Tajik

Matthew

3

1ДАР он айём Яҳьёи Таъмиддиҳанда зоҳир шуда, дар биебони Яҳудо мавъиза мекард,2Ва мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст».3Зеро ӯ ҳамон аст, ки Ишаъёи набӣ аз ӯ хабар дода, гуфтааст: "Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро таиёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед".4Ва ин Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт; ва хӯроки ӯ малах ва асали ёбоӣ буд.5Он вакт аҳли Ерусалим ва тамоми Яҳудо ва музофоти Ӯрдун назди ӯ берун меомаданд,6Ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Ӯрдун таъмид меёфтанд.7Чун бисьёре аз фарисиён ва саддуқиёнро дид, ки назди ӯ барои таъмид меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъизодагон! Кй ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед?8«Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад,9«Ва дар дили худ нагӯед, ки "падари мо Иброҳим аст"; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;10«Ва алҳол теша бар решаи дарахтонгузошташудааст: ҳар дараҳте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва дар оташ андоҳта хоҳад шуд;11«Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, лекин Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулкудс ва оташ таъмид ҳоҳад дрд;12«Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи ҳомӯпшашаванда ҳоҳад сӯзонд».13Он гоҳ Исо аз "Ҷалил ба Ӯрдун назди Яҳьё омад, то ки аз вай таъмид ёбад.14Леюда Яҳьё Ӯро боздошта, гуфт: «Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид ёбам, ва Ту назди ман меоӣ?»15Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Алҳол бигзор; зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем». Пас Яҳьё Ӯро вогузошт.16Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуда, бар Ӯ қарор мегирад.17Ва икак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст»."