1فقام كل جمهورهم وجاءوا به الى بيلاطس.
1ВА тамоми аҳли маҷлисашон бархоста, Ӯро назди Пилотус бурданд.
2وابتدأوا يشتكون عليه قائلين اننا وجدنا هذا يفسد الامة ويمنع ان تعطى جزية لقيصر قائلا انه هو مسيح ملك.
2Ва ба аибдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо ёфтаем, ки Ӯ қавми моро фосид мекунад, ба қайсар ҷизья додан намемонад ва Худро Подшоҳ Масеҳ меномад».
3فسأله بيلاطس قائلا انت ملك اليهود. فاجابه وقال انت تقول.
3Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Ту мегӯй».
4فقال بيلاطس لرؤساء الكهنة والجموع اني لا اجد علّة في هذا الانسان.
4Пилотус ба саркоҳинон ва ба мардум гуфт: «Дар Ин Одам ҳеҷ айбе намеёбам».
5فكانوا يشددون قائلين انه يهيج الشعب وهو يعلّم في كل اليهودية مبتدئا من الجليل الى هنا.
5Лекин онҳо исрор намуда, мегуфтанд, ки Ӯ қавмро ба ошӯб меоварад ва дар тамоми Яҳудо, аз Ҷалил гирифта то ин ҷо, таълим медиҳад.
6فلما سمع بيلاطس ذكر الجليل سأل هل الرجل جليلي.
6Вақге ки Пилотус инро шунид, савол дод: «Магар Ӯ ҷалилист?»
7وحين علم انه من سلطنة هيرودس ارسله الى هيرودس اذ كان هو ايضا تلك الايام في اورشليم
7Ва чун донист, ки Ӯ аз вилояти Ҳиродус аст, Ӯро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рӯзҳо дар Ерусалим буд.
8واما هيرودس فلما رأى يسوع فرح جدا لانه كان يريد من زمان طويل ان يراه لسماعه عنه اشياء كثيرة وترجى ان يرى آية تصنع منه.
8Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро ки кайҳо боз Ӯро Дидан мехост, чунки овозаи Ӯро шунида буд ва умед дошт, ки аз Ӯ мӯъҷизе бубинад.
9وسأله بكلام كثير فلم يجبه بشيء.
9Ва ба Ӯ саволҳои бисьёре дод; аммо Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод.
10ووقف رؤساء الكهنة والكتبة يشتكون عليه باشتداد.
10Саркоҳиион ва китобдонон истода, бо тамоми ҷидду ҷахд Ӯро анбдор мекарданд.
11فاحتقره هيرودس مع عسكره واستهزأ به والبسه لباسا لامعا ورده الى بيلاطس.
11Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ӯро басо таҳқир ва тамасхур карда ва либоси дурахшоне бар Ӯ нӯшонда, назди Пилотус гардонда фиристод.
12فصار بيلاطس وهيرودس صديقين مع بعضهما في ذلك اليوم لانهما كانا من قبل في عداوة بينهما
12Дар ҳамон рӯз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дӯст шуданд, зеро ки пештар онҳо ба якдигар адоват доштанд.
13فدعا بيلاطس رؤساء الكهنة والعظماء والشعب
13Пилотус саркоҳинон, сардорон ва мардумро хонда,
14وقال لهم. قد قدمتم اليّ هذا الانسان كمن يفسد الشعب. وها انا قد فحصت قدامكم ولم اجد في هذا الانسان علّة مما تشتكون به عليه.
14Ба онҳо гуфт: «Ин Одамро ҳамчун фосидкунандаи қавм назди ман овардед; ва инак, ман дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва дар Ин Одам аз он айбҳое ки шумо ба гардани Ӯ мепартоед, чизе наёфтам;
15ولا هيرودس ايضا. لاني ارسلتكم اليه. وها لا شيء يستحق الموت صنع منه.
