الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Luke

13

1وكان حاضرا في ذلك الوقت قوم يخبرونه عن الجليليين الذين خلط بيلاطس دمهم بذبائحهم.
1ДАР ҳамин вақт баъзеҳо омада, ба Ӯ дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки хуни онҳоро Пилотус бо курбониҳои онҳо омехтааст.
2فاجاب يسوع وقال لهم أتظنون ان هؤلاء الجليليين كانوا خطاة اكثر من كل الجليليين لانهم كابدوا مثل هذا.
2Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё гумон мекунед, ки ин ҷалилиён аз ҳамаи ҷалилиён зиёдтар гуноҳкор будаанд, ки чунин азоб кашидаанд?
3كلا اقول لكم. بل ان لم تتوبوا فجميعكم كذلك تهلكون.
3«Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд.
4او اولئك الثمانية عشر الذين سقط عليهم البرج في سلوام وقتلهم أتظنون ان هؤلاء كانوا مذنبين اكثر من جميع الناس الساكنين في اورشليم.
4«Ва оё гумон мекунед, ки он ҳаждаҳ одам, ки бурҷи Шилӯаҳ ба болояшон афтода, онҳоро нобуд карда буд, аз ҳамаи сокинони Ерусалим зиёдтар айбдор буданд?
5كلا اقول لكم. بل ان لم تتوبوا فجميعكم كذلك تهلكون
5«Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд».
6وقال هذا المثل. كانت لواحد شجرة تين مغروسة في كرمه. فأتى يطلب فيها ثمرا ولم يجد.
6Ва чунин масале гуфт: «Шахсе дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд, ва омад, то ки мевае аз он пайдо кунад, вале чизе наёфт.
7فقال للكرام هوذا ثلاثة سنين آتي اطلب ثمرا في هذه التينة ولم اجد. اقطعها. لماذا تبطل الارض ايضا.
7«Ва ба токдор гуфт: "Инак, се сол боз ман меоям, то ки аз ин дарахти анҷир мевае пайдо кунам, вале чизе намеёбам; онро бибур: барои чӣ заминро беҳуда банд кунад?"
8فاجاب وقال له يا سيد اتركها هذه السنة ايضا حتى انقب حولها واضع زبلا.
8«Аммо вай дар ҷавоб гуфт: "Эй оғо! Имсол ҳам онро бимон, то ки гирдашро канда, нурй андозам:
9فان صنعت ثمرا وإلا ففيما بعد تقطعها
9«Шояд, бор оварад; ва агар наоварад, соли оянда онро мебурӣ"».
10وكان يعلّم في احد المجامع في السبت.
10Дар яке аз куништҳо Ӯ рӯзи шанбе таълим медод;
11واذا امرأة كان بها روح ضعف ثماني عشرة سنة وكانت منحنية ولم تقدر ان تنتصب البتة.
11Ва инак, зане ҳаждаҳ сол боз гирифтори рӯҳи заъф буд: вай қадхамида буд, ва қоматашро рост карда наметавонист.
12فلما رآها يسوع دعاها وقال لها يا امرأة انك محلولة من ضعفك.
12Исо чун вайро дид, вайро садо карда, гуфт: «Эй зан! Аз ранҷурии худ халос мешавй».
13ووضع عليها يديه ففي الحال استقامت ومجدت الله.
13Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд.
14فاجاب رئيس المجمع وهو مغتاظ لان يسوع ابرأ في السبت وقال للجمع هي ستة ايام ينبغي فيها العمل ففي هذه ائتوا واستشفوا وليس في يوم السبت.
14Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рӯзи шанбе фо дод, дарғазаб шуда, ба мардум гуфт: «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рӯзи шанбе».
15فاجابه الرب وقال يا مرائي ألا يحل كل واحد في السبت ثوره او حماره من المذود ويمضي به ويسقيه.
15Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Эй риёкор! Оё ҳар яке аз шумо гов ё хари худро дар рӯзи шанбе аз охур воз карда, барои об додан намебарад?
16وهذه وهي ابنة ابراهيم قد ربطها الشيطان ثماني عشرة سنة أما كان ينبغي ان تحل من هذا الرباط في يوم السبت.
16«Ва ин духтари Иброҳимро, ки шайтон ҳаждаҳ сол боз баста буд, оё дар рӯзи шанбе аз он бандҳояш халос кардан лозим набуд?»
17واذ قال هذا اخجل جميع الذين كانوا يعاندونه وفرح كل الجمع بجميع الاعمال المجيدة الكائنة منه
17Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, ҳамаи мухолифонаш дар хиҷолат монданд; ва тамоми мардум аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ шод буданд.
