1ПАС, агар тасаллое дар Масеҳ бошад, агар хушнӯдии муҳаббат бошад, агар алокаи рӯҳ бошад, агар марҳамат ва дилсӯзи бошад, -2Пас шодии маро пурра кунед, ба тавре ки дорои як фикр бошед, дорои як муҳаббат буда, якдил ва ҳамфикр бошед,3Аз руи рақобат ё шӯҳратпарастй ҳеҷ коре накунед, балки бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло донед,4Ва ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд.5Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд,6Ки Ӯ, бо вучуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт.7Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд,8Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.9Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номедод, ки аэ ҳар ном болотар аст,10То ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, ҳам шавад,11Ва ҳар забон зътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар.12Пас, эй маҳбубонам, модоме ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рӯ - на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол, дар вақти набудани ман, - бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред,13Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.14Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред,15То ки бенуқсон ва пок, фарзандони беайби Худо бошед, дар миёни насли саркаш ва фосид, ки дар он шумо мисли найирҳо дар ҷаҳон медурахшед,16Ва каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ки ман дар рӯзи Масеҳ фахр намоям, ки ман бар абас надавидаам ва бар абас меҳнат накардаам.17Лекин, агар ман қурбонии рехтание бар қурбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;18Шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед.19Ва дар Масеҳи Худованд умедворам, ки Тимотиюсро ба зудй назди шумо фиристонам, то ки ман низ аз аҳволатон хабар ёфта, рӯҳбаланд шавам.20Зеро каси дигаре мисли ӯ надорам, ки дар бораи шумо аз самими қалб ғамхорӣ мекарда бошад;21Чунки ҳама нафъи худро толибанд, на он чиро, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ дорад.22Вале шумо бовафоии ӯро медонед, чунки ӯ ба ман, мисли писар ба падар, дар башорат хизмат кардааст.23Пас, умедворам, ки ӯро дарҳол равона кунам, чун бубинам, ки аҳволи ман чи мешавад;24Вале дар Худованд боварӣ дорам, ки худам низ ба зудӣ биёям.25Аммо лозим донистам, ки Эпафрӯдитусро назди шумо баргардонам. Ӯ бародар ва ҳамкор ва ҳамсафи ман аст, ва шумо ӯро чун элчӣ ва хизматгузор дар мӯҳтоҷии ман фиристода будед.26Чунки ӯ иштиёқманди дидори ҳамаи шумо буд ва бисьёр андӯҳгин шуд аз он ки овозаи бемории ӯ ба гӯши шумо расидааст.27Ҳақиқатан бемории ӯ марговар буд; лекин Худо ба ӯ марҳамат кард, ва на фақат ба ӯ, балки ба ман низ, то ки бар ғуссаи ман ғуссае зам нашавад.28Бинобар ин ба фиристодани ӯ шитоб намудам, то ки шумо Ӯро аз нав дида, хурсанд шавед, ва ғуссаи ман низ сабук гардад.29Пас ӯро дар Худованд бо камоли хурсандӣ пазироӣ намоед, ва чунин одамонро қадрдонӣ кунед,30Зеро ки ӯ барои кори Масеҳ ба мурдан наздик буд ва ҷонашро дар зери хатар монд, то ки камии хизмати шуморо барои ман пур кунад.