الكتاب المقدس (Van Dyke)

Tajik

Luke

22

1وقرب عيد الفطر الذي يقال له الفصح.
1ИДИ фатир, ки фисҳ номида мешавад, наздик буд;
2وكان رؤساء الكهنة والكتبة يطلبون كيف يقتلونه. لانهم خافوا الشعب
2Саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон Ӯро ба қатл расонанд, чунки аз мардум метарсиданд.
3فدخل الشيطان في يهوذا الذي يدعى الاسخريوطي وهو من جملة الاثني عشر.
3Ва ба дили Яҳудо, ки лақаби Исқарьютро дошт ва аз ҷумлаи он дувоздаҳ буд, шайтон даромад.
4فمضى وتكلم مع رؤساء الكهنة وقواد الجند كيف يسلمه اليهم.
4Пас ваӣ рафта, бо саркоҳинон ва сардорон гуфтугӯ кард, ки чй сон Ӯро ба онҳо таслим кунад.
5ففرحوا وعاهدوه ان يعطوه فضة.
5Онҳо шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд.
6فواعدهم. وكان يطلب فرصة ليسلمه اليهم خلوا من جمع
6Вай ваъда кард, ва фурсат меҷуст, то кн Ӯро дур аз чашми мардум ба онҳо таслим кунад.
7وجاء يوم الفطير الذي كان ينبغي ان يذبح فيه الفصح.
7Ва рӯзи иди фатир, ки барраи фисҳро қурбонӣ кардан лозим буд, фаро расид.
8فارسل بطرس ويوحنا قائلا اذهبا واعدّا لنا الفصح لناكل.
8Ва Ӯ Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Биравед ва фисҳро барои хӯрдани мо тайёр кунед».
9فقالا له اين تريد ان نعدّ.
9Ба Ӯ гуфтанд: «Дар куҷо мехохӣ, ки тайёр кунем?»
10فقال لهما اذا دخلتما المدينة يستقبلكما انسان حامل جرة ماء. اتبعاه الى البيت حيث يدخل
10Ба онҳо гуфт: «Инак, вақге ки ба шаҳр медароед, марде ба шумо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақибаш равона шавед то ба хонае ки вай медарояд,
11وقولا لرب البيت يقول لك المعلّم اين المنزل حيث آكل الفصح مع تلاميذي.
11«Ва ба соҳиби хона бигӯед: Ӯстод ба ту мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?"
12فذاك يريكما عليّة كبيرة مفروشة. هناك اعدا.
12«Вай ба шумо болохонаи калони мафрушеро нишон медиҳад; дар он ҷо тайёр кунед».
13فانطلقا ووجدا كما قال لهما. فاعدّا الفصح
13Онҳо равона шуданд ва, чунон ки Ӯ гуфта буд, ё'фтанд, ва фисҳро омода карданд.
14ولما كانت الساعة اتكأ والاثنا عشر رسولا معه.
14Ва ҳангоме ки соат расид, Ӯ назди суфра нишаст, ва дувоздаҳ ҳаввориён бо Ӯ буданд.
15وقال لهم شهوة اشتهيت ان آكل هذا الفصح معكم قبل ان اتألم.
15Ба онҳо гуфт: «Хеле иштиёқманд будам, ки пеш аз уқубати Худ ин фисҳро бо шумо бихӯрам;
16لاني اقول لكم اني لا آكل منه بعد حتى يكمل في ملكوت الله.
16Зеро ба шумо мегӯям, ки аз он дигар нахоҳам хӯрд, то вақте ки дар Малакути Худо ба амал ояд».
17ثم تناول كاسا وشكر وقال خذوا هذه واقتسموها بينكم.
17Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва гуфт: «Инро бигиред ва дар миёни худ тақсим кунед;
18لاني اقول لكم اني لا اشرب من نتاج الكرمة حتى يأتي ملكوت الله.
18«Зеро ба шумо мегӯям, ки дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то вақте ки Малакути Худо биёяд».
19واخذ خبزا وشكر وكسر واعطاهم قائلا هذا هو جسدي الذي يبذل عنكم. اصنعوا هذا لذكري.