18فقال ماذا يشبه ملكوت الله وبماذا اشبهه.
18ВаӮгуфт: «Малакути Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам?
19يشبه حبة خردل اخذها انسان والقاها في بستانه فنمت وصارت شجرة كبيرة وتآوت طيور السماء في اغصانها
19«Он мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи ҳуд партофт: ва он нумӯ карда, дарахти калоне шуд, ва мурғони ҳаво дар шохаҳояш ошьёна сохтанд».
20وقال ايضا بماذا اشبه ملكوت الله.
20Боз гуфт: «Малакути Худоро ба чӣ монанд кунам?
21يشبه خميرة اخذتها امرأة وخبأتها في ثلاثة اكيال دقيق حتى اختمر الجميع
21«Он монанди хамиртурушест, ки эане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид».
22واجتاز في مدن وقرى يعلّم ويسافر نحو اورشليم.
22Ва Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, таълим медод, дар ҳолате ки роҳи Ерусалимро пеш гирифта буд.
23فقال له واحد يا سيد أقليل هم الذين يخلصون. فقال لهم
23Касе ба Ӯ савол дода, гуфт: «Худовандо! Наход ки шумораи наҷотьёбандагон кам аст?» Ба онҳо гуфт:
24اجتهدوا ان تدخلوا من الباب الضيق. فاني اقول لكم ان كثيرين سيطلبون ان يدخلوا ولا يقدرون.
24«Саъю кӯшиш кунед, ки аз дари танг дохил шавед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон ба дохил шудан ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард, лекин нахоҳанд тавонист,
25من بعدما يكون رب البيت قد قام واغلق الباب وابتدأتم تقفون خارجا وتقرعون الباب قائلين يا رب يا رب افتح لنا يجيب ويقول لكم لا اعرفكم من اين انتم.
25«Вақте ки Соҳиби хона бархоста, дарро бандад, шумо дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: "Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун". Вале Ӯ дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт: "Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед".
26حينئذ تبتدئون تقولون اكلنا قدامك وشربنا وعلّمت في شوارعنا.
26«Он гоҳ хоҳед гуфт: "Мо пеши Ту хӯрдем ва нӯшидем, ва дар кӯчаҳои мо Ту таълим медодй".
27فيقول اقول لكم لا اعرفكم من اين انتم. تباعدوا عني يا جميع فاعلي الظلم.
27«Лекин Ӯ хоҳад гуфт: "Ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон".
28هناك يكون البكاء وصرير الاسنان متى رأيتم ابراهيم واسحق ويعقوب وجميع الانبياء في ملكوت الله وانتم مطروحون خارجا.
28«Дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд, чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ва тамоми анбиёро дар Малакути Худо бубинед, вале худатон бадар ронда шуда бошед.
29يأتون من المشارق ومن المغارب ومن الشمال والجنوب ويتكئون في ملكوت الله.
29«Ва аз шарқ ва ғарб ва шимол ва ҷануб омада, дар Малакути Худо хоҳанд нишаст.
30وهوذا آخرون يكونون اولين واولون يكونون آخرين
30«Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин хоҳанд шуд».
31في ذلك اليوم تقدم بعض الفريسيين قائلين له اخرج واذهب من ههنا لان هيرودس يريد ان يقتلك.
31Дар ҳамон рӯз баъзе аз фарисиён омада, баӮгуфтанд: «Баро ва аз ин ҷо бирав, зеро ки Хиродус мехоҳад Туро ба қатл расонад».
32فقال لهم امضوا وقولوا لهذا الثعلب ها انا اخرج شياطين واشفي اليوم وغدا وفي اليوم الثالث اكمل.
32Ба онҳо гуфт: «Биравед ва ба он рӯбоҳ бигӯед: "Инак, имрӯз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рӯзи сеюм саранҷом хоҳам ёфт;
33بل ينبغي ان اسير اليوم وغدا وما يليه لانه لا يمكن ان يهلك نبي خارجا عن اورشليم.
33«Лекин Маро лозим аст, ки имрӯз, фардо ва пасфардо роҳ равам, зеро мумкин нест, ки набӣ берун аз Ерусалим бимирад".
34يا اورشليم يا اورشليم يا قاتلة الانبياء وراجمة المرسلين اليها كم مرة اردت ان اجمع اولادك كما تجمع الدجاجة فراخها تحت جناحيها ولم تريدوا.
34«Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
35هوذا بيتكم يترك لكم خرابا. والحق اقول لكم انكم لا ترونني حتى يأتي وقت تقولون فيه مبارك الآتي باسم الرب
35«Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Ба шумо мегӯям, ки Маро дигар нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: "Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!"»