1ДАР рӯзи якшаябе, бомдодон, ки ҳаво ҳанӯз торик буд, Марьями Маҷдалия бар сари қабр омад ва дид, ки санг аз қабр бардошта шудааст;2Вай дартоз назди Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд».3Дарҳол Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигар берун омада, ба ҷониби қабр рафтанд.4Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузащт ва аввал бар сари қабр омад,5Ва хам шуда, кафанро гуэошта дид; лекин ба дарун надаромад.6Аз ақиби вай Шимъӯни Петрус омада, ба қабр даромад ва кафанро гузошта дид.7Ва рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд, на бо кафан, балки дар гӯшае алоҳида печида дид.8Он шогирди дигар, ки аввал бар сари қабр омада будэ низ ба дарун даромад, ва дид, ва имон овард;9Зеро онҳо ҳанӯз Навиштаро нафаҳмида буданд, ки Ӯ бояд аз мурдагон эҳьё шавад.10Ва шогирдон ба хонаи худ баргаштанд.11Аммо Марьям дар беруни қабр истода, гирья мекард; ва чун мегирист, хам шуда, ба даруни кдбр нигоҳ кард.12Ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар он ҷое ки Часади Исо гузошта шуда буд, яке ба тарафи сар ва дигаре ба тарафи пой нишаста буданд.13Онҳо ба вай гуфтанд: «Эй зан! Чаро гирья мекунй?» Ба онҳо гуфт: «Худованди маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ӯро куҷо гузоштаанд».14Чун инро гуфт, ба ақиб рӯ овард ва Исоро истода дид; вале надонист, ки ин Исост.15Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Чаро гирья мекунӣ? Киро ҷустуҷӯ мекунй?» Вай ба гумони он ки ин боғбон аст, ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯ, ки Ӯро куҷо гузоштй, то ки ман Ӯро гирифта барам».16Исо ба вай гуфт: «Эй Марьям!» Вай рӯ оварда, ба Ӯ гуфт: «Раббунӣ!» - яъне: Ӯстод!"17Исо ба вай гуфт: «Ба Ман даст нарасон, зероки ҳанӯз назди Падари Худ сууд накардаам; лекин назди бародарони Ман рафта, ба онҳо бигӯ: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам».18Марьями Маҷдалия омада, ба шогирдон хабар дод, ки: «Ман Худовандро дидаам, ва ба ман чунин гуфт».19Бегоҳии ҳуди ҳамон рӯзи якшанбе, вакте ки шогирдон дар хонае ҷамъ омада, аз тарси яҳудиён дарҳои онро баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод!»20Чун инро гуфт, дастҳо ва қабурғаи Худро ба онҳо нишон дод. Шогирдон Худовандро дида, шод гардиданд.21Воз Исо ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам».22Чун инро гуфт, бар онҳо дамид ва гуфт: «Руҳулкудсро пайдо кунед:23Гуноҳи касеро, ки афв намоед, омурзида мешавад; ва касеро, ки афв накунед, омурзида намешавад».24Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Экизак номида мешуд, вакте ки Исо омад» бо онҳо набуд.25Шогирдони дигар ба вай гуфтанд: «Мо Худовандро дидаем». Вай ба онҳо гуфт: «То дар дастҳои Ӯ ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои меҳҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи Ӯ наниҳам, бовар нахоҳам кард».26Баъд аз ҳашт рӯз боз шогирдони Ӯ дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва гуфт: «Салом бар шумо бод!»27Пас аз он ба Тумо гуфт: «Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дасти худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош».28Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!»29Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он ки Маро дидаи, имон опардӣ: хушо касоне ки надида, нмон меоваранд».30Боз бисьёр мӯъчизоти дигаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуд;31Аммо ин кадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ӯ ҳаёт ёбед.