1Павел, устремив взор на синедрион, сказал: мужи братия! я всею доброю совестью жил пред Богом до сего дня.
1ПАВЛӮС ба шӯрои пирон назар дӯҳта, гуфт: «Эй бародарон! Ман то имрӯз дар хузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам».
2Первосвященник же Анания стоявшим перед ним приказал бить его по устам.
2Саркоҳин Ҳанониё ба онҳое ки назди ӯ истода буданд, фармон дод, ки ба даҳонаш як торсакӣ зананд.
3Тогда Павел сказал ему: Бог будет бить тебя, стена подбеленная! ты сидишь, чтобы судить по закону, и, вопреки закону, велишь бить меня.
3Павлус ба вай гуфт: «Худо туро хоҳад зад, эй девори сафедшуда! Ту нишастаӣ, ки маро аз рӯи шариат доварӣ кунӣ, вале бар хилофи шариат амр медиҳй, ки маро бизананд».
4Предстоящие же сказали: первосвященника Божия поносишь?
4Онҳое ки назди ӯ истода буданд, гуфтанд: «Саркоҳини Худоро дашном медиҳй?»
5Павел сказал: я не знал, братия, что он первосвященник;ибо написано: начальствующего в народе твоем не злословь.
5Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро ки навишта шудааст: "Ба пешвои қавми худ носазо нагӯй"».
6Узнав же Павел, что тут одна часть саддукеев, а другая фарисеев, возгласил в синедрионе: мужи братия! я фарисей, сын фарисея; за чаяние воскресения мертвых меня судят.
6Вақте ки Павлус фаҳмид, ки як қисми онҳо саддуқиён ва қисми дигарашон фарисиен мебошанд, дар шӯрои пирон нидокунон гуфт: «Эй бародарон! Ман фарисӣ ва фарзанди фарисй ҳастам, ва аз барои умеди эҳьёи мурдагон дар ин ҷо муҳокима карда мешавам».
7Когда же он сказал это, произошла распря между фарисеями и саддукеями, и собрание разделилось.
7Ҳамин ки ин суханонро гуфт, дар миёни фарисиён ва саддуқиен низоъ афтод, ва аҳли ҷамъомад ду тақсим шуданд;
8Ибо саддукеи говорят, что нет воскресения, ни Ангела, ни духа; а фарисеи признают и то и другое.
8Зеро саддуқиён мегӯянд, ки на эҳьё вуҷуд дорад, на фаришта ё рӯҳ, аммо фарисиен ин ҳар дуро зътироф менамоянд.
9Сделался большой крик; и, встав, книжники фарисейскойстороны спорили, говоря: ничего худого мы не находим вэтом человеке; если же дух или Ангел говорил ему, не будем противиться Богу.
9Ғавғои азиме ба амал омад, ва китобдонони фирқаи фарисиен бархоста, баҳскунон гуфтанд: «Мо дар ин шахс ҳеҷ бадӣ намебинем; ва агар рӯҳе ё фариштае ба вай сухан гуфта бошад, ба Худо муқобилат нахоҳем кард».
10Но как раздор увеличился, то тысяченачальник, опасаясь, чтобы они не растерзали Павла, повелел воинам сойти взять его из среды их и отвести в крепость.
10Аммо азбаски ихтилофот қувват гирифт, мириҳазор аз хавфи он ки Павлусро тиккатикка кунанд, ба сарбозон фармон дод, ки ӯро аз миёни онҳо гирифта, ба қалъа дароранд.
11В следующую ночь Господь, явившись ему, сказал: дерзай, Павел; ибо, как ты свидетельствовал о Мне в Иерусалиме, так надлежит тебе свидетельствовать и в Риме.
11Ҳамон шаб Худованд ба у зоҳир шуда, гуфт: «Ӯстувор бош, Павлус, ва ҷй тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳй».
12С наступлением дня некоторые Иудеи сделали умысел, и заклялись не есть и не пить, доколе не убьют Павла.
12Чун чашми рӯз кушода шуд, баъзе азяҳудиён забон як карда, қасам хӯрданд, ки то Павлусро накушанд, ба ҳеҷ хӯрданӣ ва нӯшиданй Лаб назананд;
13Было же более сорока сделавших такое заклятие.
13Шумораи онҳое ки чунин ахд карда буданд, бештар аз чиҳил нафар буд;
14Они, придя к первосвященникам и старейшинам, сказали: мы клятвою заклялись не есть ничего, пока не убьем Павла.
14Онҳо назди саркоҳинон ва пирон рафта, гуфтанд: «Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем;
15Итак ныне же вы с синедрионом дайте знать тысяченачальнику, чтобы он завтра вывел его к вам, как будто вы хотите точнее рассмотреть дело о нем; мы же, прежде нежели он приблизится, готовы убить его.
15«Акнун шумо ва шӯрои пирон ба мириҳазор ҳабар диҳед, ки фардо ӯро назди шумо бароварад, гӯё ки меҳоҳед кори ӯро аниқтар дида бароед; ва мо тайёр ҳастем, ки ӯро, пеш аз наздик омаданаш, бикушем».
16Услышав о сем умысле, сын сестры Павловой пришел и,войдя в крепость, уведомил Павла.
16Аммо ҳоҳарзодаи Павлус аз қасди онхо воқиф шуд ва рафта, ба қалъа даромад ва Павлусро хабардор кард.
17Павел же, призвав одного из сотников, сказал: отведи этого юношу к тысяченачальнику, ибо он имеет нечто сказать ему.
