1فلما قدم فستوس الى الولاية صعد بعد ثلاثة ايام من قيصرية الى اورشليم.
1ЧӮН Фестус ба вилоят омад, баъд аз се рӯз аз Қайсария ба Ерусалим рафт.
2فعرض له رئيس الكهنة ووجوه اليهود ضد بولس والتمسوا منه
2Саркоҳин ва бузургони яҳудиён даъвои худро нисбат ба Павлус ба вай фаҳмонданд ва гапи худро маъқул карданд.
3طالبين عليه منّة ان يستحضره الى اورشليم وهم صانعون كمينا ليقتلوه في الطريق.
3Ва илтимос карданд, ки ба онҳо илтифот намуда, ӯро ба Ерусалим биёрад; онҳо қасд доштанд, ки ӯро дар роҳ ба қатл расонанд.
4فاجاب فستوس ان يحرس بولس في قيصرية وانه هو مزمع ان ينطلق عاجلا.
4Аммо Фестус ба ҷавоб гуфт, ки «Павлус дар Қайсария маҳбус аст, ва худи ман ба қарибӣ ба он ҷо бармегардам».
5وقال فلينزل معي الذين هم بينكم مقتدرون. وان كان في هذا الرجل شيء فليشتكوا عليه
5«Бинобар ин», гуфт вай, «онҳоеки аз шумо метавонанд, ҳамроҳи ман биёянд, ва агар ин шахс айбе дошта бошад, бар ӯ даъво кунанд».
6وبعد ما صرف عندهم اكثر من عشرة ايام انحدر الى قيصرية. وفي الغد جلس على كرسي الولاية وامر ان يؤتى ببولس.
6Дар миёни онҳо аз ҳашт ё даҳ рӯз зиёд намонда, ба Қайсария баргашт, ва рӯзи дигар бар курсии доварӣ нишаста, амр фармуд, ки Павлусро биёранд.
7فلما حضر وقف حوله اليهود الذين كانوا قد انحدروا من اورشليم وقدموا على بولس دعاوي كثيرة وثقيلة لم يقدروا ان يبرهنوها.
7Вақте ки ӯ ҳозир шуд, яҳудиёне ки аз Ерусалим омада буданд, даври ӯро гирифта, бисьёр айбҳои гаронро ба гардани ӯ бор карданд, ки онҳоро исбот карда наметавонистанд.
8اذ كان هو يحتج اني ما اخطأت بشيء لا الى ناموس اليهود ولا الى الهيكل ولا الى قيصر.
8Вале ӯ худро муҳофизат намуда, гуфт: «Ман на бар зидди шариати яҳудиён, на бар зидди маъбад ва на бар зидди қайсар ҳеҷ ҷинояте накардаам».
9ولكن فستوس اذ كان يريد ان يودع اليهود منّة اجاب بولس قائلا أتشاء ان تصعد الى اورشليم لتحاكم هناك لديّ من جهة هذه الامور.
9Фестус, ки мехост дили яҳудиёнро ёбад, дар ҷавоби Павлус гуфт: «Оё мехоҳӣ ба Ерусалим биравӣ, то ки ман туро дар он ҷо дар ин бобат доварй намоям?»
10فقال بولس انا واقف لدى كرسي ولاية قيصر حيث ينبغي ان أحاكم. انا لم اظلم اليهود بشيء كما تعلم انت ايضا جيدا.
10Павлус гуфт: «Ман дар маҳкамаи қайсар истодаам, ва муҳокимаи ман бояд дар ҳамин ҷо ба амал ояд; ман ба яҳудиён ҳеҷ бадй накардаам, чунон ки худат ҳам инро ба хубӣ медонӣ;
11لاني ان كنت آثما او صنعت شيئا يستحق الموت فلست استعفي من الموت. ولكن ان لم يكن شيء مما يشتكي عليّ به هؤلاء فليس احد يستطيع ان يسلمني لهم. الى قيصر انا رافع دعواي.
11«Агар бадие ё ягон кори сазовори марг карда бошам, аз мурдан ибое надорам; лекин агар аз он айбҳое ки инҳо ба гардани ман мемонанд, дар ман ҳеҷ чизе набошад, касе ҳақ надорад маро ба дасти онҳо бисупорад; ман доварии қайсарро талаб мекунам».
12حينئذ تكلم فستوس مع ارباب المشورة فاجاب الى قيصر رفعت دعواك. الى قيصر تذهب
12Фестус бо мушовиронаш маслиҳат карда, дар ҷавоби ӯ гуфт: «Модоме ки доварии қайсарро талаб мекунӣ, назди қайсар хоҳӣ рафт».
13وبعدما مضت ايام اقبل اغريباس الملك وبرنيكي الى قيصرية ليسلما على فستوس.
13Баъд аз чанд рӯз подшоҳ Ағрипос ва Бернико ба Қаисария омаданд, то ки Фестусро муборакбод кунанд.
14ولما كانا يصرفان هناك اياما كثيرة عرض فستوس على الملك امر بولس قائلا يوجد رجل تركه فيلكس اسيرا
14Чун рӯзҳои зиёде дар он ҷо истоданд, Фестус ба подшоҳ кори Павлусро ҳикоят карда, гуфт: «Шахсе ҳаст, ки Феликс ӯро дар зиндон нигоҳ доштааст,
15وعرض لي عنه رؤساء الكهنة ومشايخ اليهود لما كنت في اورشليم طالبين حكما عليه.