19Ва нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Ин Бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред».
20وكذلك الكاس ايضا بعد العشاء قائلا هذه الكاس هي العهد الجديد بدمي الذي يسفك عنكم.
20Ҳамчунин косаро баъд аз таоми шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад.
21ولكن هوذا يد الذي يسلمني هي معي على المائدة.
21«Ва инак, дасти таслимкунандаи Ман бо Ман дар сари суфра аст.
22وابن الانسان ماض كما هو محتوم. ولكن ويل لذلك الانسان الذي يسلمه.
22«Агарчи Писари Одам ончунон, ки пешакй мукяррар шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он кас, ки ба воситаи ваи Ӯ таслим карда шавад».
23فابتدأوا يتساءلون فيما بينهم من ترى منهم هو المزمع ان يفعل هذا
23Ва онҳо аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад?
24وكانت بينهم ايضا مشاجرة من منهم يظن انه يكون اكبر.
24Дар миёни онҳо инчунин баҳсу мунозира шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад.
25فقال لهم. ملوك الامم يسودونهم والمتسلطون عليهم يدعون محسنين.
25Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронй мекунанд, ва ҳокимони онҳо валинеъмат хонда мешаванд;
26واما انتم فليس هكذا. بل الكبير فيكم ليكن كالاصغر. والمتقدم كالخادم.
26«Аммо шумо ин тавр не: балки он ки дар байни шумо бузургтар аст, бояд монанди хурдтарин бошад, ва сардор - монанди хизматгузор.
27لان من هو اكبر. الذي يتكئ ام الذي يخدم. أليس الذي يتكئ. ولكني انا بينكم كالذي يخدم.
27«Зеро кадоме бузургтар аст: он ки назди суфра менишинад, ё он ки хизматгузор аст? Оё на он аст, ки назди суфра менишинад? Аммо Ман дар миёни шумо монанди хизматгузор ҳастам.
28انتم الذين ثبتوا معي في تجاربي.
28«Ва шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед,
29وانا اجعل لكم كما جعل لي ابي ملكوتا.
29«Ва Ман ба шумо Малакуте месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст,
30لتأكلوا وتشربوا على مائدتي في ملكوتي وتجلسوا على كراسي تدينون اسباط اسرائيل الاثني عشر
30«То ки шумо дар Малакути Ман дар сари суфраи Ман бихӯред ва бинӯшед, ва шумо бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард».
31وقال الرب سمعان سمعان هوذا الشيطان طلبكم لكي يغربلكم كالحنطة.
31Ва Худованд гуфт: «Шимъӯн! Шимъӯн! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо мисли гандуме аз ғарбел гузаронад;
32ولكني طلبت من اجلك لكي لا يفنى ايمانك. وانت متى رجعت ثبت اخوتك.
32«Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вакте, руҷуъ намуда, бародарони худро устувор гардон».
33فقال له يا رب اني مستعد ان امضي معك حتى الى السجن والى الموت.
33Вай ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба мамот биравам».
34فقال اقول لك يا بطرس لا يصيح الديك اليوم قبل ان تنكر ثلاث مرات انك تعرفني
34Лекин Ӯ гуФт: «Ба ту, эй Петрус, мегӯям, ки имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, ту се бор инкоркунон ҳоҳй гуфт, ки Маро намешиносй».
35ثم قال لهم حين ارسلتكم بلا كيس ولا مزود ولا احذية هل اعوزكم شيء. فقالوا لا.
35Ва ба онҳо гуфт: «Вақте ки Ман шуморо бе ҳамьён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз».
36فقال لهم لكن الآن من له كيس فليأخذه ومزود كذلك. ومن ليس له فليبع ثوبه ويشتر سيفا.
36Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Лекин акнун касе ки ҳамьён дорад, онро бигирад; ҳамчунин тӯрбаро; ва касе ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурӯҳта, бихарад.
37لاني اقول لكم انه ينبغي ان يتم فيّ ايضا هذا المكتوب وأحصي مع اثمة. لان ما هو من جهتي له انقضاء.