17Павлус яке аз мирисадҳоро даъват намуда, гуфт: «Ин ҷавонро назди мириҳазор бибар, зеро чизе дорад, ки ба ӯ бигӯяд».
18Тот, взяв его, привел к тысяченачальнику и сказал: узник Павел, призвав меня, просил отвести к тебе этого юношу, который имеет нечто сказать тебе.
18Вайро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт: «Павлуси бандӣ маро даъват намуда, ҳоҳиш кард, ки ин ҷавонро назди ту биёрам, зеро чизе дорад, ки ба ту бигӯяд».
19Тысяченачальник, взяв его за руку и отойдя с ним всторону, спрашивал: что такое имеешь ты сказать мне?
19Мириҳазор дасти ваиро гирифта, ба хилватгоҳе бурд ва пурсид: «Чӣ чиз аст, ки меҳоҳӣ ба ман бигӯӣ?»
20Он отвечал, что Иудеи согласились просить тебя, чтобы ты завтра вывел Павла пред синедрион, как будто они хотят точнее исследовать дело о нем.
20Гуфт: «Яҳудиён маслиҳатро ба як ҷо мондаанд, ки аз ту хоҳиш кунанд, то Павлусро фардо назди шӯрои пирон барорӣ, гӯё ки онҳо меҳоҳанд кори ӯро аниқгар тафтиш намоянд;
21Но ты не слушай их; ибо его подстерегают более сорока человек из них, которые заклялись не есть и не пить, доколе не убьют его;и они теперь готовы, ожидая твоего распоряжения.
21«Аммо ту ба онҳо гӯш надеҳ, зеро ки бештар аз чиҳил нафарашон дар сари роҳи ӯ камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ӯро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд; ва ҳоло онҳо тайёр шуда, мунтазири фармоиши ту истодаанд».
22Тогда тысяченачальник отпустил юношу, сказав: никомуне говори, что ты объявил мне это.
22Мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода, гуфт: «Ба ҳеҷ кас нагӯ, ки маро аз ин роз ҳабардор кардаӣ».
23И, призвав двух сотников, сказал: приготовьте мневоинов пеших двести, конных семьдесят и стрелков двести, чтобы стретьего часа ночи шли в Кесарию.
23Сонй думирисадро даъват намуда, гуфт: «Дусад сарбоз ва ҳафтод савора ва дусад найзаандозро омода кунед, то ки имшаб соати сеюм ба Қайсария бираванд.
24Приготовьте также ослов, чтобы, посадив Павла, препроводить его к правителю Феликсу.
24Инчунин маркабҳо ҳозир созед, то ки Павлусро савор карда, ба саломатӣ назди Феликси ҳоким равона намоед».
25Написал и письмо следующего содержания:
25Ӯ номае ба ин мазмун навишт:
26„Клавдий Лисий достопочтенному правителю Феликсу - радоваться.
26«Клавдиюс Лисиёс ба мӯҳтарам Феликси ҳоким салом мерасонад;
27Сего человека Иудеи схватили и готовы были убить; я, придя с воинами, отнял его, узнав, что он Римский гражданин.
27«Ин одамро яҳудиён дастгир карда буданд ва қасди куштани ӯро доштанд; чун фаҳмидам, ки фуқарои Рум аст, бо сарбозон рафта, аз дасташон раҳонидам;
28Потом, желая узнать, в чем обвиняли его, привел его в синедрион их
28«Азбаски хостам бидонам, ки бар ӯ чй даъво доранд, ӯро ба шӯрои пирони онҳо овардам
29и нашел, что его обвиняют в спорных мнениях, касающихсязакона их, но что нет в нем никакой вины, достойной смерти или оков.
29«Ва донистам, ки ӯро дар ақидаҳои баҳсноки оид ба шариаташон айбдор мекунанд, вале ӯ ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад;
30А как до меня дошло, что Иудеи злоумышляют на этого человека, то я немедленно послал его к тебе, приказав и обвинителям говорить на него перед тобою. Будь здоров".
30«Чун ба гӯшам расид, ки яҳудиён қасди ҷони ин одам доранд, фавран ӯро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш низ амр фармудам, ки даъвоҳои худро дар ҳаққи ӯ дар ҳузури ту баён кунанд; вассалом».
31Итак воины, по данному им приказанию, взявПавла, повели ночью в Антипатриду.
31Сарбозон мувофиқи дастуре ки ба онҳо дода шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис бурданд.
32А на другой день, предоставив конным идти с ним, возвратились в крепость.
32Ва рӯзи дигар ба саворон вогузор карданд, ки бо ӯ бираванд, ва худашон ба қалъа баргаштанд.
33А те, придя в Кесарию и отдав письмо правителю, представили ему и Павла.
33Ҳамин ки онҳо ба Қайсария расиданд, номаро ба дасти ҳоким супурда, Павлусро низ назди ӯ ҳозир сохтанд.
34Правитель, прочитав письмо, спросил, из какой он области, и, узнав, что из Киликии, сказал:
34Ҳоким номаро хонда, пурсид, ки ӯ аз кадом вилоят аст, ва чун фаҳмид, ки аз Қилиқия аст, гуфт:
35я выслушаю тебя, когда явятся твои обвинители. Иповелел ему быть под стражеюв Иродовой претории.
35«Вақте ки даъвогарони ту ҳозир шаванд, сухани туро ҳоҳам шунидк Ва амр фармуд, ки ӯро дар сарбозхонаи Ҳиродус нигоҳ доранд.