Bulgarian

Tajik

2 Corinthians

7

1И тъй, възлюбени, като имаме тия обещания, нека очистим себе си от всяка плътска и духовна нечистота, като се усъвършенствуваме в светост със страх от Бога.
1ПАС, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна начосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.
2Сторете място [в сърцата си] за нас; никого не сме онеправдали, никого не сме развратили, никого не сме изкористили.
2Дар дилҳои худ ба мо ҷой диҳед. мо касеро наранҷондаем, ба касе осеб нарасондаем, аз касе истифода набурдаем.
3Не казвам това за да [ви] осъдя; защото по-напред казах, че сте в сърцата ни, така щото да бъдем заедно и като умрем и като живеем.
3На аз барои мазаммат мегӯям: зеро пештар гуфта будам, ки шумо дар дили мо ҳастед, то ки бо ҳам бимирем ва бо ҳам зист кунем.
4Голяма е моята увереност към вас, много се хваля с вас, напълно се утешавам; [даже] във всяка наша скръб радостта ми е преизобилна.
4Ӯмеди ман аз шумо бисьёр аст, фахри ман аз шумо бузург аст; бо вуҷуди тамоми андӯҳи мо, пур аз тасалло ҳастам ва шодии фаровон дорам.
5Защото откак дойдохме в Македония, плътта ни нямаше никакво спокойствие, но отвсякъде [бяхме] в утеснение: отвън борби, отвътре страхове.
5Зеро, вақте ки ба Мақдуния ҳам омадем, ҷисми мо оромӣ надошт, балки аз ҳар сӯ ба фишор дучор шудем:аз берун - ҷидолҳо, аз дарун - ҳаросҳо буд.
6Но Бог, Който утешава смирените, утеши ни с дохождането на Тита;
6Аммо Худое ки ба фурӯтанон тасалло мебахшад, бо омадани Титус моро тасалло дод,
7и не просто с дохождането му, но и поради утехата, с която вие го бяхте утешили, като ни извести копнежа ви, плача ви, ревността ви за мене; така щото още повече се зарадвах.
7Ва на танҳо бо омадани ӯ, балки бо он тасаллое низ, ки ӯ дар шумо ёфта буд, вақте ки аз иштиёқмандии шумо, аз навҳаи шумо ва аз рашке ки шумо дар ҳаққи ман доред, ба мо нақл кард, ба тавре ки ман боз зиёдтар шод шудам.
8Защото, при все че ви наскърбих с посланието си, не се разкайвам; ако и да бях се поразкаял, когато видях, че онова писмо ви наскърби, макар за малко време.
8Бинобар ин, агар шуморо бо нома ғамгин карда бошам, пушаймон нестам, гарчанде ки пештар пушаймон шуда будам; зеро дидам, ки он нома шуморо, ба соате бошад ҳам, ғамгин кард.
9Сега се радвам не за наскърбяването ви, но защото наскърбяването ви доведе до покаяние; понеже скърбяхте по Бога, та да се не повредите от нас в нищо.
9Алҳол ман шодам на аз он ки шумо гамгин шудаед, балки аз он ки ғами шумо боиси тавба гардидааст, зеро ки ғами шумо аз тарафи Худо буд, ба тавре ки аз мо ҳеҷ зиёне надидаед.
10Защото скръбта по Бога докарва спасително покаяние, което не причинява разкаяние; но светската скръб докарва смърт.
10Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад.
11Защото, ето, това гдето се наскърбихте по Бога, какво усърдие породи във вас, какво себеочистване, какво негодувание, какъв страх, какво ожидане, каква ревност, какво мъздовъздаване! Във всичко вие показахте, че сте чисти в това нещо.
11Зеро бубинед, ки ғами Худо додаро хӯрданатон чӣ гуна ҷидду ҷаҳдро, чӣ гуна узрхоҳиро, чӣ гуна тарсро, чй гуна шавқро, чӣ гуна рашкро, чӣ гуна қасосро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед.
12И тъй, ако и да ви писах това, не [го писах] заради обидника, нито заради обидения, но за да ви се яви пред Бога до колко имате усърдие спрямо нас.
12Хуллас, агарчи ман ба шумо навишта будам, ин на аз барои золим ва на аз барои мазлум, балки барои он буд, ки ҷидду ҷаҳди мо дар ҳаққи шумо ба ҳузури Худо ба шумо ошкор гардад.
13Затова се утешихме; и в тая наша утеха още повече се зарадвахме поради радостта на Тита, за гдето вие всички сте успокоили духа му.
13Ба ин сабаб мо аз тасаллои шумо тасалло ёфтем; лекин боз ҳам зиёдтар мо аз шодии Титус шод шудем, чунки ҳамаатон рӯҳи ӯро ором кардаед.
14Защото, ако му съм се похвалил малко с вас, не се засрамих; но както всичко, що ви говорихме, беше истинно, така и похвалата ни [с вас] пред Тита излезе истинска.
14Зеро, агар ман дар бораи шумо пеши ӯ аз чизе фахр карда бошам, хиҷил нашудам, балки, чунон ки мо ҳар гапро дар хусуси шумо ба ростӣ гуфта будем, фахри мо низ ончунон пеши Титус рост баромад.
15И той още повече милее за вас, като си спомня послушността на всички ви, как сте го приели със страх и трепет.
15Ва дили ӯ боз ҳам зиёдтар сӯи шумо моил мешавад, вақте ки фармонбардории ҳамаатонро ба ёд меоварад, ки чй гуна шумо ӯро бо тарсу ларз паэироӣ намудаед.
16Радвам се, че във всичко съм насърчен за вас.
16Пас шодмонам, ки дар ҳар бобат метавонам аз шумо дилпур бошам.