1ויהי כאשר קרבו לירושלים ובאו אל בית פגי בהר הזיתים וישלח ישוע שנים מן התלמידים׃
1ЧӮН ба Ерусалим наздик шуда, ба Байт-Фоҷии наздикӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирди Худро фиристода,
2ויאמר אליהם לכו אל הכפר אשר ממולכם שם תמצאו אתון אסורה ועיר עמה התירו אתם והביאו אלי׃
2Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; ва дарҳол модахареро баста хоҳед ёфт, ки куррааш назди вай аст; онҳоро воз карда, назди Ман биёред;
3וכי יאמר איש אליכם דבר ואמרתם האדון צריך להם וברגע ישלחם׃
3«Ва агар касе ба шумо ҳарфе занад, бигӯед, ки Худованд ба инҳо эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онҳоро хоҳад фиристод».
4וכל זאת היתה למלאת הנאמר ביד הנביא לאמר׃
4Ин ҳама руй дод, то ба амал ояд каломе ки бо забони набй гуфта игудааст:
5אמרו לבת ציון הנה מלכך יבוא לך עני ורכב על חמור ועל עיר בן אתנות׃
5"Ба духтари Сион бигӯед: «Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд»".
6וילכו התלמידים ויעשו כאשר צוה אתם ישוע׃
6Шогирдон рафтанд ва он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд:
7ויביאו את האתון ואת העיר וישימו עליהם את בגדיהם וירכיבהו עליהם׃
7Модаҳар ва курраро оварда, ҷомаҳои худро бар онҳо афканданд, ва Ӯ бар онҳо савор шуд.
8ורב ההמון פרשו את בגדיהם על הדרך ואחרים כרתו ענפי עצים וישטחום על הדרך׃
8Мардуми бисьёре ҷомахои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дараҳтонро бурида, бар роҳ густурданд;
9והמון העם ההלכים לפניו ואחריו קראו לאמר הושע נא לבן דוד ברוך הבא בשם יהוה הושע נא במרומים׃
9Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, ҳитоб мекарданд: «Хӯшаъно ба Писари Довуд! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!»
10ויהי בבאו ירושלים ותהם כל העיר לאמר מי הוא זה׃
10Ва ҳангоме ки Ӯ ба Ерусалим ворид шуд, тамоми аҳли шаҳр ба ошӯб омада, мегуфтанд: «Ин кист?»
11ויאמרו המני העם זה הוא הנביא ישוע מנצרת אשר בגליל׃
11Мардум мегуфтанд: «Ин аст Исои Пайғамбар аз Носираи Ҷалил».
12ויבא ישוע אל מקדש האלהים ויגרש משם את כל המוכרים והקונים במקדש ויהפך את שלחנות השלחנים ואת מושבות מכרי היונים׃
12Ва Исо ба маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард.
13ויאמר אליהם הן כתוב כי ביתי בית תפלה יקרא ואתם שמתם אתו למערת פריצים׃
13Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки "хонаи Ман хонаи ибодат номида хоҳад шуд"; аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
14ויגשו אליו עורים ופסחים במקדש וירפאם׃
14Дар маъбад назди Ӯ кӯрон ва лангон омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.
15ויהי כראות הכהנים הגדולים והסופרים את הנפלאות אשר עשה ואת הילדים הצעקים במקדש ואמרים הושע נא לבן דוד ויחר להם׃
15Чун саркоҳинон ва китобдонон диданд, ки Ӯ мӯъҷизаҳоро ба амал овард, ва кӯдакон дар маъбад "ҳӯшаъно ба Писари Довуд!" гӯён хитоб мекарданд, хашмгин шуданд,
16ויאמרו אליו השמע אתה את אשר אלה אמרים ויאמר ישוע אליהם כן הכי קרא לא קראתם מפי עוללים ויונקים יסדת עז׃
16Ва ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Исо ба онҳо гуфт: «Оре! Магар нахондаед: "Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ"?»
17ויעזבם ויצא מחוץ לעיר אל בית היני וילן שם׃
17Ва онҳоро тарк карда, аз шаҳр сӯи Байт-Ҳинй рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.
