Tajik

Matthew

7

1«ҲӮКМ накунед, то ки ҳукм карда нашавед;2«Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд.3«Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?4«Ё чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: "Иҷозат деҳ, ки ҳасро аз чашми ту дур кунам"; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст?5«Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.6«Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон наандозед, то ки онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд.7«Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, ҳоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд;8«Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.9«Ва кадом одамест аз шумо, ки писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад?10«Ё моҳие аз ӯ биталабад, ва море ба вай бидиҳад?11«Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек ҳоҳад дод.12«Пас, ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё.13«Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисьёранд;14«Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.15«Аз анбиёи козиб ҳазар кунед, ки ба либоси меш назди шумо меоянд, лекин дар ботин гургони даррандаанд:16Юнҳоро аз меваҳошон хоҳед шиноҳт. Оё аз буттаи олуча ангур ва аз мушхор анҷир мечинанд?17«Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад;18«Наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад - меваи нек.19«Ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад.20«Пас, онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт.21«На ҳар касе ки ба Ман: "Худовандо! Худовандо!" мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад.22«Бисьёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: "Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исми Ту мӯъҷизоТи зиёде нишон надодем?"23«Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: "Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!"24«Пас, ҳар кӣ ин суҳанони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард;25«Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чзшки бар санг бино шуда буд.26«Ва ҳар кӣ ин суханони Маро бшинавад ва онҳоро ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки ҳонаи худро бар рег бино кард;27«Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд».28Вақте ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд,29Зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон ва фарисиен.