Tajik

Galatians

2

1СОНӢ ман, пас аз чордаҳ сол, бо Барнаббо боз ба Ерусалим рафтам, Титусро низ бо худ бурдам.2Ба он ҷо аз рӯи ваҳй равона шудам ва ба онҳо ва алоҳида ба шахоне ки соҳибэътибор буданд, он башоратро, ки дар миёни халқҳо мавъиза менамудам, баён кардам: мабодо бар абас бидавам ё давида бошам.3Аммо Титус ниэ, ки ҳамроҳи ман буд, бо вучуди юнонй буданаш, маҷбур нашуд, ки махтун гардад:4Аз боиси бародарони козиби ба миёни мо сар даровардае ки барои дидани озодие ки мо дар Исои Масеҳ дорем, ба таври пинҳонӣ омада буданд, то ки моро ғулом гардонанд:5Мо ба онҳо як соат ҳам гузашт накардем ва итоат нанамудем, то ки ростии башорат дар шумо маҳфуз дошта шавад.6Ва онҳое ки ба назари касе соҳибэътибор буданд, - онҳо ягон вакт ҳар чй хел бошанд ҳам, барои ман аҳамияте надорад: Худо ба рӯи кас нигоҳ намекунад, - ин соҳибэътиборон ба зиммаи ман ҳеҷ чизе нагузоштанд;7Балки, баръакс, чун диданд, ки башорат барои номахтунон ба ман супурда шудааст, чунон ки барои махтунон ба Петрус, -8Зеро Он ки ба Петрус дар ҳавворияташ назди махтунон мадад карда буд, ба ман низ назди халқҳо мадад кардааст, -9Ва чун Яъқуб ва Кифо ва Юҳанно, ки эътибори арконро доштанд, аз файзе ки ба ман ато шудааст, вуқуф ёфтанд, дасти ширкат ба ман ва Барнаббо доданд, то ки мо назди халқҳр биравем, ва онҳо назди махтунон;10Фақат ин ки мо бенавоёнро дар хотир нигоҳ дорем, ва ман иштиёқманд будам, ки маҳз ҳаминро ба ҷо оварам.11Аммо вақте ки Петрус ба Антиёхия омад, ман шахсан ба ӯ мухолифат кардам, чунки ӯ айбдор буд.12Зеро, пеш аз он ки баъзе касон аз ҷониби Яъқуб биёянд, ӯ бо ғайрияҳудиён хӯрок мехӯрд; лекин вақте ки онҳо омаданд, аз тарси маҳтунон худро дур кашид ва канорагирӣ кард.13Бо якҷоягии ӯ яҳудиёни дигар ҳам риёкорӣ карданд, ба тавре ки Барнаббо низ саргарми риёкории онҳо щуд.14Аммо, чун дидам, ки онҳо мувофиқи ростии Инҷил рафтори рост намекунанд, дар ҳузури ҳама ба Кифо гуфтам: "Агар ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, на ба тариқи яҳудиён, балки ба тариқи ғайрияҳудиён зиндагӣ мекунӣ, чаро ғайрияҳудиёнро маҷбурменамой, ки ба тарики яҳудиён рафтор кунанд?15"Мо табиатан яҳудӣ ҳастем, на ин ки гуноҳкороне аз байни ғайрияҳудиён;16"Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли щариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, - мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд.17"Аммо агар, дар Масеҳ сафед шудан хоста, худамон ҳам гуноҳкор бароем, - наход ки Масеҳ хизматгузори гуноҳ бошад? Ба ҳеҷ сурат!18"Зеро, агар ман он чиро, ки хароб кардаам, аз нав ба вуҷуд оварам, ман худро ҷинояткор мегардонам.19"Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагй кунам.20"Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагй мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард.21"Файзи Худоро ботил намекунам; зеро, агар сафед шудан ба воситаи шариат бошад, Масеҳ бар абас мурдааст".