Tajik

Galatians

4

1АММО мегӯям: ворис, то даме ки кӯдак аст, аз ғулом ҳеҷ фарқ надорад, гарчанде ки огои ҳама аст:2Балки зери дасти васиён ва амалдорон аст, то мӯҳлате ки падараш муайян намудааст.3Хамчунин мо, то даме ки кӯдак будем, ғуломи аносири ҷаҳон будем;4Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод,ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд,5То барои онҳое ки зери дасти шариат буданд, фидия диҳад, то ки мо ба писарй қабул шавем.6Ва азбаски шумо писар ҳастед, Худо ба дилҳои шумо Рӯҳи Писари Худро фиристодааст, ки нидо мекунад: "Эй Або, эй Падар!"7Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, вориси Худо низ ба василаи Масеҳ ҳастӣ.8Лекин дар он замон, ки Худоро намешинохтед, шумо онҳоеро ибодат мекардед, ки аслан худо набуданд;9Аммо алҳол, ки Худоро мешиносед ва, илова бар он, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна аз нав сӯи он аносири заифу фақир баргашта, худро боз ба онҳо ғулом кардан мехоҳед?10Рӯзҳо, моҳҳо, фаслҳо ва солҳоро риоя мекунед.11Аз шумо хавотир дорам, ки мабодо дар миёни шумо беҳуда меҳнат карда бошам.12Эй бародарон, аз шумо хоҳишмандам, ки мисли ман бошед, чунки ман ҳам мисли шумо ҳастам; шумо маро ҳеҷ озор надодаед:13Шумо медонед, ки ман дар заъфи ҷисм ба шумо дафъаи аввал башорат додам;14Ва шумо аз озмогапи ман, ки дар ҷисми ман аст, нафрат накардед ва кароҳат надопттед, балки маро мисли фариштаи Худо, мисли Исои Масеҳ пазирой намудед.15Пас куҷост он саодати шумо? Зеро ба шумо гувоҳй медиҳам, ки агар имконпазир мебуд, чашмони худро канда гирифта, ба ман медодед.16Пас, наход ки ба шумо рости гапро гуфта, душмани шумо шуда бошам?17Онҳо барои шумо ба некӣ ғайрат намекунанд, балки шуморо ҷудо кардан меҳоҳанд,то ки шумо барои онҳо ғайрат кунед.18Дар кори хайр ҳамеша ғайрат кардан хуб аст, на танҳо вақте ки ман назди шумо бошам.19Эй фарзандони ман, ки барои таваллудатон ман аз нав азоб мекашам, то даме ки дар шумо Масеҳ сурат бандад!20Хоҳиш доштам, ки ҳоло назди шумо бошам ва овози худро тағьир диҳам, зеро ки дар хусуси шумо дар ҳайрат мондаам.21Шумо, ки мехоҳед зери дасти шариат бошед, ба ман бигӯед, ки магар шумо ба шариат гӯш намеандозец?22Зеро ки навишта шудааст: "Иброҳим ду писар дошт, яке аз каниз ва дигаре аз зани озод".23Лекин он ки аз каниз буд, ба ҳасби ҷисм таваллуд ёфтааст, ва он ки аз зани озод буд, - ба ҳасби ваъда.24Ин кинояомез аст, зеро ки ин ду аҳд аст: яке аз кӯҳи Сино, ки барои ғуломӣ мезояд, ва ин Ҳоҷар аст,25Зеро ки Ҳоҷар кӯҳи Сино дар Арабистон аст ва ба Ерусалими ҳозира мувофиқ меояд, зеро ки он бо фарзандони худ дар ғуломӣ мебошад;26Аммо Ерусалими арши аъло озод аст, ки он модари ҳамаи мост;27Зеро ки навишта шудааст: "Шод бош, эй нозой, ки назоидаӣ; хурсандӣ ва нидо бикун, ки дарди зоиш накашидаӣ; зеро фарзандони зане ки партофта шудааст, назар ба шавҳардор зиёдтаранд".28Вале мо, эй бародарон, мисли Исҳоқ, фарзандони ваъда ҳастем.29Аммо чӣ тавре ки он вақт ба ҳасби ҷисм таваллудьёфта ба ҳасби Рӯҳ таваллудьёфтаро пеш мекард, алҳол низ ҳамон тавр аст.30Аммо Навиштаҳо чӣ мегӯяд? "Каниз ва писари ӯро пеш кун, зеро писари каниз бо писари зани озод мерос нахохад гирифт".31Хуллас, эй бародарон, мо фарзандони каниз нестем, балки фарзандони зани озодем.