1وقال ايضا لتلاميذه كان انسان غني له وكيل فوشي به اليه بانه يبذّر امواله.
1БА шогирдони Худ низ гуфт: «Як марди сарватдор буд, ки амаддоре дошт, ва дар ҳаққи вай ба ӯ шикоят карданд, ки молу мулки ӯро исроф менамояд;
2فدعاه وقال له ما هذا الذي اسمع عنك. اعط حساب وكالتك لانك لا تقدر ان تكون وكيلا بعد.
2«Вайро ҷеғ зада, гуфт: "Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз амалиёти худ ҳисобот деҳ, зеро ки дигар наметавонӣ амалдор бошй".
3فقال الوكيل في نفسه ماذا افعل. لان سيدي يأخذ مني الوكالة. لست استطيع ان انقب واستحي ان استعطي.
3«Он амалдор дар дили худ гуфт: "Чй кунам? Оғоям маро аз вазифаам маҳрум месозад: аз ӯҳдаи каландзанӣ намебароям, аз гадой шарм мекунам;
4قد علمت ماذا افعل حتى اذا عزلت عن الوكالة يقبلوني في بيوتهم.
4"Медонам, чӣ кунам, то ки мардум, ҳангоми аз вазифа маҳрум шуданам, маро дар хонаҳои худ пазироӣ кунанд".
5فدعا كل واحد من مديوني سيده وقال للأول كم عليك لسيدي.
5«Ва ҳар яке аз қарздорони оғои худро ба танҳоӣ ҷеғ зада, ба якумин гуфт: "Ту аз оғои ман чӣ қадар қарздор ҳастй?"
6فقال مئة بث زيت. فقال له خذ صكك واجلس عاجلا واكتب خمسين.
6«Гуфт: "Сад ченак равған". Ба вай гуфт: "Забонхати худро бигир ва зуд нишаста, панҷоҳ бинавис".
7ثم قال لآخر وانت كم عليك. فقال مئة كرّ قمح. فقال له خذ صكك واكتب ثمانين.
7«Баъд ба дигаре гуфт: "Ту чй қадар қарздор ҳастӣ?" Дар ҷавоб гуфт: "Сад ченак гандум". Ба вай гуфт: "Забонхати худро бигир ва ҳаштод бинавис".
8فمدح السيد وكيل الظلم اذ بحكمة فعل. لان ابناء هذا الدهر احكم من ابناء النور في جيلهم.
8«Ва он оғо амалдори ноинсофро таъриф кард, ки оқилона рафтор кардааст; зеро ки писарони ин олам дар муомила бо мардуми насли худ аз писарони нур оқилтаранд.
9وانا اقول لكم اصنعوا لكم اصدقاء بمال الظلم حتى اذا فنيتم يقبلونكم في المظال الابدية.
9«Ва Ман ба шумо мегӯям: бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо кунед, то ки онҳо дар вақти тамом шудани он шуморо ба масканҳои ҷовидонй пазироӣ кунанд.
10الامين في القليل امين ايضا في الكثير. والظالم في القليل ظالم ايضا في الكثير.
10«Касе ки дар чизи андак мӯътамад бошад, дар чизи бисьёр низ мӯътамад аст, ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисьёр низ ноинсоф аст.
11فان لم تكونوا امناء في مال الظلم فمن يأتمنكم على الحق.
11«Пас, модоме ки шумо дар сарвати ноинсофона мӯътамад набудед, кист, ки сарвати ҳақиқиро ба шумо месупурда бошад?
12وان لم تكونوا امناء في ما هو للغير فمن يعطيكم ما هو لكم.
12«Ва модоме ки дар чизи бегона мӯътамад набудед, кист, ки чизи худатонро ба шумо медода бошад?
13لا يقدر خادم ان يخدم سيدين. لانه اما ان يبغض الواحد ويحب الآخر او يلازم الواحد ويحتقر الآخر. لا تقدرون ان تخدموا الله والمال
13«Ҳеҷ ғулом ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт; ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед».
14وكان الفريسيون ايضا يسمعون هذا كله وهم محبون للمال فاستهزأوا به.