18ובבקר שב אל העיר והוא רעב׃
18Бомдодон, вақте ки ба шаҳр бармегашт, гурусна монд;
19וירא תאנה אחת על הדרך ויקרב אליה ולא מצא בה מאומה מלבד העלים ויאמר אליה מעתה לא יהיה ממך פרי עד עולם ותיבש התאנה פתאם׃
19Дар сари роҳ дарахти анҷире дида, назди он рафт ва, ҷуэ баргҳо, чизе бар он наёфта, ба он гуфт: «Пас аз ин то абад мевае аз ту нарӯяд». Ва ҳамон дам дарахти анҷир хушк пгуд.
20ויראו התלמידים ויתמהו לאמר איך יבשה התאנה פתאם׃
20Шогирдон инро дида, дар тааҷҷуб монданд ва гуфтанд: «Чӣ гуна ин дарахти анҷир даррав хушк шуд?»
21ויען ישוע ויאמר אליהם אמן אמר אני לכם אם תהיה לכם אמונה ואינכם מסתפקים לא לבד כמעשה התאנה הזאת תעשו כי גם באמרכם אל ההר הזה הנשא והעתק אל תוך הים היו תהיה׃
21Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки "барҳоста, худро дар баҳр афкан", - чунин хоҳад шуд;
22וכל אשר תשאלו בתפלה ואתם מאמינים תקחהו׃
22«Ва ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хохед ёфт».
23ויבא אל המקדש ויהי בלמדו שם ויגשו אליו ראשי הכהנים וזקני העם ויאמרו באי זו רשות אתה עשה אלה ומי נתן לך הרשות הזאת׃
23Ва ҳангоме ки ба маъбад омада таълим медод, саркоҳинон ва пирони қавм назди Ӯ омада, гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин кудратро ба Ту додааст?»
24ויען יושע ויאמר אליהם גם אני אשאלה אתכם דבר אחד אשר אם תגידו אתו לי גם אני אגיד לכם באי זו רשות אני עשה אלה׃
24Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам; агар шумо онро ба Ман гӯед, Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом кудрат ин корҳоро мекунам;
25טבילת יוחנן מאין היתה המן השמים אם מבני אדם ויחשבו בלבבם לאמר׃
25«Таъмиди Яҳьё аз куҷо буд: аз осмон ё аз инсон?» Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имоннаовардед?"
26אם נאמר מן השמים יאמר אלינו מדוע אפוא לא האמונתם לו ואם נאמר מבני אדם יראים אנחנו את המון העם כי כלם חשבים את יוחנן לנביא׃
26«Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд", - аз мардум метарсем, зеро ки ҳама Яҳьёро набӣ медонанд».
27ויענו את ישוע ויאמרו לא ידענו ויאמר אליהם גם אני לא אמר לכם באי זו רשות אני עשה אלה׃
27Ва дар ҷавоби Исо гуфтанд: «Намедонем». Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам.
28אבל מה דעתכם איש היה ולו שני בנים ויגש אל הראשון ויאמר בני לך היום ועבד בכרמי׃
28«Лекин фикри шумо чист? Марде ду писар дошт; ва назди нахустин омада, гуфт: "Писарам! Имрӯз ба токзори ман рафта кор кун".
29ויען ויאמר אינני אבא ואחרי כן נחם וילך׃
29«Дар ҷавоб гуфт: "Намехоҳам"; аммо баъд пушаймон шуд ва рафт.
30ויגש אל השני וידבר כזאת גם אליו ויען ויאמר הנני אדני ולא הלך׃
30«Назди дигаре омада, ҳамон гапро гуфт. Вайдар ҷавоб гуфт: «Меравам, оғо»; ва нарафт.