15«Ва ҳангоме ки дар Ерусалим будам, саркоҳинон ва пирони яҳудӣ дар бораи ӯ ба ман гап заданд ва маҳкумияги ӯро талаб карданд.
16فاجبتهم ان ليس للرومانيين عادة ان يسلموا احدا للموت قبل ان يكون المشكو عليه مواجهة مع المشتكين فيحصل على فرصة للاحتجاج عن الشكوى.
16«Дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки расму таомули румиён ин нест, ки касеро ба марг таслим кунанд, бе он ки аввал айбдорро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ карда, ба вай имконият диҳанд, ки худро аз айбҳо сафед кунад.
17فلما اجتمعوا الى هنا جلست من دون امهال في الغد على كرسي الولاية وامرت ان يؤتى بالرجل.
17«Бинобар ин, вақте ки онҳо ба ин ҷо омаданд, ман бе таъхир, фардои он, бар курсии доварӣ нишастам ва амр фармудам, ки он шахсро биёранд.
18فلما وقف المشتكون حوله لم يأتوا بعلّة واحدة مما كنت اظن.
18«Аммо даъвогарон бархоста, аз он чи ман гумон цоштам, ҳеҷ як айберо ба гардани ӯ монда натавонистанд,
19لكن كان لهم عليه مسائل من جهة ديانتهم وعن واحد اسمه يسوع قد مات وكان بولس يقول انه حيّ.
19«Балки бо ӯ фақат дар бораи парастиши Худои худ ва дар бораи Исо ном шахсе ки мурдааст, вале Павлус мегуфт, ки Ӯ зинда аст, ихтилофи ақида доштанд.
20واذ كنت مرتابا في المسئلة عن هذا قلت ألعله يشاء ان يذهب الى اورشليم ويحاكم هناك من جهة هذه الامور.
20«Чун дар ҳалли ин масъала душворӣ кашидам, ман гуфтам: "Ое ӯ мехоҳац ба Ерусалим биравад, то ки муҳокимаи ӯ дар он ҷо ба амал ояд?"
21ولكن لما رفع بولس دعواه لكي يحفظ لفحص اوغسطس امرت بحفظه الى ان ارسله الى قيصر.
21«Аммо Павлус талаб кард, ки ӯро барои доварии Авғустус маҳфуз дорам, бинобар ин ман амр фармудам, ки то вакте ки ӯро назди қайсар бифиристам, ӯ дар ҳабс нигоҳ дошта шавад».
22فقال اغريباس لفستوس كنت اريد انا ايضا ان اسمع الرجل. فقال غدا تسمعه
22Ағрипос ба Фестус гуфт: «Ман ҳам мехостам суханони ин шахсро бишнавам». Дар ҷавоб гуфт: «Фардо хоҳӣ шунид».
23ففي الغد لما جاء اغريباس وبرنيكي في احتفال عظيم ودخلا الى دار الاستماع مع الامراء ورجال المدينة المقدمين امر فستوس فأتي ببولس.
23Рӯзи дигар, вақте ки Ағрипос ва Бернико бо ҳашамати бузурге омада, бо мириҳазорон ва бузургони шаҳр ба маҳкама дохил шуданд, бо фармони Фестус Павлусро оварданд.
24فقال فستوس ايها الملك اغريباس والرجال الحاضرون معنا اجمعون انتم تنظرون هذا الذي توسل اليّ من جهته كل جمهور اليهود في اورشليم وهنا صارخين انه لا ينبغي ان يعيش بعد.
24Фестус гуфт: «Эй поцшоҳ Ағрипос ва эй ҳамаи мардумоне ки дар ин ҷо ҳузур доред! Инак, шумо ҳамон шахсро мебинед, ки тамоми ҷамоати яхудиён, чи дар Ерусалим ва чи дар ин ҷо, ба ман аз ӯ шикоят қардаанд ва фарьёд зада гуфтаанд, ки ӯ набояд дигар зинда бимонад;
25واما انا فلما وجدت انه لم يفعل شيئا يستحق الموت وهو قد رفع دعواه الى اوغسطس عزمت ان ارسله.
25«Лекин ман, чун дидам, ки ӯ ҳеҷ кори сазовори марг накардааст ва ҳудаш низ доварии Авғустусро талаб намуд, ба ин сабаб қарор додам, ки ӯро ба он ҷо бифиристам;
26وليس لي شيء يقين من جهته لاكتب الى السيد. لذلك أتيت به لديكم ولا سيما لديك ايها الملك اغريباس حتى اذا صار الفحص يكون لي شيء لاكتب.
26«Азбаски ҳеҷ чизи дурусте надорам, ки дар ҳаққи ӯ ба олиҳазрат бинависам, бинобар ин ӯро назди шумо ва алалхусус назди ту, подшоҳ Ағрипос, овардам, то ки дар натиҷаи таҳкиқ чизе барои навиштанам пайдо кунам;
27لاني ارى حماقة ان ارسل اسيرا ولا اشير الى الدعاوي التي عليه
27«Зеро ба назарам хилофи ақл менамояд, ки бандиеро фирисТонаму айбҳои ба гарданаш мондашударо нишон надиҳам».