмӯнӣ рондем8Ва бо душворӣ аз пеши он гузашта, ба мавзее расидем, ки Бандари Нек ном дошт ва ба шаҳри Ласия наздик буд.9Баъд аз гузаштани муддати зиёд, ки сафари баҳр акнун хатарнок шуда буд, зеро ки айёми рӯзадорй ҳам гузашта буд, Павлус онҳоро таъкид намуда,10Гуфт: «Эй мардон! Мебинам, ки ин сафаримонатанҳо барои бор ва киштӣ, балки барои ҷони мо низ Хеле душвор ва зарарнок хоҳад шуд».11Аммо мирисад аз суханони Павлус дида, бештар ба гапи суккондор ва соҳиби киштй боварй дошт.12Азбаски он бандар барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисьёр касон маслиҳат доданд, ки аз он ҷо бираванд, то ки, шояд, ба Финиқо расида, айёми зимистонро дар ин бандари Крит, ки рӯ ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ воқеъ аст, гузаронанд.13Чун боди ҷанубӣ вазид, ба гумони он ки муродашон ҳосил шуд, лангар бардошта, дар қарибии соҳили Крит равона щуданд.14Вале дере нагузашта, боди сахти мухолифе барҳост, ки авриклидӯн ном дорад,15Ва чунон бошиддат ба киштӣ омада зад, ки он ба муқобили бод истода натавонист, ва мо идораи киштиро аз даст дода, беиҳтиёр ба ҷараёни об ронда шудем16Ва ба ҷазирачае ки Клавдо шм дорад, бошнддат бархӯрда, қаиқи киштиро базӯр нигоҳ дошта тавонистем.17Онро кашида бароварда, камари киштиро бо танобҳо маҳкам бастанд ва, аз тарси он ки дар ҷои пастобе фурӯ монанд, бодбонро фуроварданд, ва мо ҳамчунон ба ҷараёни об ронда мешудем.18Рӯзи дигар, ба сабаби пурзӯр шудани тӯфон, бори киштиро ба об партофтан гирифтанд.19Дар рӯзи сеюм мо бо дастҳои худ асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтем.20Чандин рӯз на офтоб аён мептуд, на ситорагон; тӯфони шадид як зайл давом мекард, ва дигар ҳеҷ умеде барои халосии мо набуд.21Азбаски муддати дуру дароз чизе нахӯрда буданд, Павлус дар миёни онхо истода, гуфт: «Эй мардон! Кошки ба сухани ман даромада, аз Крит намебаромадед, ки дар он сурат аз ҳамаи ин мушкилот ва зиён амон меёфтед;22«Акнун низ шуморо насиҳат дода, мегӯям, ки қавидил бошед, чунки ҳеҷ осебе ба ҷони ҳеҷ яке аз шумо нахоҳад расид, фақат киштӣ талаф хоҳад шуд;23«Зеро ки имшаб фариштаи Худое ки ман аз они Ӯ ҳастам ва Ӯро ибодат мекунам, ба ман зоҳир шуд24«Ва гуфт: "Эй Павлус, натарс! Ту бояд дар ҳузури қайсар ҳозир шавӣ, ва инак, Худо ҷони ҳамаи ҳамсафаронатро ба ту бахшидааст".25«Бинобар ин, эй мардон, қавидил бошед, зеро ки ман ба Худо имон дорам, ва ҳамон тавре ки ба ман гуфтааст, воқеъ хоҳад шуд:26«Лекин бар яке аз ҷазираҳо хоҳем афтод».27Чун шаби чордаҳум фаро расид, ва мо ҳанӯз дар баҳри Адриё ба ҳар сӯ ронда мешудем, дар қарибии нисфи шаб, маллоҳон пай бурданд, ки хушкие наздик аст,28Ва чукурии обро чен карданд, бист қомат баромад, андаке пеш рафта, боз чен карданд, понздаҳ қомат баромад.29Аз бими он ки ба санглоҳе бархӯранд, аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва дамидани субҳро мунтазир шуданд.30Маллоҳон мехостанд киштиро тарк кунанд, ва бо ин мақсад қаиқро ба об мефуроварданд, ба баҳонаи он ки гӯё мехоҳанд лангарҳоро аз бинии киштӣ биандозанд,31Аммо Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар инҳо дар киштӣ намонанд, шумо наҷот нахоҳед ёфт».32Он гоҳ сарбозон танобҳои қаиқро буриданд, ва он афтод.33Пеш аз субҳидам Павлус аз ҳама хоҳиш кард, ки чизе бихӯранд; ӯ гуфт: «Имрӯз рӯзи чордаҳум аст, ки щумо интизорй кашида, чизе нахӯрдаед ва гурусна ҳастед.34«Бинобар ин шуморо даъват менамоям, ки чизе бихӯред, зеро ки саломатии ҷони шумо ба ин вобаста аст: мӯе аз сари ҳеҷ яке аз шумо наҳоҳад афтод».35Бо ин суханон нонро гирифта, дар хузури ҳама Худоро шукргузорӣ кард ва онро шикаста, ба хӯрдан шурӯъ намуд.36Он гоҳ ҳама қавндил шуданд, ва онҳо низ нон хӯрданд.37Шумораи мо дар киштӣ ҷамъ дусаду ҳафтоду шаш нафар буд.38Чун аз хӯрок сер шуданд, гандумро ба об партофта, киштиро сабук карданд.39Вақге ки рӯз равшан шуд, заминро напшнохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт, ва қарор доданд, ки агар мумкин щавад, киштиро сӯи он биронанд.40Лангарҳоро бурида, дар баҳр гузоштанд, бандҳои сукконро низ кушоданд ва бодбонро ба ҷараёни бод боло кашида, роҳи соҳилро пеш гирифтанд.41Ба димоғае дакка хӯрданд, ва киштӣ дар ҷои пастобе фурӯ монд: бинии он дармонда беҳаракат истод, лекин думаш аз шиддати мавҷҳо дарҳам шикаст.42Сарбозон қасди куштани бандиён карданд, ки мабодо касе шинокунон гурехта равад.43Лекин мирисад ки мехост Павлусро раҳо кунад, ба ин қасди онҳо монеъ шуд ва фармуд, ки аввал касоне ки шино карда метавонанд, худро дар об андоҳта, ба соҳил бирасанд,44Ва дигарон, баъзе бар тахтаҳо ва баъзе бар шикастапораҳои киштӣ аз дунболи онҳо бираванд. Ба ҳамин тарз ҳамаашон ба саломатӣ ба хушкӣ расиданд.