Tajik

Luke

24

1ДАР рӯзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд;2Вале диданд, ки санг аз сари қабр ғалтонда шудааст,3Ва чун дохил шуданд, Часади Исои Худовандро наёфтанд.4Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд.5Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон чустуҷӯ мекунед?6«Дар ин ҷо нест: Ӯ эҳье шуд; ба ёд оваред,ки чй гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда,7«Гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад».8Ва онҳо суханони Ӯро ба ёд оварданд.9Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд.10Инҳо Марьями Маҷдалия, ва Юҳона, ва Марьям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба ҳаввориён ин чизҳоро гуфтанд.11Вале ин суханон ба назарашон чун сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд.12Аммо Петрус бархоста, сӯи қабр давид ва хам шуда, фақат кафанро дид, ки гузошта шудааст, ва аз ин ҳодиса дар ҳайрат монда, ба ҳонаи ҳуд рафт.13Дар ҳамон рӯз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Ерусалим дур буд, ва Аммоус ном дошт,14Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд.15Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугӯ ва мубоҳиса мекардапд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд;16Лекин чашмони онҳо баста буд, ба тавре ки Ӯро нашиноҳтанд.17Ба онҳо гуфт: «Аз чй хусус бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳотон ғамгин аст?»18Яке аз онҳо, ки Клеюпос еом допхг, дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Цаҳод ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Ерусалим омадаанд, аз воқеае ки дар ин рӯзҳо рӯй додааст, бехабар ҳастӣ?»19Ба онҳо гуфт; «Аэ кадом воқеа?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз он чи ба Исои Носирй рӯй додааст, ки Ӯ пайғамбаре буд тавоно дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми қавм;20«Чй гуна Ӯро саркоҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба қатл маҳкум шавад, ва Ӯро маслуб карданд;21«Лекин мо умед доштем, ки Ӯ Ҳамон аст, ки бояд Исроилро наҷот диҳад; аммо, бо ин ҳама, имрӯз рӯзи сеюм аст, ки ин ба вуқӯъ омадааст;22«Вале баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андоҳтанд: онҳо бомдодон ба сари қабр рафтаанд,23«Ва Ҷасади Ӯро наёфтаанд, ва омада гуфтанд, ки дар рӯъё фариштагонро низ дидаанд, ки мегӯянд: Ӯ зинда аст;24«Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ӯро надидаанд».25Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Эй бефаросатон ва сустдилон дар имоноварй ба он чи анбиё пешгӯй кардаанд!26«Оё Масеҳро лозим набуд ҳамаи инро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ бирасад?»27Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда» он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод.28Ва онҳо ба деҳае ки сӯяш мерафтанд» наздик омаданд, ва Ӯ чунин вонамуд кард, ки мехоҳад онсӯтар биравад;29Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бомо бимон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасаде. Ва Ӯ ворид шуда, бо онҳо монд.30Ва ҳангоме ки Ӯ бо онҳо назди суфра нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод.31Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуд, ва онҳо Ӯро шинохтанд; вале Ӯ аз назарашон нопадид шуд.32Ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Оё дили мо дар даруни мо намесӯхт, вакте ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?»33Ва ҳамон соат бархоста, ба Ерусалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда,34Мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан эҳьё шудааст ва ба Шимъӯн зоҳир гардидааст.35Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ ҳодиса рӯй дод, ва чй гуна Ӯро дар вақти пора кардани нон шинохтанд.36Вакте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод».37Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд;38Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад?39«Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед».40Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Ҳудро ба окҳо нишон дод.41Ва чун онҳо аз шодй ҳанӯз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?»42Пегди Ӯ як порча моҳии бирьён ва андаке асали мумдор монданд;43Ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.44Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд».45Он гоҳ зеҳни онҳоро равшдн кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд,46Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ укубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад.47<Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миени ҳамаи ҳалқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад;48«Ва шумо шоҳидони ин ҳастед;49«Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вакте ки бо куввате аз олами боло фаро гирифта шавед».50Ва онҳоро берун оварда, то Байт-Ҳинӣ бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод.51Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо чудо шуда, ба осмон сууд кард.52Ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Ерусалим баргаштанд,53Ва ҳамеша дар маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд. Омин.