1На третий день был брак в Кане Галилейской, и Матерь Иисуса была там.
1ДАР рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд.
2Был также зван Иисус и ученики Его на брак.
2Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд.
3И как недоставало вина, то Матерь Иисуса говорит Ему: вина нет у них.
3Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: «Шароб надоранд».
4Иисус говорит Ей: что Мне и Тебе, Жено? еще не пришел час Мой.
4Исо ба вай гуфт: «Туро бо Ман чй кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст».
5Матерь Его сказала служителям: что скажет Он вам, то сделайте.
5Модараш ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред».
6Было же тут шесть каменных водоносов, стоявших по обычаю очищения Иудейского, вмещавших по две или по три меры.
6Дар он ҷо, мувофиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кӯзаи сангин истода буд, ки гунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд.
7Иисус говорит им: наполните сосуды водою. И наполнили их до верха.
7Исо ба онҳо гуфт: «Зарфҳоро аз об пур кунед». Ва онҳоро лабрез карданд.
8И говорит им: теперь почерпните и несите к распорядителю пира. И понесли.
8Ва гуфт: «Акнун кашида, ба сардори базм баред». Ва онхо бурданд.
9Когда же распорядитель отведал воды, сделавшейся вином, – а он не знал, откуда это вино , знали только служители, почерпавшие воду, – тогда распорядитель зовет жениха
9Чун сардор оби ба шароб мубаддалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро факат хиэматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда,
10и говорит ему: всякий человек подает сперва хорошее вино, а когда напьются, тогда худшее; а ты хорошее вино сберег доселе.
10Ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ».
11Так положил Иисус начало чудесам в Кане Галилейскойи явил славу Свою; и уверовали в Него ученики Его.
11Ин ибтидои мӯъҷизоте буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро зоҳир кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.
12После сего пришел Он в Капернаум, Сам и Матерь Его, и братья его, и ученики Его; и там пробыли немного дней.
12Пасаз он Ӯ бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, ва дар он ҷо айёми каме монданд.
13Приближалась Пасха Иудейская, и Иисус пришел в Иерусалим
13Ва чун иди фисҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Ерусалим рафт.
14и нашел, что в храме продавали волов, овец и голубей, и сидели меновщики денег.
14Ва дид, ки дар маъбад фурӯщандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд.
15И, сделав бич из веревок, выгнал из храма всех, также и овец и волов; и деньги у меновщиков рассыпал, а столы их опрокинул.
15Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз маъбад пеш кард, ва тангаҳои саррофонро пошида, мизҳошонро чаппа кард;
16И сказал продающим голубей: возьмите это отсюда и дома Отца Моего не делайте домом торговли.
16Ва ба кафтарфурӯшон гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарй насозед».
17При сем ученики Его вспомнили, что написано: ревность по доме Твоем снедает Меня.
17Ва шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст».
18На это Иудеи сказали: каким знамением докажешь Ты нам, что имеешь власть так поступать?
18Он гоҳ яҳудиён ба Ӯ рӯ оварда, гуфтанд: «Ба мо чй аломате нишон медиҳӣ, ки ин корҳоро мекунй?»
19Иисус сказал им в ответ: разрушьте храм сей, и Я в три дня воздвигну его.
19Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: <гИн маъбадро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо хоҳам кард».
20На это сказали Иудеи: сей храм строился сорок шесть лет, и Ты в три дня воздвигнешь его?
20Яҳудиён гуфтанд: «Ин маъбадро дар зарфи чилу шаш сол бино кардаачд, ва Ту онро дар се рӯэ барпо мекунй?»
21А Он говорил о храме тела Своего.
21Лекин Ӯ дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт.
22Когда же воскрес Он из мертвых, то ученики Его вспомнили, что Он говорил это, и поверили Писанию и слову, которое сказал Иисус.
22Вакте ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ӯ инро ба онҳо гуфта буд, ва ба Навиштаҳо ва ба сухане ки Исо гуфта буд, имон оварданд.
23И когда Он был в Иерусалиме на празднике Пасхи, томногие, видя чудеса, которые Он творил, уверовали во имя Его.
23Ва ҳангоме ки дар иди фисҳ дар Ерусалим буд, бисьёр касон мӯъҷизотеро, ки Ӯ нишон медод, дида, ба исми Ӯ имон оварданд.
24Но Сам Иисус не вверял Себя им, потому что знал всех
24Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешиноҳт,
25и не имел нужды, чтобы кто засвидетельствовал о человеке, ибо Сам знал, что в человеке.
25Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.