37«Зеро ба шумо мегӯям, ки ин сухани Навиштаҳо низ бояд дар ҳаққи Ман ба амал ояд: "Аз ҷинояткорон шумурда шуд". Зеро ҳар чи дар бораи Ман аст, интиҳо меёбад».
38فقالوا يا رب هوذا هنا سيفان. فقال لهم يكفي
38Ва онҳо гуфтанд: «Худовандо! Инак, дар ин ҷо дуто шамшер ҳаст». Ба онҳо гуфт: «Кифоя аст».
39وخرج ومضى كالعادة الى جبل الزيتون. وتبعه ايضا تلاميذه.
39Ва берун омада, аз рӯи одат, ба кӯҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд.
40ولما صار الى المكان قال لهم صلّوا لكي لا تدخلوا في تجربة.
40Вақте ки ба он мавзеъ расид, ба онҳо гуфт: «Дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед».
41وانفصل عنهم نحو رمية حجر وجثا على ركبتيه وصلّى
41Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда, гуфт:
42قائلا يا ابتاه ان شئت ان تجيز عني هذه الكاس. ولكن لتكن لا ارادتي بل ارادتك.
42«Эй Падар! Агар бихоҳй, ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд».
43وظهر له ملاك من السماء يقويه.
43Ва фариштае аз осмон бар Ӯ зоҳир гардида, Ӯро тақвият медод.
44واذ كان في جهاد كان يصلّي باشد لجاجة وصار عرقه كقطرات دم نازلة على الارض.
44Ва Ӯ дар изтироб афтода, бо ҷахди бештаре дуо мегуфт; ва арақи Ӯ мисли қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакид.
45ثم قام من الصلاة وجاء الى تلاميذه فوجدهم نياما من الحزن.
45Баъд аз дуо барҳоста, Ӯ назди шогирдон омад, ва онҳоро дид, ки аз ғусса хоб рафтаанд.
46فقال لهم لماذا انتم نيام. قوموا وصلّوا لئلا تدخلوا في تجربة
46Ва ба онҳо гуфт: «Чаро ҳоб рафтаед? Барҳоста, дуо гӯед, то ки ба озмоиш дучор нашавед».
47وبينما هو يتكلم اذا جمع والذي يدعى يهوذا احد الاثني عشر يتقدمهم فدنا من يسوع ليقبله.
47Ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак мардуми бисьёре паядо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то ки Ӯро бибӯсад. Зеро ки ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бнбӯсам, Ҳамон аст».
48فقال له يسوع يا يهوذا أبقبلة تسلم ابن الانسان.
48Ва Исо ба вай гуфт: «Эй Йҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунй?»
49فلما رأى الذين حوله ما يكون قالوا يا رب انضرب بالسيف.
49Касоне ки бо Ӯ буданд, чун диданд, ки кор ба чй меанҷомад, ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Оё ба шамшер бизанем?»
50وضرب واحد منهم عبد رئيس الكهنة فقطع اذنه اليمنى.
50Ва яке аз онҳо ғуломи саркоҳинро зада» гӯши рости вайро бурида партофт.
51فاجاب يسوع وقال دعوا الى هذا. ولمس اذنه وابرأها
51Ӣсо дар ҷавоб гуфт: «Даст кашед, бас аст». Ва гӯши вайро ламс карда, шифо дод.
52ثم قال يسوع لرؤساء الكهنة وقواد جند الهيكل والشيوخ المقبلين عليه. كانه على لص خرجتم بسيوف وعصي.
52Ва Исо ба саркоҳинон ва сардорони маъбад ва гшроне ки бар зидди Ӯ ҷамъ омада буданд, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед!
53اذ كنت معكم كل يوم في الهيكل لم تمدوا عليّ الايادي. ولكن هذه ساعتكم وسلطان الظلمة
53«Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам, ва шумо ба Ман дасти таҷовуз дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки зулмот ҳукмфармост».
54فأخذوه وساقوه وادخلوه الى بيت رئيس الكهنة واما بطرس فتبعه من بعيد.