14Ва фарисиён, ки зарпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Ӯро тамасхур карданд.
15فقال لهم انتم الذين تبررون انفسكم قدام الناس. ولكن الله يعرف قلوبكم. ان المستعلي عند الناس هو رجس قدام الله
15Ба онҳо гуфт: «Шумо худро пеши мардум одил вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст: зеро он чи дар назари мардум олидараҷа аст, пеши Худо зишт аст.
16كان الناموس والانبياء الى يوحنا. ومن ذلك الوقت يبشر بملكوت الله وكل واحد يغتصب نفسه اليه.
16«Таврот ва суҳафи анбиё то Яҳьёст; аз он вакт ин ҷониб Малакути Худо башорат дода мешавад, ва ҳар кас бо ҷидду ҷаҳд ба он дохил мегардад.
17ولكن زوال السماء والارض ايسر من ان تسقط نقطة واحدة من الناموس.
17«Лекин фанои осмон ва замин осонтар аст аз он ки нуктае аз Таврот маҳв шавад.
18كل من يطلّق امرأته ويتزوج باخرى يزني وكل من يتزوج بمطلّقة من رجل يزني
18«Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, зино карда бошад; ва ҳар кй зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.
19كان انسان غني وكان يلبس الارجوان والبز وهو يتنعم كل يوم مترفها.
19«Шахси сарватдоре буд, ва либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯз базми боҳашамат барпо мекард.
20وكان مسكين اسمه لعازر الذي طرح عند بابه مضروبا بالقروح.
20«Ва Лаъзор ном мискине назди дарвозаи ӯ мехобид, ва баданаш пур аз захм буд;
21ويشتهي ان يشبع من الفتات الساقط من مائدة الغني. بل كانت الكلاب تأتي وتلحس قروحه.
21«Ва орзу дошт аз он чи аз дастархони он сарватдор меафтод, птиками худро сер кунад; ва сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд.
22فمات المسكين وحملته الملائكة الى حضن ابراهيم. ومات الغني ايضا ودفن.
22«Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ӯро ба оғӯши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ӯро дафн карданд;
23فرفع عينيه في الهاوية وهو في العذاب ورأى ابراهيم من بعيد ولعازر في حضنه.
23«Ва дар дӯзах ӯ, дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғӯшаш буд, дид
24فنادى وقال يا ابي ابراهيم ارحمني وارسل لعازر ليبل طرف اصبعه بماء ويبرّد لساني لاني معذب في هذا اللهيب.
24«Ва фарьёд зада, гуфт: "Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам".
25فقال ابراهيم يا ابني اذكر انك استوفيت خيراتك في حياتك وكذلك لعازر البلايا. والآن هو يتعزى وانت تتعذب.
25«Лекин Иброҳим гуфт: "Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ;
26وفوق هذا كله بيننا وبينكم هوّة عظيمة قد أثبتت حتى ان الذين يريدون العبور من ههنا اليكم لا يقدرون ولا الذين من هناك يجتازون الينا.
26«Ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд".
27فقال اسألك اذا يا ابت ان ترسله الى بيت ابي.
27«Ва ӯ гуфт: "Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи падари ман бифирист.
28لان لي خمسة اخوة. حتى يشهد لهم لكي لا يأتوا هم ايضا الى موضع العذاب هذا.
28«Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу укубат наоянд".
29قال له ابراهيم عندهم موسى والانبياء. ليسمعوا منهم.
29«Иброҳим ба ӯ гуфт: "Онҳо Мусо ва анбиё доранд; ба суханонашон гӯш кунанд".
30فقال لا يا ابي ابراهيم. بل اذا مضى اليهم واحد من الاموات يتوبون.
30«Аммо ӯ гуфт: "Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба хоҳанд кард".
31فقال له ان كانوا لا يسمعون من موسى والانبياء ولا ان قام واحد من الاموات يصدقون
31«Ба ӯ гуфт: "Модоме ки ба Мусо ва анбиё гӯш намедиҳанд, ҳатто агар яке аз мурдагон эҳьё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард"».