الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Luke

14

1واذ جاء الى بيت احد رؤساء الفريسيين في السبت ليأكل خبزا كانوا يراقبونه.
1ЯК рӯзи шанбе Ӯ ба хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хӯрок хӯрдан омад, ва онҳо Ӯро мушоҳида мекарданд:
2واذا انسان مستسق كان قدامه.
2Ва инак, марде пеши Ӯ омад, ки гирифтори бемории истисқо буд.
3فاجاب يسوع وكلم الناموسيين والفريسيين قائلا هل يحل الابراء في السبت.
3Исо ба шариатдонон ва фарисиён рӯ оварда, гуфт: Юё дар рӯзи шанбе ншфо додан ҷоиз аст ё не?»
4فسكتوا. فامسكه وابرأه واطلقه.
4Онҳо хомӯш монданд. Ва Ӯ он мардро ламс намуда, шифо бахшид ва фиристод.
5ثم اجابهم وقال من منكم يسقط حماره او ثوره في بئر ولا ينشله حالا في يوم السبت.
5Ва ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки хараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рӯзи шанбе берун наоварад?»
6فلم يقدروا ان يجيبوه عن ذلك
6Ба ин гап эроде гирифта натавонистанд.
7وقال للمدعوين مثلا وهو يلاحظ كيف اختاروا المتكآت الاولى قائلا لهم
7Чун Ӯ пайхас намуд, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт:
8متى دعيت من احد الى عرس فلا تتكئ في المتكإ الاول لعل اكرم منك يكون قد دعي منه.
8«Вақте ки касе туро ба тӯи арӯсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин: мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту мӯҳтарамтаре бошад,
9فيأتي الذي دعاك واياه ويقول لك اعطي مكانا لهذا. فحينئذ تبتدئ بخجل تأخذ الموضع الاخير.
9«Ва он касе ки туро ва ӯро даъват намудааст, назди ту биёяду гӯяд: "Ҷои худро ба ӯ бидеҳ"; ва он гоҳ бо хиҷолат дар тюини хона ҷой гирифтанат лозим мешавад.
10بل متى دعيت فاذهب واتكئ في الموضع الاخير حتى اذا جاء الذي دعاك يقول لك يا صديق ارتفع الى فوق. حينئذ يكون لك مجد امام المتكئين معك.
10«Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона бинишин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту биёяду гуяд: "Эй дӯст! Болотар бинишин"; он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме хоҳад буд,
11لان كل من يرفع نفسه يتضع ومن يضع نفسه يرتفع
11«Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад».
12وقال ايضا للذي دعاه اذا صنعت غذاء او عشاء فلا تدع اصدقاءك ولا اخوتك ولا اقرباءك ولا الجيران الاغنياء لئلا يدعوك هم ايضا فتكون لك مكافاة.
12Ва ба он касе ки Ӯро даъват намуда буд, гуфт: «Вакте ки хӯроки пешинӣ ё хӯроки бегоҳй ташкил мекунӣ, дӯстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватдори худро даъват накун: мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва мукофоти ту дода шавад.
13بل اذا صنعت ضيافة فادع المساكين الجدع العرج العمي.
13«Балки, чун зиёфат медиҳй, мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро даъват намо,
14فيكون لك الطوبى اذ ليس لهم حتى يكافوك. لانك تكافى في قيامة الابرار
14«Ва ту хушбахт хоҳӣ буд, ки онҳо имконият надоранд мукофоте ба ту бидиҳанд; зеро ки дар рӯзи эҳьёи одилон мукофоте ба ту ато хоҳад шуд».
15فلما سمع ذلك واحد من المتكئين قال له طوبى لمن يأكل خبزا في ملكوت الله.
15Яке аз онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, ин сухаконро шунида, ба Ӯ гуфт: «Хушо касе ки дар Малакути Худо хӯрок хӯрад!»
16فقال له. انسان صنع عشاء عظيما ودعا كثيرين.
16Ва Ӯ ба вай гуфт: «Шахсезиёфати калоне ташкил карда, бисьёр касонро даънат намуд;
17وارسل عبده في ساعة العشاء ليقول للمدعوين تعالوا لان كل شيء قد أعد.