31מי משניהם עשה את רצון האב ויאמרו אליו הראשון ויאמר להם ישוע אמן אמר אני לכם המוכסים והזונות יקדמו אתכם לבוא אל מלכות האלהים׃
31«Кадом як аз ин ду нафар хоҳиши падарро ба ҷо овард?» Ба Ӯ гуфтанд: «Нахустин». Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки боҷгирон ва фоҳшнагон пеш аз шумо ба Малакути Худо дохил хоҳанд шуд;
32כי יוחנן בא אליכם בדרך צדקה ולא האמנתם לו אבל המוכסים והזונות הם האמינו לו ואתם ראיתם ולא שבתם אחרי כן להאמין לו׃
32«Зеро ки Яҳьё назди шумо бо роҳи адолат омад, ва шумо ба ӯ имон наовардед, лекин боҷгирон ва фоҳишагон ба ӯ имон оварданд; ва шумо, инро дида, баъд аз он ҳам тавба накардед, то ки ба ӯ имон оваред.
33משל אחר שמעו איש בעל בית היה ויטע האיש כרם ויעש גדר סביב לו ויחצב יקב ויבן מגדל בתוכו ויתנהו אל כרמים וילך בדרך מרחוק׃
33«Масали дигаре бишнавед. Соҳиби хонае буд, ки ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште дар он сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
34ויהי בהגיע עת האסיף וישלח עבדיו אל הכרמים לקחת את פריו׃
34«Чун мавсими мева расид, хизматгорони худро назди токдорон фиристод, то ки меваи худро бигирад;
35ויחזיקו הכרמים בעבדיו את זה הכו ואת זה הרגו ואת זה סקלו׃
35«Лекин токдорон хизматгорони ӯро гирифта, баъзеро заданд, баъзеро куштанд ва баъзеро сангборон карданд.
36ויוסף שלח עבדים אחרים רבים מן הראשונים ויעשו ככה גם להם׃
36«Боз ӯ хизматгорони дигарро фиристод, ки аз пештара зиёдтар буданд; ба онҳо низ ҳамон тавр амал карданд.
37ובאחרונה שלח אליהם את בנו באמרו מפני בני יגורו׃
37«Дар охир писари худро назди онҳо фиристода, гуфт: "Аз гшсарам шарм хоҳанд дошт".
38ויהי כראות הכרמים את הבן ויאמרו איש אל אחיו זה הוא היורש לכו ונהרגהו ונאחזה בנחלתו׃
38«Лекин токдорон чун писарро диданд, ба якдигар гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем ва соҳиби мерос шавем".
39ויחזיקו בו וידחפוהו אל מחוץ לכרם ויהרגו אתו׃
39«Ва ӯро гирифта, аз токзор берун бароварданд ва куштанд.
40והנה כבוא בעל הכרם מה יעשה לכרמים ההם׃
40«Пас, чун соҳиби токзор ояд, ба он токдорон чй хоҳад кард?»
41ויאמרו אליו ירע לרעים ויאבדם ואת הכרם יתן לכרמים אחרים אשר ישיבו לו את הפרי בעתו׃
41Ба Ӯ гуфтанд: «Он бадкоронро ба марги шадид маҳкум карда, токзорро ба токдорони дигаре хоҳад супурд, ки меваро дар мавсимаш ба ӯ диҳанд».
42ויאמר ישוע אליהם הכי קרא לא קראתם בכתובים אבן מאסו הבונים היתה לראש פנה מאת יהוה היתה זאת היא נפלאת בעינינו׃
42Исо ба онҳо гуфт: «Магар ин Навиштаро ҳаргиз нахондаед: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид: ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳаиратангез аст"?
43על כן אני אמר לכם כי תקח מכם מלכות האלהים ותנתן לגוי אשר יעשה את פריה׃
43«Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад;
44והנפל על האבן ההיא ישבר ואשר תפל עליו תשחקהו׃
44«Ва ҳар кӣ бар ин санг афтад, порапора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро мачақ кунад».
45ויהי כשמע הכהנים הגדולים והפרושים את משליו ויבינו כי עליהם דבר׃
45Саркоҳинон ва фарисиён масалҳои Ӯро шунида, донистанд, ки Ӯ дар бораи онҳо сухан меронад,
46ויבקשו לתפשו אך יראו מפני המון העם כי לנביא חשבהו׃
46Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин аз мардум тарсиданд, чунки Ӯро пайғамбар медонистанд.