1ВА ҳангоме ки Ӯ мӯҳри ҳафтумро бардошт, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ барқарор шуд.2Ва ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шудааст.3Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бксьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад.4Ва дуди буҳур бо дуоҳои муқаддасон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо сууд намуд.5Ва фаришта маҷмарро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, вабар замин партофт; ва садоҳо, ва раъдҳо ва барқҳо, ва заминҷубй ба вуқӯъ омад.6Ва он ҳафт фариштае ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан тайёр шуданд.7Фариштаи якум карнай кавоҳт, ва жола ва оташ омехта бо хун ба вуҷуд омад, ва ба замин борид; ва сеяки дарахтон сӯхт, ва тамоми алафи сабз сӯхт.8Фариштаи дуюм карнай навохт, ва чизе монанди кӯҳи азими оташ дар баҳр сарнагун шуд; ва сеяки баҳр ба хун мубаддал гашт,9Ва сеяки махлуқоти ҷондори баҳр мурданд, ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.10Фариштаи сеюм карнай навохт, ва аз осмон ситораи бузурге афтод, ки монанди машъал фурӯзон буд, ва он бар сеяки дарьёҳо ва бар чашмаҳои обҳо афтод.11Ва номи ин ситора Явшон буд; ва сеяки обҳо ба явшон мубаддал гашт, ва бисьёре аз одамон аз обҳо мурданд, чунки обҳо талх шуда буд.12Фариштаи чорум карнай навохт, ва сеяки офтоб ва сеяки моҳтоб ва сеяки ситораҳо зарар дид, ба тавре ки сеяки онҳо торик шуд, ва сеяки рӯз, - ва ҳамчунин шаб, - равшан набуд.13Ва як фариштаро дидам ва шунидам, ки дар миёнаи осмон парвоз карда, бо овози баланд мегӯяд: «Вой, вой, вой бар ҳоли сокинони замин аз садоҳои дигари карнайҳои се фаришта, ки хоҳанд навоҳт!»