1ויהי כראותו את המון העם ויעל ההרה וישב שם ויגשו אליו תלמידיו׃
1ЧӮН мардумро дид, бар фарози кӯҳе баромад ва биншаст; ва шогирдонаш назди Ӯ ҳозир шуданд.
2ויפתח את פיהו וילמד אותם לאמר׃
2Он гоҳ Ӯ даҳони Худро кушода, онҳоро таълим дод ва гуфт:
3אשרי עניי רוח כי להם מלכות השמים׃
3«Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.
4אשרי האבלים כי הם ינחמו׃
4«Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллй хоҳанд ёфт.
5אשרי הענוים כי המה יירשו הארץ׃
5«Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд
6אשרי הרעבים והצמאים לצדקה כי הם ישבעו׃
6«Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд пгуд.
7אשרי הרחמנים כי הם ירחמו׃
7«Хушо раҳимон, зеро ки онҳо раҳм хоҳанд ёфт.
8אשרי ברי לבב כי הם יחזו את האלהים׃
8<Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид.
9אשרי רדפי שלום כי בני אלהים יקראו׃
9«Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд.
10אשרי הנרדפים על דבר הצדקה כי להם מלכות השמים׃
10«Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.
11אשריכם אם יחרפו וירדפו אתכם וידברו בשקר עליכם כל רע בעבורי׃
11«Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ гайбат кунанд.
12שמחו וגילו כי שכרכם רב בשמים כי כן רדפו את הנביאים אשר היו לפניכם׃
12«Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъкдб мекарданд.
13אתם מלח הארץ ואם המלח היה תפל במה ימלח הן לא יצלח עוד לכל כי אם להשליך חוצה והיה מרמס לבני אדם׃
13«Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад.
14אתם אור העולם עיר ישבת על ההר לא תוכל להסתר׃
14«Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки бар фарози кӯҳ воқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад.
15גם אין מדליקים נר ושמים אותו תחת האיפה כי אם על המנורה ויאר לכל אנשי הבית׃
15«Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад.
16כן יאר אורכם לפני בני האדם למען יראו מעשיכם הטובים ושבחו את אביכים שבשמים׃
16«Ҳамчунин бигзор нури _лумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.
17אל תחשבו כי באתי להפר את התורה או את דברי הנביאים לא באתי להפר כי אם למלאת׃
17«Гумон накунед, ки барои вайрон кардани Таврот ё суҳафи анбиё омадаам; наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам.
18כי אמן אמר אני לכם עד כי יעברו השמים והארץ לא תעבר יוד אחת או קוץ אחד מן התורה עד אשר יעשה הכל׃
18«Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқгае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад.
19לכן מי אשר יפר אחת מן המצות הקטנות האלה וכן ילמד את בני האדם קטון יקרא במלכות השמים ואשר יעשה וילמד אותן הוא גדול יקרא במלכות השמים׃
19«Пас, ҳар кӣ яке аз ин аҳкоми хурдтаринро вайрон кунад ва ба мардум чунин таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон хурдтарин шумурда хоҳад шуд; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон бузург хонда хоҳад шуд.
20כי אני אמר לכם אם לא תרבה צדקתכם מצדקת הסופרים והפרושים לא תבאו אל מלכות השמים׃
20«Зеро ки ба шумо мегӯям: агар адолати шумо аз адолати китобдонон ва фарисиён бартарй надошта бошад, ба Малакути Осмон дохил нахоҳед шуд.
21שמעתם כי נאמר לקדמונים לא תרצח ואשר ירצח מחיב הוא לבית דין׃
21«Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: "Қатл накун; ҳар кй қатл кунад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд".
22אבל אני אמר לכם כל אשר יקצף על אחיו חנם מחיב הוא לבית דין ואשר יאמר אל אחיו רקא מחיב הוא לסנהדרין ואשר יאמר אתה הנבל מחיב לאש גיהנם׃
22«Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кй ба бародари худ беҳуда хашм гирад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд; ҳар кӣ бародари худро "реқо" гӯяд, лоиқи ҳукми шӯрои пирон хоҳад буд; ва ҳар кӣ "аҳмақ" гӯяд, лоиқи оташи дӯзах хоҳад шуд.
23לכן אם תקריב קרבנך אל המזבח ושם תזכר כי יש לאחיך דבר עליך׃
23«Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ, ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист,
24עזוב תעזב שם את קרבנך לפני המזבח וקדם ללכת לכפר פני אחיך ואחרי כן בוא הקרב את קרבנך׃
24«Қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон, ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун.
