1השמרו לכם מעשות צדקתכם לפני בני אדם למען יראו אתכם ואם לא אין לכם שכר מאת אביכם שבשמים׃
1«ЗИНҲОР, садақаи худро дар пеши назари мардум ба амал наоваред, то ки онҳо шуморо бубинанд; вагар на шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, мукофоте нахоҳед дошт.
2לכן בעשותך צדקה אל תריע לפניך בשופר כמעשה החנפים בבתי הכנסיות ובחרבות למען יהללו אותם האמשים אמן אמר אני לכם כי לקחו את שכרם׃
2«Пас, вақте ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки риёкорон дар кунщнтҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд.
3ואתה בעשותך צדקה אל תדע שמאלך את אשר עשה ימינך׃
3«Аммо вакте ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад,
4למען תהיה צדקתך בסתר ואביך הראה במסתרים הוא בגלוי יגמלך׃
4«То ки садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод.
5וכי תתפלל אל תהי כחנפים האהבים להתפלל בעמדם בבתי הכנסיות ואצל פנות השוקים למען יראו לבני אדם אמן אמר אני לכם כי לקחו את שכרם׃
5«Ва ҳангоме ки дуо мегӯй, монанди риёкорон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба мардум худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти ҳудро гирифтаанд.
6ואתה כי תתפלל בוא בחדרך וסגר דלתך בעדך והתפלל אל אביך אשר בסתר ואביך הראה במסתרים הוא בגלוי יגמלך׃
6«Лекин ту, вақте ки мехоҳӣ дуо гӯӣ, ба ҳуҷраи худ даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯи; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот ҳоҳад дод.
7ובהתפללכם אל תפטפטו כגוים החשבים כי בהרבות דבריהם ישמעו׃
7«Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед; зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад;
8ואתם אל תדמו להם כי יודע אביכם כל צרככם בטרם תשאלו ממנו׃
8«Монанди онҳо набошед; зеро Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад.
9לכן כה תתפללו אבינו שבשמים יתקדש שמך׃
9«Пас ба ин мазмун дуо гӯед: "Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод;
10תבא מלכותך יעשה רצונך כמו בשמים כן בארץ׃
10"Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд;
11את לחם חקנו תן לנו היום׃
11"Ризқу рӯзии моро имрӯз 6а мо бидеҳ;
12וסלח לנו את חבותינו כאשר סלחנו גם אנחנו לחיבינו׃
12"Ва қарзҳои моро бибахш, чунон ки мо низ ба қарздорони ҳуд мебаҳшем;
13ואל תביאנו לידי נסיון כי אם חלצנו מן הרע כי לך הממלכה והגבורה והתפארת לעולמי עולמים אמן׃
13"Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳой деҳ; зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин".
14כי אם תסלחו לבני אדם את חטאתם אביכם שבשמים יסלח גם לכם׃
14«Зеро, агар шумо ба мардум ҳатоҳошонро бибаҳшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ ҳоҳад бахшид;
15ואם לא תסלחו לבני אדם גם אביכם לא יסלח לכם את חטאתיכם׃
15«Ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ ҳатоҳои шуморо ба шумо наҳоҳад бахдшд.
16וכי תצומו אל תהיו זעפים כחנפים המשנים את פניהם להראות צמים לבני אדם אמן אמר אני לכם כי לקחו את שכרם׃
16«Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди риёкорон туршрӯ набошед; зеро ки онҳо қиёфаи ҳудро дигаргун мекунанд, то ки рӯзадории худро ба мардум нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо мукофоти худро гирифтаанд.
17ואתה כי תצום סוך את ראשך ורחץ את פניך׃
17«Лекин ту, вақте ки рӯза медорӣ, ба сари ҳуд равған бимол ва рӯи худро бишӯй,
18למען לא תראה בצומך לבני אדם כי אם לאביך אשר בסתר ואביך הראה במסתרים הוא בגלוי יגמלך׃
18«То ки на дар назари мардум, балки дар ҳузури Падари ҳуд, ки ниҳон аст, рӯзадор бошй; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот Ҳоҳад дод.
19אל תאצרו לכם אוצרות בארץ אשר יאכלום שם סס ורקב וגנבים יחתרו שם וגנבו׃
19«Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд;
20אבל תאצרו לכם אוצרות בשמים אשר סס ורקב לא יאכלום שם וגנבים לא יחתרו שם ולא יגנבו׃
20«Балки барои ҳуд ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд;
21כי במקום אשר אוצרכם בו שם יהיה גם לבבכם׃
21«Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо ҳоҳад буд.
22נר הגוף הוא העין ואם עינך היא תמימה כל גופך יאור׃
22«Чароги бадан чашм аст. Ва агар чашмат солим бошад, тамоми баданат равшан ҳоҳад буд;
23ואם עינך רעה כל גופך יחשך והנה אם יחשך האור אשר בקרבך מה רב החשך׃
23«Лекин агар чашми ту хира бошад, тамоми баданат торик ҳоҳад буд. Пас, агар нуре ки дар туст, зулмот бошад, чӣ гуна азимест он зулмот!
24לא יוכל איש לעבד שני אדנים כי אם ישנא את האחד ויאהב את האחר או ידבק באחד ויבזה את האחר לא תוכלו עבוד את האלהים ואת הממון׃
24«Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед.
25על כן אמר אני לכם אל תדאגו לנפשכם מה תאכלו ומה תשתו ולגופכם מה תלבשו הלא הנפש היא יקרה מן המזון והגוף יקר מן המלבוש׃
25«Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест?
26הביטו וראו את עוף השמים אשר אינם זרעים ואינם קצרים ואינם אספים לאסמים ואביכם שבשמים מכלכל אתם הלא אתם נעליתם עליהם מאד׃
26«Ба мурғони ҳаво нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳо рӯзӣ мерасонад. Оё шумо аз онҳо хеле беҳтар нестед?
27ומי זה מכם אשר בדאגתו יוכל להוסיף על קומתו אמה אחת׃
27«Ва кист аз шумо, ки бо ғамҳории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад?
28וללבוש למה תדאגו התבוננו נא אל שושני השדה הצמחות אינן עמלות ואינן טות׃
28«Ва барои либос чаро ғамҳорӣ мекунед? Ба савсанҳои саҳро назар кунед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд;
29ואני אמר לכם כי גם שלמה בכל הדרו לא היה לבוש כאחת מהנה׃
29«Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст;
30ואם ככה מלביש האלהים את חציר השדה אשר היום צמח ומחר ישלך לתוך התנור אף כי אתכם קטני האמונה׃
30«Пас агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонда наметавонад!
31לכן אל תדאגו לאמר מה נאכל ומה נשתה ומה נלבש׃
31«Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: "Чӣ бихӯрем?" ё: "Чӣ бинӯшем?" ё: "Чӣ бипӯшем?"
32כי את כל אלה מבקשים הגוים הלא ידע אביכם אשר בשמים כי אתם צריכים לכל אלה׃
32«Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред.
33אך בקשו בראשונה את מלכות אלהים ואת צדקתו ונוסף לכם כל אלה׃
33«Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.
34לכן אל תדאגו ליום מחר כי יום מחר הוא ידאג לעצמו ודיו ליום צרתו׃
34«Пас, барои фардо ғамҳорӣ накунед, зеро ки фардо барои худ ғамхорӣ хоҳад кард: заҳмати имрӯз барои имрӯз кофист».