1АЗ он ҷо баромада, ба зодгоҳи Худ омад, ва шогирдонаш аз ақиби Ӯ омаданд.2Чун рӯзи шанбе расид, дар куништ ба таълим додан оғоз намуд, ва бисьёр шунавандагон дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ ин чизҳо? Чӣ ҳикматест, ки ба Ӯ ато шудааст, ки чунин мӯъҷизот аз дасти Ӯ содир мегардад?3«Оё ин ҳамон наҷҷор нест, ки писари Марьям ва бародари Яъкуб, Йӯсе, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?» Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд.4Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, чуз дар зодгоҳи худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ».5Ва дар он ҷо ҳеҷ мӯъҷиза нишон дода натавонист, ҷуз он ки дастҳояшро бар чанд беморе ниҳода, онҳоро шифо дод.6Ва аз беимонии онҳо дар ҳайрат афтод. Дар деҳоти он музофот гашта, таълим медод.7Пас он дувоздаҳро назди Ҳуд хонда, ба чуфтҷуфт фиристодани онҳо оғоз намуд ва ба онҳо бар арвоҳи палид кудрат дод.8Ва фармуд, ки барои роҳ ҳеҷ чизе бо худ, ҷуз асое, нагиранд: на турбае, на ноне, на пуле дар камарбанд,9Балки чоруқе дар по кашанд ва ду пероҳан дар бар накунанд.10Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар ҷо, ки ба хонае даромадед,то вақти сафар кардан дар он ҷо бимонед.11«Ва ҳар ҷо, ки шуморо қабул накунанд ва ба сухани шумо гӯш надиҳанд, аз он ҷо берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад. Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳолати Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд».12Онҳо равона шуда, ба мавъиза кардан оғоз намуданд, ки бояд тавба кард;13Бисьёр девҳоро берун карданд ва бисьёр беморонро равған молида шифо доданд.14Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, - зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, - гуфт, ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд.15Баъзе мегуфтанд, ки ин Ильёс аст. Аммо баъзе мегуфтанд, ки ин пайғамбар аст ё чун яке аз пайғамбарон.16Лекин Ҳиродус, чун шунид, гуфт. «Ин ҳамон Яҳьёст, ки ман сарашро аз тан чудо кардам; вай аз мурдагон эҳьё шудааст».17Зеро Ҳиродус одам фиристода, Яҳьёро дастгир карда ба зиндон андохта буд, ба хотири Ҳиродия зани Филигатус бародараш, ки вайро ба никоҳи худ дароварда буд.18Зеро Яҳьё' ба Ҳиродус гуфта буд: «3ани бародари худро ба никоҳ даровардани ту раво нест».19Пас Ҳиродия ба Яҳьё кина баста буд ва мехост ӯро ба қатл расонад, лекин наметавонист.20Зеро ки Ҳиродус аз Яҳьё метарсид, вайро марди одилу муқаддас медонист ва рӯихотир мекард; ба гапаш гӯш дода, бисьёр музтариб мешуд ва суханонашро ба хушй мешунид.21Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рӯзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост, -22Ва духтари Ҳиродия ба базм даромада рақсид, Ҳиродус ва ононеро, ки ҳамроҳаш нишаста буданд, шод намуд. Подшоҳ ба духтар гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳӣ, аз ман талаб кун, онро ба ту бидиҳам».23Ва қасам ёд кард, ки «ҳар чӣ аз ман талаб кунӣ, ҳатто нисфи қаламрави ман бошад ҳам, ба ту медиҳам».24Духтар берун рафта, аз модари худ пурсид, ки «чй талаб кунам?» Модараш чавоб дод: «Каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро».25Вай дарҳол назди подшоҳ шитофт ва гуфт: «Мехоҳам каллаи Яҳьёи Таъмиддиҳандаро ҳамин дам дар табақе ба ман ҳадия кунй».26Подшоҳ басе ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, хоҳиши