الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Luke

17

1وقال لتلاميذه لا يمكن الا ان تأتي العثرات. ولكن ويل للذي تأتي بواسطته.
1ВА Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Хеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд:
2خير له لو طوق عنقه بحجر رحى وطرح في البحر من ان يعثر احد هؤلاء الصغار.
2«Бар гардани вай санги осиёе овехта, вайро дар баҳр афкананд, барои вай беҳтар аст аз он ки вай яке аз ин тифлонро ба васваса андозад.
3احترزوا لانفسكم. وان اخطأ اليك اخوك فوبخه. وان تاب فاغفر له.
3«Ба худ назорат кунед. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, ба ӯ гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ӯро афв намо;
4وان اخطأ اليك سبع مرات في اليوم ورجع اليك سبع مرات في اليوم قائلا انا تائب فاغفر له.
4«Ва агар рӯзе ҳафт карат ба ту гуноҳ кунад ва рӯзе ҳафт карат руҷӯънамуда, гӯяд: "Тавба кардам", - ӯро афв намо».
5فقال الرسل للرب زد ايماننا.
5Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун».
6فقال الرب لو كان لكم ايمان مثل حبة خردل لكنتم تقولون لهذه الجميزة انقلعي وانغرسي في البحر فتطيعكم
6Худовапд гуфт: <сАгар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед ва ба ин дарахти тут мегуфтед: "Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав", - он ба шумо итоат мекард.
7ومن منكم له عبد يحرث او يرعى يقول له اذا دخل من الحقل تقدم سريعا واتكئ.
7«Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чӯпонӣ машғул бошад ва ҳангоми аз саҳро баргаштанаш ба вай гӯяд: "Зуд омада, казди суфра бинишин"?
8بل ألا يقول له اعدد ما اتعشى به وتمنطق واخدمني حتى آكل واشرب وبعد ذلك تأكل وتشرب انت.
8«Баръакс, оё ӯ ба вай намегӯяд: "Барои ман хӯроки бегоҳй тайёр кун ва камари худро баста, ба ман ҳизмат кун, то даме ки бихӯрам ва бинӯшам, ва баъд аз он худат биҳӯр ва бинӯш"?
9فهل لذلك العبد فضل لانه فعل ما امر به لا اظن.
9«Оё ӯ ба он ғулом барои он ки фармонҳои ӯро ба ҷо овард, миннатдорӣ баён мекунад? Гумон намекунам.
10كذلك انتم ايضا متى فعلتم كل ما أمرتم به فقولوا اننا عبيد بطالون. لاننا انما عملنا ما كان يجب علينا
10«Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: "Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем"».
11وفي ذهابه الى اورشليم اجتاز في وسط السامرة والجليل.
11Дар аснои роҳи Ерусалим Ӯ аз ҳудуди байни Сомария ва Ҷалил мегузашт.
12وفيما هو داخل الى قرية استقبله عشرة رجال برص فوقفوا من بعيد.
12Ва ҳангоме ки Ӯ ба қасабае дохил мешуд, даҳ шаҳси махавй аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода,
13ورفعوا صوتا قائلين يا يسوع يا معلّم ارحمنا.
13Бо овози баланд мегуфтанд: «Эй Исои Ӯстод, ба мо марҳамат кун!»
14فنظر وقال لهم اذهبوا وأروا انفسكم للكهنة. وفيما هم منطلقون طهروا.
14Ва Ӯ, чун дид, ба онҳо гуфт: «Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок пгуданд.
15فواحد منهم لما رأى انه شفي رجع يمجد الله بصوت عظيم.
15Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд,
16وخرّ على وجهه عند رجليه شاكرا له. وكان سامريا.
16Ва пеши пойҳоиӮ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд.
17فاجاب يسوع وقال أليس العشرة قد طهروا. فاين التسعة.
17Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд?Пас он нӯҳ нафар куҷоянд?
18ألم يوجد من يرجع ليعطي مجدا للّه غير هذا الغريب الجنس.