25מהר התרצה לאיש ריבך בעודך בדרך אתו פן יסגיר אתך איש ריבך אל השפט והשפט יסגירך לשוטר והשלכת את בית הכלא׃
25«Ханӯз ки бо даъвогари худ дар роҳ ҳастӣ, зуд бо вай оштй шав, то ки даъвогар туро ба қозӣ насупорад, ва қозй туро ба мулозим насупорад, ва туро ба зиндон наандозанд;
26אמן אמר אני לך לא תצא משם עד אשר שלמת את הפרוטה האחרונה׃
26«Ба ростӣ ба ту мегӯям: то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳй рафт.
27שמעתם כי נאמר לקדמונים לא תנאף׃
27«Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: "Зино накун".
28אבל אני אמר לכם כל אשר יביט באשה לחמד אותה נאף נאפה בלבו׃
28«Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кй ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад.
29ואם תכשילך עין ימינך נקר אותה והשלך ממך כי טוב לך אשר יאבד אחד מאבריך מרדת כל גופך אל גיהנם׃
29«Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.
30ואם ידך הימנית תכשילך קצץ אותה והשלך ממך כי טוב לך אשר יאבד אחד מאבריך מרדת כל גופך אל גיהנם׃
30«Ва агар дасти ростат туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.
31ונאמר איש אשר ישלח את אשתו ונתן לה ספר כריתות׃
31«Хдмчунин гуфта шудааст: "Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо мешавад, бояд талоқномае ба вай диҳад".
32אבל אני אמר לכם המשלח את אשתו בלתי על דבר זנות עשה אתה נאפת והלקח את הגרושה לו לאשה נאף הוא׃
32«Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ, ғайр аз айби зино, ҷудо шавад, боиси зинокории вай мегардад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.
33עוד שמעתם כי נאמר לקדמונים לא תשבע לשקר ושלם ליהוה שבעותיך׃
33«Боз шунидаед, ки ба қаднмиён гуфта шудааст: "Қасами дурӯғ ёд накун ва ба қасами худ дар назди Худованд вафо кун".
34אבל אני אמר לכם לא תשבעו כל שבועה לא בשמים כי כסא אלהים המה׃
34«Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳаргиз қасам ёд накун: на ба осмон, зеро ки тахти Худост;
35ולא בארץ כי הדום רגליו היא ולא בירושלים כי היא קרית מלך רב׃
35«На ба замин, чунки пойандози Ӯст; на ба Ерусалим, чунки шаҳри Подшоҳи бузург аст;
36]73-63[ אף בראשך אל תשבע כי אין ביכלתך להפך שער אחד ללבן או לשחר אך יהי דברין הן הן לא לא והיותר מאלה מן הרע הוא׃
36«Ва на ба сари худ қасам ёд кун, чунки қодир нестй як тори мӯйро сафед ё сиёҳ кунӣ.
37]73-63[׃
37«Балки сухани шумо: "оре, оре" ва "не, не" бошад; он чи зиёда аз ин бошад, аз иблис аст.
38שמעתם כי נאמר עין תחת עין שן תחת שן׃
38«Шунидаед, ки гуфта шудааст: "Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне".
39אבל אני אמר לכם אל תתקוממו לרע אך המכה אותך על הלפי הימנית הטה לו גם את האחרת׃
39«Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накун. Балки агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон;
40ואשר יחפץ לריב עמך ולקחת את כתנתך תן לו גם את חמעיל׃
40«Ва агар касе ба ту даъво карда, куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ;
41והאנס אותך ללכת עמו דרך מיל לך אתו שנים׃
41«Ва ҳар кӣ туро ба тай кардани як фарсанг роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду фарсанг бирав.
42השאל מאתך תן לו והבא ללות ממך אל תשב פניו׃
42«Ба касе ки аз ту металабад, бидеҳ, ва аз касе ки мехоҳад аз ту қарз гирад, рӯ нагардон.
43שמעתם כי נאמר ואהבת לרעך ושנאת את איבך׃
43«Шунидаед, ки гуфта шудааст: "Ёри худро дӯст бидор ва аз душмани худ нафрат кун".
44אבל אני אמר לכם אהבו את איביכם ברכו את מקקליכם היטיבו לשנאיכם והתפללו בעד מכאיביכם ורדפיכם׃
44«Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некй кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед,
45למען תהיו בנים לאביכם שבשמים אשר הוא מזריח שמשו לרעים ולטובים וממטיר על הצדיקים וגם על הרשעים׃
45«То ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулуъмекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад.
46כי אם תאהבו את אהביכם מה הוא שכרכם הלא גם המכסים יעשו זאת׃
46«Зеро ки агар дӯстдорандагони худро дӯст бидоред, чӣ мукофоте хоҳед ёфт? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?
47ואם תשאלו לשלום אחיכם בלבד מה יתרון לכם הלא גם המכסים יעשו זאת׃
47«Ва агар танҳо ба бародарони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?
48לכן היו שלמים כאשר אביכם שבשמים שלם הוא׃
48«Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст».