1כי דומה מלכות השמים לאדם בעל בית אשר השכים לצאת בבקר לשכר פעלים לכרמו׃
1«ЗЕРО Малакути Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то ки барои токзори худ коргаронро киро кунад,
2והתנה עם הפעלים שכר דינר ליום וישלחם אל כרמו׃
2«Вабо коргарон рӯзе як динорӣ паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод.
3ויצא בשעה השלישית וירא אחרים עמדים בטלים בשוק׃
3«Ва қариби соати сеюм берун рафта, дигаронро дид, ки дар бозор бекор истодаанд,
4ויאמר להם לכו גם אתם אל כרמי וכישר אתן לכם וילכו׃
4«Ва ба онҳо гуфт: "Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод". Ва онҳо рафтанд.
5ויצא גם בשעה הששית גם בתשיעית ויעש כדבר הזה׃
5«Боз қариби соатҳои шашум ва нӯҳум берун рафта, ҳамчунин кард.
6ויצא בשעת עשתי עשרה וימצא אחרים עמדים ויאמר אליהם למה אתם עמדים פה בטלים כל היום׃
6«Ва қариби соати ёздаҳум берун рафта, дигаронро дид, ки бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: "Барои чй шумо тамоми рӯз дар ин ҷо бекор истодаед?"
7ויאמרו לו כי לא שכר אותנו איש ויאמר אליהם לכו גם אתם אל הכרם וכישר יתן לכם׃
7«Ба вай гуфтанд: "Касе моро киро накард". Ба онҳо гуфт: "Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод".
8ויהי בערב ויאמר בעל הכרם אל פקידו קרא את הפעלים ושלם להם את שכרם החל באחרונים וכלה בראשונים׃
8«Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: "Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз охирин то аввалин бидеҳ".
9ויבאו הנשכרים בשעת אחת עשרה ויקחו איש איש דינר אחד׃
9«Онҳое ки қариби соати ёздаҳум омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд.
10ובבא הראשונים דמו בנפשם כי יקחו יותר ויקחו גם הם איש איש דינר אחד׃
10«Онҳое ки аввалин шуда омада буданд, хаёл карданд, ки бештар хоҳанд гирифт; лекин онҳо низ ҳар яке диноре гирифтанд;
11ויהי בקחתם וילונו על בעל הבית לאמר׃
11«Ва чун гирифтанд, аз соҳиби хона шикоят карда,
12אלה האחרונים לא עשו כי אם שעה אחת ואתה השויתם אלינו אשר סבלנו את כבד היום ואת חמו׃
12«Гуфтанд: "Ин охиромадагон як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистй".
13ויען ויאמר אל אחד מהם רעי לא עשקתיך הלא שכר דינר התנית עמי׃
13«Лекин вай дар ҷавоби яке аз онҳо гуфт: "Эй рафиқ! Туро озор надодаам; оё ту ба як динор бо ман паймон накардӣ?
14קח את שלך ולך ואני רצוני לתת גם לזה האחרון כמו לך׃
14«Музди худро гирифта, рав; мехоҳам ба ин охирин мисли ту диҳам;
15הלא אוכל לעשות בשלי כרצוני האם תרע עינך על אשר טוב אנכי׃
15«Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, бикунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ?"
16ככה יהיו האחרונים ראשונים והראשונים יהיו אחרונים כי רבים הם הקרואים ומעטים הנבחרים׃
16«Ба ин тариқа охиринҳо аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо - охкрин; зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон - кам».
17ויהי כעלות ישוע ירושלים ויקח אליו את שנים העשר לבדם ויאמר להם בדרך׃
17Ва ҳангоме ки ба Ерусалим мерафтанд, Исо дар аснои роҳ дувоздаҳ шогирдашро танҳо назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:
18הננו עלים ירושלימה ובן האדם ימסר לראשי הכהנים ולסופרים והרשיעהו למות׃
18«Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум хоҳанд кард;
19ומסרו אותו לגוים להתל בו ולהכות אותו בשוטים ולצלב אותו וביום השלישי קום יקום׃
19«Ва Ӯро ба дасти гайрияҳудиён таслим хоҳанд кард, то ки тамасхур намоянд, тозиёна зананд ва маслуб кунанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё хоҳад шуд».
20אז נגשה אליו אם בני זבדי עם בניה ותשתחו לו לבקש ממנו דבר׃
20Он гоҳ модари писарони Забдой бо писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард.
21ויאמר אליה מה בקשתך ותאמר אליו אמר נא כי ישבו שני בני אלה אחד לימינך ואחד לשמאלך במלכותך׃
21Исо ба вай гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Гуфт: «Бифармо, ки ду писари ман дар Малакути Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат биншинанд».
22ויען ישוע ויאמר לא ידעתם את אשר שאלתם היכל תוכלו שתות את הכוס אשר אני עתיד לשתותו והטבל בטבילה אשר אני נבטל בה ויאמרו אליו נוכל׃
22Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем».
23ויאמר אליהם הן את כוסי תשתו ובטבילה אשר אני נטבל בה תטבלו אך שבת לימימי ולשמאלי אין בידי לתתה בלתי לאשר הוכן להם מאת אבי׃
23Ба онҳо гуфт: «Косаи Маро хоҳед нӯпшд, ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт; лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон аз ҷониби Падари Ман муҳайё шуда бошад».
24ויהי כאשר שמעו זאת העשרה ויכעסו אל שני האחים׃
24Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз он ду бародар норозӣ шуданд.
25וישוע קרא להם ויאמר אתם ידעתם כי שרי הגוים רדים בהם והגדולים שלטים עליהם׃
25Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронй мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд;
26ואתם אל יהי כן ביניכם כי אם החפז להיות גדול בכם יהי לכם למשרת׃
26«Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад.
27והחפץ להיות בכם לראש יהי לכם עבד׃
27«Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад;
28כאשר בן האדם לא בא למען ישרתוהו כי אם לשרת ולתת את נפשו כפר תחת רבים׃
28«Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».
29ויהי כצאתם מיריחו וילך אחריו המון עם רב׃
29Ва ҳангоме ки онҳо аз Ериҳӯ мебаромаданд, мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ мерафтанд.
30והנה שני עורים ישבים על יד הדרך וישמעו כי ישוע עבר ויצעקו לאמר חננו נא אדנינו בן דוד׃
30Ва инак, ду кӯр, ки дар канори роҳ нишаста буданд, гузаштани Исоро шунида, фарьёдкунон гуфтанд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
31ויגער בם העם להשתיקם והם הרבו לצעק ויאמרו אדנינו חננו נא בן דוד׃
31Мардум онҳоро ба ҳомӯш шудан водор мекарданд; лекин онҳо боз ҳам бештар фарьёд мезаданд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
32ויעמד ישוע ויקרא להם ויאמר מה תחפצו ואעשה לכם׃
32Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чй мехоҳед, ки барои шумо бикунам?»
33ויאמרו אליו אדנינו עשה שתפקחנה עינינו׃
33Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Мехоҳем чашмони мо кушода шавад».
34ורחמי ישוע נכמרו ויגע בעיניהם ופתאם החלו עיניהם לראות וילכו אחריו׃
34Пас Исо ба онҳо раҳм карда, чашмҳошонро ламс намуд; ва дарҳол бино гашта, аз ақиби Ӯ равона шуданд.