1فقال اغريباس لبولس مأذون لك ان تتكلم لاجل نفسك. حينئذ بسط بولس يده وجعل يحتج.
1АҒРИПОС ба Павлус гуфт: «Ба ту иҷозат дода мешавад, ки барои ҳимояти ҳуд сухан гуӣ». Он гоҳ Павлус дасти худро дароз карда, барои муҳофизати худ гуфт:
2اني احسب نفسي سعيدا ايها الملك اغريباس اذ انا مزمع ان احتج اليوم لديك عن كل ما يحاكمني به اليهود.
2«Эй подшоҳ Ағрипос! Бароиҳуд камоли хушбахтӣ медонам, ки имрӯз имконият дорам дар ҳузури ту худро аз ҳамаи айбҳое ки яҳудиён ба гардани ман бастаанд, муҳофизат намоям,
3لا سيما وانت عالم بجميع العوائد والمسائل التي بين اليهود لذلك التمس منك ان تسمعني بطول الاناة.
3«Хусусан ки ту аз ҳамаи расму таомулҳо ва иҳтилофоти байни яҳудиён ба хубӣ воқиф ҳастӣ. Бииобар ин аз ту хоҳишмандам, ки ҳиммат намуда, суҳанони маро бишнавй.
4فسيرتي منذ حداثتي التي من البداءة كانت بين امتي في اورشليم يعرفها جميع اليهود
4«Зиндагии маро, ки аз аввали ҷавониам онро дар миёни қавми ҳудам ва дар Ерусалим гузарондаам, ҳамаи яҳудиён медонанд;
5عالمين بي من الاول ان ارادوا ان يشهدوا اني حسب مذهب عبادتنا الاضيق عشت فريسيا.
5«Онҳо аз рӯзҳои аввал маро мешиносанд ва, агар бихоҳанд, метавонанд гувоҳӣ диҳанд, ки ман мувофиқи порсотарин тариқати мазҳаби мо фарисӣ шуда рафтор мекардам.
6والآن انا واقف أحاكم على رجاء الوعد الذي صار من الله لآبائنا
6«Ва ҳоло барои умед бастанам ба он ваъдае, ки Худо ба падарони мо додааст, ман муҳокима карда мешавам,
7الذي اسباطنا الاثنا عشر يرجون نواله عابدين بالجهد ليلا ونهارا. فمن اجل هذا الرجاء انا أحاكم من اليهود ايها الملك اغريباس.
7«Дар сурате ки дувоздаҳ сибти мо шабу рӯз бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекунанц ба умеди он ки иҷрои ҳамон ваъдаро бубинанд: аз барои ҳамин умед, эй подшоҳ Ағрипос, яҳудиён маро айбдор мекунанд.
8لماذا يعد عندكم امرا لا يصدق ان اقام الله امواتا.
8«Чаро ба назари шумо аз ақл берун менамояд, ки Худо мурдагонро эҳьё мекунад?
9فانا ارتأيت في نفسي انه ينبغي ان اصنع امورا كثيرة مضادة لاسم يسوع الناصري.
9«Оре, ман ҳам пештар барои ҳуд воҷиб медонистам, ки бар зидди исми Исои Носирӣ ҳар чи зиедтар амал кунам,
10وفعلت ذلك ايضا في اورشليم فحبست في سجون كثيرين من القديسين آخذا السلطان من قبل رؤساء الكهنة. ولما كانوا يقتلون ألقيت قرعة بذلك.
10«Чӣ тавре ки дар Ерусалим мекардам: аз саркоҳинон изн гирифта, бисьёр муқаддасонро дар зиндон меандоҳтам, ва ҳангоме ки онҳоро мекуштанд, бар зиддашон фатво медодам;
11وفي كل المجامع كنت اعاقبهم مرارا كثيرة واضطرهم الى التجديف. واذ افرط حنقي عليهم كنت اطردهم الى المدن التي في الخارج
11«Дар ҳамаи куништҳо ҳар дам онҳоро азоб медодам ва маҷбур мекардам, ки куфр бигӯянд, ва азбаски хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзӯр буд, ҳатто дар шаҳрҳои бегона онҳоро таъқиб менамудам.
12ولما كنت ذاهبا في ذلك الى دمشق بسلطان ووصية من رؤساء الكهنة
12«Боре барои чунин амалиёт бо изн ва супориши саркоҳинон ба Димишқ мерафтам;
13رأيت في نصف النهار في الطريق ايها الملك نورا من السماء افضل من لمعان الشمس قد ابرق حولي وحول الذاهبين معي.
13«Ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва давродаври ман ва ҳамроҳонам дураҳшид.
14فلما سقطنا جميعنا على الارض سمعت صوتا يكلمني ويقول باللغة العبرانية شاول شاول لماذا تضطهدني. صعب عليك ان ترفس مناخس.
14«Ҳамаамон бар замин афтодем, ва ман овозе шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман мегуфт: "Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ? Лагад заданат ба сиҳак душвор аст".
15فقلت انا من انت يا سيد فقال انا يسوع الذي انت تضطهده.
15«Ман гуфтам: "Худовандо, Ту кистй?" Гуфт: "Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ;
16ولكن قم وقف على رجليك لاني لهذا ظهرت لك لانتخبك خادما وشاهدا بما رأيت وبما ساظهر لك به
16"Аммо бархез ва бар пои худ биист; зеро барои он ба ту зоҳир шудаам, ки туро ҳодим ва шоҳид таъин намоям бар он чи дидаӣ ва бар он чи ба ту ошкор ҳоҳам кард;
17منقذا اياك من الشعب ومن الامم الذين انا الآن ارسلك اليهم
17"Ва туро раҳой ҳоҳам дод аз дасти ин қавм ва аз дасти ҳалқҳое ки холо туро назди онҳо мефиристам,
18لتفتح عيونهم كي يرجعوا من ظلمات الى نور ومن سلطان الشيطان الى الله حتى ينالوا بالايمان بي غفران الخطايا ونصيبا مع المقدسين
18"То ки чашмони онҳоро воз кунй, ва онҳо аз зулмот ба рӯшноӣ бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд".
19من ثم ايها الملك اغريباس لم اكن معاندا للرؤيا السماوية
19«Бинобар ин, эй подшоҳ Ағрипос, ба рӯъёи осмонӣ беимонй накардам,
20بل اخبرت اولا الذين في دمشق وفي اورشليم حتى جميع كورة اليهودية ثم الامم ان يتوبوا ويرجعوا الى الله عاملين اعمالا تليق بالتوبة.
20«Балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Ерусалим ва тамоми сарзамини Яҳудо ва низ ба ғайрияҳудиён мавъиза менамудам, ки тавба карда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.
21من اجل ذلك امسكني اليهود في الهيكل وشرعوا في قتلي.
21«Аз барои ҳамин маро яҳудиен дар маъбад дастгир карданд ва куштанй шуданд.
22فاذ حصلت على معونة من الله بقيت الى هذا اليوم شاهدا للصغير والكبير وانا لا اقول شيئا غير ما تكلم الانبياء وموسى انه عتيد ان يكون
22«Аммо Худо ба ман ёр шуд, ва ман то имрӯз зинда мондаам ва ба хурду калон шаҳодат медиҳам ва гапе намезанам ҷуз он чи анбиё ва Мусо гуфтаанд, ки бояд ба вуқӯъ ояд,
23ان يؤلم المسيح يكن هو اول قيامة الاموات مزمعا ان ينادي بنور للشعب وللامم
23«Яъне Масеҳ бояд азобу уқубат кашад ва аввалин касе бошад, ки аз мурдагон эҳьё шуда, ба ин қавм ва ба халқҳо аз тулӯи нур хабар расонад».
24وبينما هو يحتج بهذا قال فستوس بصوت عظيم انت تهذي يا بولس. الكتب الكثيرة تحولك الى الهذيان.
24Чун ӯ ба ин тарз худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт: «Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисьёр туро девона кардааст».
25فقال لست اهذي ايها العزيز فستوس بل انطق بكلمات الصدق والصحو.
25Гуфт: «Эй Фестуси мӯҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки суханони ҳақиқатро бо ақли солим баён менамоям:
26لانه من جهة هذه الامور عالم الملك الذي اكلمه جهارا اذ انا لست اصدق ان يخفى عليه شيء من ذلك. لان هذا لم يفعل في زاوية.
26«Зеро подшоҳе ки дар ҳузураш далерона сухан меронам, аз ин воқиф аст; ман яқин дорам, ки чизе дар ин бора аз ӯ лӯшида нест, зеро ки ин дар хилватгоҳе воқеъ нашудааст;
27أتؤمن ايها الملك اغريباس بالانبياء. انا اعلم انك تؤمن.
27«Эй подшоҳ Ағрипос, оё ба анбиё имон дорӣ? Медонам, ки имон дорӣ».
28فقال اغريباس لبولس بقليل تقنعني ان اصير مسيحيا.
28Ағрипос ба Павлус гуфт: «Кам мондааст маро тарғиб намоӣ, ки масеҳӣ шавам».
29فقال بولس كنت اصلّي الى الله انه بقليل وبكثير ليس انت فقط بل ايضا جميع الذين يسمعونني اليوم يصيرون هكذا كما انا ما خلا هذه القيود
29Павлус гуфт: «Аз Худо мехостам, ки ба андозаи кам ё зиёд на танҳо ту, балки ҳамаи онҳое ки сухани маро мешунаванд, мисли ман гарданд, чуз аз ин занҷирҳо».
30فلما قال هذا قام الملك والوالي وبرنيكي والجالسون معهم.
30Чун инро гуфт, подшоҳ ва ҳоким, Бернико ва дигар касоне ки бо онҳо нишаста буданд, бархостанд.
31وانصرفوا وهم يكلمون بعضهم بعضا قائلين ان هذا الانسان ليس يفعل شيئا يستحق الموت او القيود.
31Ва онсӯтар рафта, ба якдигар гуфтанд: «Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад».
32وقال اغريباس لفستوس كان يمكن ان يطلق هذا الانسان لو لم يكن قد رفع دعواه الى قيصر
32Ағрипос ба Фестус гуфт: «Агарин одамдоварии қайсарро талаб намекард, метавонист озод шавад».