17«Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гӯяд: "Биёед, зеро ки ҳама чиз тайёр аст".
18فابتدأ الجميع برأي واحد يستعفون. قال له الاول اني اشتريت حقلا وانا مضطر ان اخرج وانظره. اسألك ان تعفيني.
18«Ва ҳама, гӯё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт: "Ман замин харидаам, ва рафта онро диданам лозим аст; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ".
19وقال آخر اني اشتريت خمسة ازواج بقر وانا ماض لامتحنها. اسألك ان تعفيني.
19«Дигаре гуфт: "Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро имтиҳон намоям; аз ту хоҳишмандам, ки маро маъзур дорӣ".
20وقال آخر اني تزوجت بامرأة فلذلك لا اقدر ان اجيء.
20«Сеюмин гуфт: "Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям".
21فأتى ذلك العبد واخبر سيده بذلك. حينئذ غضب رب البيت وقال لعبده اخرج عاجلا الى شوارع المدينة وازقتها وادخل الى هنا المساكين والجدع والعرج والعمي.
21«Ва он ғулом омада, инро ба оғои худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт: "Зуд ба кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр баро, ва мискинон, маъюбон, шалон ва кӯронро ба ин ҷо биёр".
22فقال العبد يا سيد قد صار كما امرت ويوجد ايضا مكان.
22«Ва ғулом гуфт: "Эй оғо! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст".
23فقال السيد للعبد اخرج الى الطرق والسياجات والزمهم بالدخول حتى يمتلئ بيتي.
23«Ва оғо ба ғулом гуфт: „Ба сари роҳҳо ва кӯчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан ризо кун, то ки хонаи ман пур шавад;
24لاني اقول لكم انه ليس واحد من اولئك الرجال المدعوين يذوق عشائي
24"Зеро ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хӯроки маро нахоҳад чашид: зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон - кам"».
25وكان جموع كثيرة سائرين معه فالتفت وقال لهم
25Бо Ӯ мардуми бисьёре равона буданд; ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт:
26ان كان احد يأتي اليّ ولا يبغض اباه وامه وامرأته واولاده واخوته واخواته حتى نفسه ايضا فلا يقدر ان يكون لي تلميذا.
26«Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад;
27ومن لا يحمل صليبه ويأتي ورائي فلا يقدر ان يكون لي تلميذا.
27«Ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад;
28ومن منكم وهو يريد ان يبني برجا لا يجلس اولا ويحسب النفقة هل عنده ما يلزم لكماله.
28«Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанй шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад,
29لئلا يضع الاساس ولا يقدر ان يكمل فيبتدئ جميع الناظرين يهزأون به.
29«Ки мабодо, баъд аз ниҳодани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ӯ нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ӯро тамасхур кунанд.
30قائلين هذا الانسان ابتدأ يبني ولم يقدر ان يكمل.
30«Ва гӯянд: "Ин шахс ба сохтан шурӯь намуд ва ба тамом кардан қувваташ нарасид?"
31واي ملك ان ذهب لمقاتلة ملك آخر في حرب لا يجلس اولا ويتشاور هل يستطيع ان يلاقي بعشرة آلاف الذي يأتي عليه بعشرين الفا.
31«Ё кадом подшоҳ аст, ки ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг даромаданӣ шуда, аввал нишаста маслиҳат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор аскар қодир аст ба касе муқовимат намояд, ки бо бист ҳазор аскар бар зидди ӯ меояд?
32وإلا فما دام ذلك بعيدا يرسل سفارة ويسأل ما هو للصلح.
32«Вагар на, ҳанӯз ки вай дур аст, назди вай элчӣ фиристода, сулҳ металабад.
33فكذلك كل واحد منكم لا يترك جميع امواله لا يقدر ان يكون لي تلميذا.
33«Ҳамчунин ҳар яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад.
34الملح جيد. ولكن اذا فسد الملح فبماذا يصلح.
34«Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад?
35لا يصلح لارض ولا لمزبلة فيطرحونه خارجا. من له اذنان للسمع فليسمع
35«На барои замин кор меояд, на барои нурӣ; онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»