15«Ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст: зеро ки ман Ӯро назди вай фиристода будам, ва дар Ӯ ҳеҷ гуноҳи сазовори марг ёфт нашудааст;
16فانا أؤدبه واطلقه.
16«Пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам».
17وكان مضطرا ان يطلق لهم كل عيد واحدا.
17Ва вай лозим буд, ба муносибати ид, касеро барои онҳо озод кунад.
18فصرخوا بجملتهم قائلين خذ هذا واطلق لنا باراباس.
18Аммо мардум саросар фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро қатл кун! Барои мо Бараббосро озод кун».
19وذاك كان قد طرح في السجن لاجل فتنة حدثت في المدينة وقتل.
19Бараббос барои исьён ва қатле ки дар шаҳр рӯй дода буд, дар зиндон андохта шуда буд.
20فناداهم ايضا بيلاطس وهو يريد ان يطلق يسوع.
20Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, зеро ки мехост Исоро озод кунад.
21فصرخوا قائلين اصلبه اصلبه.
21Лекин онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!»
22فقال لهم ثالثة فاي شر عمل هذا. اني لم اجد فيه علّة للموت. فانا أؤدبه واطلقه.
22Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: «Ӯ чй бадй кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ӯ наёфтам; пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам».
23فكانوا يلجّون باصوات عظيمة طالبين ان يصلب. فقويت اصواتهم واصوات رؤساء الكهنة.
23Вале онҳо бо фарьёди баланд исрор намуда, талаб карданд, ки Ӯ маслуб шавад; ва фарьёди онҳо ва саркоҳинон ғолиб омад.
24فحكم بيلاطس ان تكون طلبتهم.
24Ва Пилотус қарор дод, ки аз рӯи талаби онҳо амал кунад,
25فاطلق لهم الذي طرح في السجن لاجل فتنة وقتل الذي طلبوه واسلم يسوع لمشيئتهم
25Ва шахсеро, ки барои исьён ва қатл дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба иҳтиёри онҳо супурд.
26ولما مضوا به امسكوا سمعان رجلا قيروانيا كان آتيا من الحقل ووضعوا عليه الصليب ليحمله خلف يسوع.
26Вақте ки Ӯро бурданд, Шимъӯн ном шахсеро, ки аз Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то ки аз ақиби Исо бардошта барад.
27وتبعه جمهور كثير من الشعب والنساء اللواتي كنّ يلطمن ايضا وينحن عليه.
27Ва шумораи азими мардум ва заноне ки барои Ӯ гирья ва навҳа мекарданд, аз акиби Ӯ равона шуданд.
28فالتفت اليهنّ يسوع وقال. يا بنات اورشليم لا تبكين عليّ بل ابكين على انفسكنّ وعلى اولادكنّ.
28Ва Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй дуҳтарони Ерусалим! Барои Ман гирья накунед, балки барои худатон ва фарзандонатон гирья кунед;
29لانه هوذا ايام تأتي يقولون فيها طوبى للعواقر والبطون التي لم تلد والثدي التي لم ترضع.
29«Зеро айёме меояд, ки хоҳанд гуфт: "Хушо нозоён, ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!"
30حينئذ يبتدئون يقولون للجبال اسقطي علينا وللآكام غطينا.
30«Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: "Бар мо биафтед!" ва ба теппаҳо: "Моро бипӯшонед!"
31لانه ان كانوا بالعود الرطب يفعلون هذا فماذا يكون باليابس.
31«Зеро, агар бо дарахти сарсабз чунин кунанд, бо дараҳти ҳушк чиҳо хоҳанд кард?»
32وجاءوا ايضا باثنين آخرين مذنبين ليقتلا معه
32Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд.
33ولما مضوا به الى الموضع الذي يدعى جمجمة صلبوه هناك مع المذنبين واحدا عن يمينه والآخر عن يساره.
33Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро» ва он ҷинояткоронро - яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш - маслуб карданд.
34فقال يسوع يا ابتاه اغفر لهم لانهم لا يعلمون ماذا يفعلون. واذ اقتسموا ثيابه اقترعوا عليها
34Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд.
35وكان الشعب واقفين ينظرون. والرؤساء ايضا معهم يسخرون به قائلين خلّص آخرين فليخلّص نفسه ان كان هو المسيح مختار الله.
35Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи баргузидаи Худо бошад».
36والجند ايضا استهزأوا به وهم يأتون ويقدمون له خلا
36Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд
37قائلين ان كنت انت ملك اليهود فخلّص نفسك.
37Ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ».
38وكان عنوان مكتوب فوقه باحرف يونانية ورومانية وعبرانية هذا هو ملك اليهود.
38Дар болои сари Ӯ ба забонҳои юнонӣ, румй ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд: «Ин аст Подшоҳи Яҳудиён».
39وكان واحد من المذنبين المعلقين يجدف عليه قائلا ان كنت انت المسيح فخلّص نفسك وإيانا.
39Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ».
40فاجاب الآخر وانتهره قائلا أولا انت تخاف الله اذ انت تحت هذا الحكم بعينه.
40Аммо дигаре, баръакс, вайро мазаммат намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ?
41اما نحن فبعدل لاننا ننال استحقاق ما فعلنا. واما هذا فلم يفعل شيئا ليس في محله.
41Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст».
42ثم قال ليسوع اذكرني يا رب متى جئت في ملكوتك.
42Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вакте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!»
43فقال له يسوع الحق اقول لك انك اليوم تكون معي في الفردوس
43Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».
44وكان نحو الساعة السادسة. فكانت ظلمة على الارض كلها الى الساعة التاسعة.
44Тақрибан соати шашуми рӯз буд, ва тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт:
45واظلمت الشمس وانشقّ حجاب الهيكل من وسطه.
45Офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд.
46ونادى يسوع بصوت عظيم وقال يا ابتاه في يديك استودع روحي. ولما قال هذا اسلم الروح.
46Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод.
47فلما رأى قائد المئة ما كان مجّد الله قائلا بالحقيقة كان هذا الانسان بارا.
47Мирисадин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Ҳақиқатан Ин Одам Одил буд».
48وكل الجموع الذين كانوا مجتمعين لهذا المنظر لما ابصروا ما كان رجعوا وهم يقرعون صدورهم.
48Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин моҷаро синазанон гашта рафтанд.
49وكان جميع معارفه ونساء كنّ قد تبعنه من الجليل واقفين من بعيد ينظرون ذلك
49Вале ҳамаи шиносҳои Ӯ ва заноне ки аз Ҷалил Ӯро пайравй намуда омада буданд, аз дур истода, инро медиданд.
50واذا رجل اسمه يوسف وكان مشيرا ورجلا صالحا بارا.
50Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шӯро, марди нек ва одил,
51هذا لم يكن موافقا لرأيهم وعملهم. وهو من الرامة مدينة لليهود. وكان هو ايضا ينتظر ملكوت الله.
51Ки бо қарор ва кори онҳо розй набуд, ва аз Ҳаромот ном шаҳри Яҳудо буда, худаш низ интизори Малакути Худо буд,
52هذا تقدم الى بيلاطس وطلب جسد يسوع.
52Назди Пилотус омада, Ҷасади Исоро талаб кард;
53وانزله ولفه بكتان ووضعه في قبر منحوت حيث لم يكن احد وضع قط.
53Ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки аз санг тарошида шуда буд, ва то ҳол ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд.
54وكان يوم الاستعداد والسبت يلوح.
54Он рӯз рӯзи ҷумъа буд ва шанбе фаро мерасид.
55وتبعته نساء كنّ قد أتين معه من الجليل ونظرن القبر وكيف وضع جسده.
55Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафтанд ва қабрро, ва чӣ гуна дар он Ҷасади Ӯ гузошта шуд, диданд;
56فرجعن وأعددن حنوطا واطيابا. وفي السبت استرحن حسب الوصية
56Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равгани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд.