Tajik

Galatians

6

1ЭЙ бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад.2Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард.3Зеро касе ки худро чизе ҳисоб мекунад, дар сурате ки ҳеҷ аст, вай худро фиреб медиҳад.4Бигзор ҳар кас амали худро имтиҳон намояд, ва он гоҳ фақат дар худ фахр хоҳад дошт, на дар дигаре;5Зеро ҳар кас бори худро хоҳад бардошт.6Он ки бо каломи Худо насиҳат дода мешавад, бигзор насиҳатдиҳандаро дар ҳар нозу неъмат шарик созад.7Фирефта нашавед: Худо намегузорад,ки Ӯро тамасхур кунанд. Зеро ки он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид:8Касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фаноро хоҳад даравид, ва касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти ҷовидониро хэҳад даравид.9Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустй накунем.10Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони ҳуд.11Бубинед, чӣ гуна калон аст мактубе ки ба шумо бо дасти худ навиштаам.12Онҳое ки ба ҳасби ҷисм фахр намудан мехоҳанд, шуморо ба махтун шудан водор менамоянд, фақат барои он ки аз боиси салиби Масеҳ ба таъқибот гирифтор нашаванд;13Зеро ки худи махтуншавандагон ҳам шариатро риоя намекунанд, лекин мехоҳағд, ки шумо махтун шавед, то ки бо ҷисми шумо фахр намоянд.14Ва ман, ҳошо ва калло, ки фахр намоям, магар ин ки фақат бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман маслуб шудааст, ва ман - барои ҷаҳон.15Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав.16Ва онҳое ки мувофики ҳамин қоида рафтор мекунанд, осоиштагӣ ва марҳамат бар онҳо бод, ва бар Исроили Худо!17Минбаъд бигзор ҳеҷ кас маро уқубат надиҳад, зеро ки ман ҷароҳатҳои Исои Худовандро дар бадани худ дорам.18Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод, эй бародарон, омин.