54Ва Ӯро дастгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз паи онҳо равона шуд.
55ولما اضرموا نارا في وسط الدار وجلسوا معا جلس بطرس بينهم.
55Вакте ки онҳо дар рӯи ҳавлӣ оташ даргиронда, даври он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст.
56فرأته جارية جالسا عند النار فتفرست فيه وقالت وهذا كان معه.
56Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва синчакунон ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ин ҳам бо Ӯ буд».
57فانكره قائلا لست اعرفه يا امرأة.
57Лекин вай инкор карда, ба зан гуфт: «Ман Ӯро намещиносам».
58وبعد قليل رآه آخر وقال وانت منهم. فقال بطرس يا انسان لست انا.
58Пас аз муддате як одами дигар вайро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус ба он одам гуфт: «Ман аз онҳо нестам».
59ولما مضى نحو ساعة واحدة اكّد آخر قائلا بالحق ان هذا ايضا كان معه لانه جليلي ايضا.
59Тахминан як соат гузаштан баъд, боз як каси дигар боисрор гуфт: «Дар ҳақиқат ин ҳам бо Ӯ буд, зеро ки вай ҷалилист».
60فقال بطرس يا انسان لست اعرف ما تقول. وفي الحال بينما هو يتكلم صاح الديك.
60Аммо Петрус ба он кас гуфт: «Намедонам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ҳанӯз вай сухан меронд, ки дарҳол хурӯс бонг зад.
61فالتفت الرب ونظر الى بطرس. فتذكر بطرس كلام الرب كيف قال له انك قبل ان يصيح الديك تنكرني ثلاث مرات.
61Ва Худованд рӯй гардонда, ба Петрус назар андохт; ва Петрус сухани Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Имрӯз, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард».
62فخرج بطرس الى خارج وبكى بكاء مرا
62Ва берун рафта, зор-зор гирист.
63والرجال الذين كانوا ضابطين يسوع كانوا يستهزئون به وهم يجلدونه.
63Касоне ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро тамасхур мекарданд ва мезаданд;
64وغطوه وكانوا يضربون وجهه ويسألونه قائلين تنبأ. من هو الذي ضربك.
64Ва рӯи Ӯро пӯшида, торсакӣ мезаданд ва аз Ӯ мепурсиданд: «Нубувват кун, ки Туро кӣ задааст?»
65واشياء أخر كثيرة كانوا يقولون عليه مجدفين
65Ва боз бисьёр ҳақоратҳои дигар дар ҳаққи Ӯ ба забон меронданд.
66ولما كان النهار اجتمعت مشيخة الشعب رؤساء الكهنة والكتبة واصعدوه الى مجمعهم
66Ҳамин ки чашми рӯз кушода шуд, пирони қавм, саркоҳинон ва китобдонон ҷамъ омада, Ӯро ба шӯрои худ дароварданд,
67قائلين ان كنت انت المسيح فقل لنا. فقال لهم ان قلت لكم لا تصدقون.
67Ва гуфтанд: «Оё Ту Масеҳ ҳастӣ? Ба мо бигӯй». Ба онҳо гуфт: «Агар ба шумо гӯям, бовар намекунед;
68وان سألت لا تجيبونني ولا تطلقونني.
68«Ва агар ба шумо савол диҳам, ҷавоб намегардонед ва Маро озод намекунед;
69منذ الآن يكون ابن الانسان جالسا عن يمين قوّة الله.
69«Минбаъд Писари Одам ба ямини қуввати Худо хоҳад нишаст».
70فقال الجميع أفانت ابن الله. فقال لهم انتم تقولون اني انا هو.
70Ва ҳама гуфтанд: «Пас, Ту Пксари Худо ҳастӣ?» Ба онҳо гуфт: «Шумо мегуед, ки Ман ҳастам».
71فقالوا ما حاجتنا بعد الى شهادة لاننا نحن سمعنا من فمه
71Ва онҳо гуфтанд: «Дигар ба мо чӣ шаҳодате лозим аст? Зеро ки худамон аз забони Ӯ шунидем!»