вайро рад кардан нахост.27Дарҳол подшоҳ ҷаллодеро фиристода, фармуд, ки каллаи вайро биёрад;28Ҷаллод рафта, дар зиндон каллаи вайро аз тан ҷудо кард ва бар табақе ниҳода овард ва ба духтар дод, ва духтар онро ба модари худ дод.29Чун шогирдонаш шуниданд, омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд.30Ҳаввориён назди Исо ҷамъ омада, ҳар он чиро, ки ба ҷо оварда ва таълим дода буданд, ба Ӯ нақл карданд.31Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед». Зеро омаду рафт чунон бисьёр буд, ки фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд.32Пас ба танҳоӣ бо қаиқ ба ҷои хилват равона шуданд.33Чун мардум онҳоро равона диданд, бисьёре онҳоро шинохтанд; аз ҳамаи шаҳрҳо гшёда ба он сӯ шитофтанд ва аз онҳо пеш гузашта, назди Ӯ ҷамъ шуданд.34Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид ва ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандоне буданд, ки чӯпон надоштанд; ва онҳоро бисьёр таълим додан гирифт.35Азбаски вақт хеле гузашта буд, шогирдонаш назди Ӯ омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷои хилват аст, вақт ҳам дер шуд;36«Инҳоро ҷавоб деҳ, то ки ба қасабаю деҳоти ин музофот рафта, барои худ ноне бихаранд; зеро ки хеҷ хӯроке надоранд».37Ӯ дар ҷавобашон гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо рафта, ба дусад динор нон бихарем ва барои хӯрдани онҳо диҳем?»38Аз онҳо пурсид: «Чандто нон доред? Рафта бинед». Онхо дарьёфта, гуфтанд: «Панҷ нон ва ду моҳӣ».39Он гоҳ фармуд, ки ҳамаро дастадаста бар сабза шинонанд.40Пас қаторқатор, саднафара ва панҷоҳнафара нишастанд.41Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифт ва ба осмон нигариста, баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши ҷамоат гузоранд; ду моҳиро низ ба ҳамаи онҳо тақсим кард.42Ҳама хӯрданду сер шуданд;43Ва аз пораҳои нон ва моҳи дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;44Хӯрандагони нон тақрибан панҷ ҳазор мард буданд.45Дарҳол Ӯ шогирдонашро фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пеш аз Ӯ ба он соҳил сӯи Байт-Сайдо равона шаванд, то Ӯ мардумро ҷавоб диҳад.46Ва чун онҳоро ҷавоб дод, барои дуо гуфтан бар фарози кӯҳе баромад.47Шомгоҳон қаиқ ба миёнаи баҳр расида буд, ва Ӯ танҳо бар хушкӣ буд.48Ва онҳоро дар рондани қаиқ бемаҷол дид, зеро ки боди мухолиф мевазид; наэдики поси чоруми шаб бар баҳр қадам зада назди онҳо омад, ва мехост аз онҳо бигзарад.49Онҳо чун Ӯро диданд, ки бар баҳр кадам мезанад, гумон карданд, ки ин шабаҳ аст, ва фарьёд заданд.50Зеро ки ҳама Ӯро дида, ҳаросон шуданд. Дарҳол Ӯ ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Ором бошед; ин Манам, ҳаросон нашавед».51Ва назди онҳо ба қаиқ даромад; бод низ сокит шуд. Ва онҳо бениҳоят дар ҳайрат афтоданд ва тааҷҷуб карданд.52Зеро ки мӯъҷизаи нонро дарк накарда буданд, чунки дилашон сахт буд.53Ва аз баҳр гузашта, ба сарзамини Чинесор омаданд ва лангар андохтанд.54Чун аз қаиқ баромаданд, дарҳол мардум Ӯро шинохтанд.55Ва сар то сари он музофот шитофтанд ва беморонро бар тахтаҳо ниҳода, ба ҳар ҷо, ки мешуниданд Ӯ он ҷост, меоварданд.56Ва ба ҳар чо, ки Ӯ ба қасабаҳо ё шаҳрҳо ё деҳкадаҳо меомад, беморонро дар сари гузар мегузоштанд ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат домани ҷомаи Ӯро ламс кунанд; ва ҳар кӣ ламс кард, шифо ёфт.