18Оё, ғайр аз ин аҷнабй, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?»
19ثم قال له قم وامض. ايمانك خلصك
19Ва ба ваи гуфт: «Бархоста, бирав; имонат туро наҷот дод».
20ولما سأله الفريسيون متى يأتي ملكوت الله اجابهم وقال لا يأتي ملكوت الله بمراقبة.
20Чун фарисиён баӮ савол доданд, ки Малакути Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Малакути Худо тавре намеояд, ки ба назар намоён шавад,
21ولا يقولون هوذا ههنا او هوذا هناك لان ها ملكوت الله داخلكم
21«Ва намегӯянд: "Инак, он дар ин ҷост", ё: "Инак, дар он ҷост"; зеро инак, Малакути Худо дар дохили шумост».
22وقال للتلاميذ ستأتي ايام فيها تشتهون ان تروا يوما واحدا من ايام ابن الانسان ولا ترون.
22Ва ба шогирдон гуфт: «Айёме меояд, ки дидани фақат як рӯзи Писари Одамро орзу ҳоҳед кард, ва нахоҳед дид;
23ويقولون لكم هوذا ههنا او هوذا هناك. لا تذهبوا ولا تتبعوا.
23«Ва ба шумо хоҳанд гуфт: "Инак, дар ин ҷост", ё: "Инак, дар он ҷост", - наравед ва аз ақиби онҳо надавед;
24لانه كما ان البرق الذي يبرق من ناحية تحت السماء يضيء الى ناحية تحت السماء كذلك يكون ايضا ابن الانسان في يومه.
24«Зеро, чӣ тавре ки барқ аз як канори осмон дурахшида, то канори дигари осмон нур мепошад, Писари Одам дар рӯзи Худ ҳамин тавр хоҳад буд.
25ولكن ينبغي اولا ان يتألم كثيرا ويرفض من هذا الجيل.
25«Лекин аввал Ӯро лозим аст, ки бисьёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад карда шавад.
26وكما كان في ايام نوح كذلك يكون ايضا في ايام ابن الانسان.
26«Ва чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд:
27كانوا يأكلون ويشربون ويزوجون ويتزوجون الى اليوم الذي فيه دخل نوح الفلك وجاء الطوفان واهلك الجميع.
27«Мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд - то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштй даромад, ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард.
28كذلك ايضا كما كان في ايام لوط كانوا يأكلون ويشربون ويشترون ويبيعون ويغرسون ويبنون.
28«Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд;
29ولكن اليوم الذي فيه خرج لوط من سدوم امطر نارا وكبريتا من السماء فاهلك الجميع.
29«Лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард.
30هكذا يكون في اليوم الذي فيه يظهر ابن الانسان
30«Дар рӯзи зоҳир шудани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд.
31في ذلك اليوم من كان على السطح وامتعته في البيت فلا ينزل ليأخذها. والذي في الحقل كذلك لا يرجع الى الوراء.
31«Дар он рӯз ҳар кӣ бар бом буда, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад:
32اذكروا امرأة لوط.
32«Зани Лутро ба хотир оваред.
33من طلب ان يخلّص نفسه يهلكها ومن اهلكها يحييها.
33«Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ онро барбод дихад, онро зинда хоҳад кард.
34اقول لكم انه في تلك الليلة يكون اثنان على فراش واحد فيؤخذ الواحد ويترك الآخر.
34«Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
35تكون اثنتان تطحنان معا فتؤخذ الواحدة وتترك الاخرى.
35«Аз ду зане ки якҷоя бо дастос машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
36يكون اثنان في الحقل فيؤخذ الواحد ويترك الآخر.
36«Аз ду нафаре ки дар киштзор бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд».
37فاجابوا وقالوا له اين يا رب. فقال لهم حيث تكون الجثّة هناك تجتمع النسور
37Дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Куҷо, эй Худованд?» Ба онҳо гуфт: «Ҳар куҷо лоша бошад, каргасон низ дар он ҷо ҷамъ мешаванд».