Tajik

Titus

3

1БА онҳо хотиррасон бикун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар амали нек тайер бошанд,2Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда, ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор намоянд.3Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем.4Аммо вакте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд, -5Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулкудс аст.6Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт,7То ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем.8Дуруст аст ин сухан, ва ман мехоҳам, ки ту дар он қоим бошӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, саъю кӯшиш намоянд, ки дар аъмоли нек муваффақият ёбанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст.9Валекин аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва насабномаҳо ва мунозира ва ҷанҷолҳои оид ба шариат рӯй гардон, зеро ки онҳо бефоида ва ҳеҷу пуч мебошанд.10Аз шахси бидъаткор, баъд аз он ки якду бор насиҳат додаӣ, канорагирӣ намо,11Чун медонй, ки чунин шахс гумроҳ шудааст ва гуноҳ карда, худро маҳкум менамояд.12Вакте ки Артемос ё Тӯхикӯсро назди ту равона кунам, саъю кӯшиш намо, ки ба Никӯпӯлис назди ман биеи, зеро ки қарор додаам зимистонро дар он ҷо гузаронам.13Зеноси қонундон ва Апӯллӯсро бо ғамхорӣ ба сафар тайёр намо, то ки аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошақц.14Бигзор одамони мо низ таълим гиранд, ки машғули аъмоли нек бошанд, то ки эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд.15Ҳамаи онҳое ки бо мананд, ба ту салом мерасонанд. Ба онҳое ки моро дар имон дӯст медоранд, салом расон. Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.