1ДАР соли понздаҳуми ҳукмронии қайсар Тибариюс, вақте ки Понтиюс Пилотус дар Яҳудо фармонравоӣ мекард, ва Ҳиродус тетрархи Ҷалил,вабародараш Филиппус тетрархи Итурил ва вилояти Тархонитус, ва Лисониюс тетрархи Абилин буд,2Дар айёми саркоҳинон Ҳонон ва Каёфо, каломи Худо ба Яҳьё ибни Закарьё расид.3Ва ӯ тамоми кишвари атрофи Ӯрдунро тай карда, таъмиди тавбаро барои омурзиши гуноҳҳо мавъиза менамуд,4Чунон ки дар китоби нутқҳои Ишаъёи набй навишта шудааст: «Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед;5«Ҳар водй баланд, ва ҳар кӯҳ ва теппа паст, ва ҳар каҷӣ роҳи рост, ва ҳар роҳи ноҳамвор ҳамвор хоҳад шуд;6«Ва ҳар башар наҷоти Худоро хоҳад дид».7Ва ба мардуме ки берун меомаданд, то ки аз ӯ таъмид ёбанд, мегуфт: «Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед?8«Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагӯед, ки "падари мо Иброҳим аст!"; зероба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вучуд оварад;9«Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андохта хоҳад шуд».10Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, чй кунем?»11Дар ҷавоби онҳо мегуфт: «Касе ки ду курта дорад, ба касе ки надорад, бидиҳад; ва касе ки хӯрок дорад, низ чунин амал кунад».12Боҷгирон низ барои таъмид омада, ба ӯ гуфтанд: «Эй устод, чӣ кунем?»13Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он чи барои шумо муқаррар шудааст, талаб накунед».14Сарбозон низ аз ӯ пурсида, гуфтанд: «Пас мо чӣ кунем?» Ба онҳо гуфт: «Касеро озор надиҳед, дар ҳаққи касе тӯҳмат накунед, ва ба маоши худ қаноат намоед».15Ва ҳангоме ки мардум интизор меистоданд, ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳьё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не, -16Яҳьё дар ҷавоби ҳамаи онҳо мегуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, лекин Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ӯро воз кунам, Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод;17«Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандумро дар анбори Худ гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда хоҳад сӯзонд».18Боз бисьёр чизҳои дигарро ба мардум башорат дода, онҳоро насиҳат мекард.19Ва тетрарх Ҳиродус барои Ҳиродия, зани бародараш, ва барои ҳамаи бадиҳое ки карда буд, ба мазаммати ӯ дучор шуда,20Инро низ бар ҳамаи онҳо илова намуд, ки Яҳьёро дар зиндон андохт.21Ҳангоме ки тамоми мардум таъмид меёфтанд, ва Исо низ таъмид ёфта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд,22Ва Рӯҳулкудс дар шакли ҷисмонӣ, чун кабӯтаре, бар Ӯнозил шуд, ва овозе аз осмон омад, ки мегуфт: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастй; ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст!»23Ва Исо, вақте ки ба хизмати Худ шурӯъ намуд,тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ,24Ибни Маттот, ибни Левӣ, ибни Малкӣ, ибни Яннай, ибни Юсуф,25Ибни Матитьё, ибни Омӯс, ибни Наҳум, ибни Ҳеслӣ, ибни Наҷҷой,26Ибни Маҳат, ибни Матитьё, ибни Шимъӣ, ибни Юсуф, ибнл Йӯдо,27Ибни Йӯҳонон, ибни Ресо, ибни Зарубобил, ибни Шаалтиил, ибни Нерй,28Ибни Малкӣ, ибни Аддӣ, ибни Қӯсом, ибни Элмадом, ибни Эр,29Ибни Йӯсе, ибни Элиэзер, ибни Йӯрим, ибни Маттот, ибни Левй,30Ибни Шимъӯн, ибни Яҳудо, ибни Юсуф, ибни Йӯном, ибни Эльёқим,31Ибни Мальё, ибни Мино, ибни Матато, ибни Нотон, ибни Довуд,32Ибни Йисой, ибни Ӯбид, ибни Бӯаз, ибни Салмӯн, ибни Наҳшӯн,33Ибни Аминодоб, ибни Ром,ибниҲесрӯн, ибни Форас, ибни Яҳудо,34Ибни Яъкуб, ибни Исҳоқ, ибни Иброҳим, ибни Тораҳ, ибни Ноҳӯр,35Ибни Саруҷ, ибни Рау, ибни Фолаҷ, ибни Эбар, ибни Шолаҳ,36Ибни Қенон, ибни Арфакшад, ибни Сом, ибни Нӯҳ, ибни Ломак,37Ибни Матушолаҳ, ибни Ҳанӯх, ибни Ёрад, ибни Маҳалалъил, ибни Қенон,38Ибни Анӯш, ибни Шет, ибни Одам, ибни Худо буд.