1В первый же день недели, очень рано, неся приготовленные ароматы, пришли они ко гробу, и вместе с ними некоторые другие;
1ДАР рӯзи якшанбе, субҳидам, ҳанутеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд;
2но нашли камень отваленным от гроба.
2Вале диданд, ки санг аз сари қабр ғалтонда шудааст,
3И, войдя, не нашли тела Господа Иисуса.
3Ва чун дохил шуданд, Часади Исои Худовандро наёфтанд.
4Когда же недоумевали они о сем, вдруг предстали перед ними два мужа в одеждах блистающих.
4Дар сурате ки аз ин ҳодиса дар ҳайрат буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд.
5И когда они были в страхе и наклонили лица свои к земле, сказали им: что вы ищете живого между мертвыми?
5Ва дар ҳолате ки ба ҳарос афтода, сарҳои худро ба зер афканда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон чустуҷӯ мекунед?
6Его нет здесь: Он воскрес; вспомните, как Он говорил вам, когда был еще в Галилее,
6«Дар ин ҷо нест: Ӯ эҳье шуд; ба ёд оваред,ки чй гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда,
7сказывая, что Сыну Человеческому надлежит быть предану в руки человеков грешников, и быть распяту, и в третий день воскреснуть.
7«Гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор таслим карда шавад, ва маслуб гардад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад».
8И вспомнили они слова Его;
8Ва онҳо суханони Ӯро ба ёд оварданд.
9и, возвратившись от гроба, возвестили все это одиннадцати и всем прочим.
9Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд.
10То были Магдалина Мария, и Иоанна, и Мария, мать Иакова, и другие с ними, которые сказали о сем Апостолам.
10Инҳо Марьями Маҷдалия, ва Юҳона, ва Марьям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба ҳаввориён ин чизҳоро гуфтанд.
11И показались им слова их пустыми, и не поверили им.
11Вале ин суханон ба назарашон чун сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд.
12Но Петр, встав, побежал ко гробу и, наклонившись, увидел только пелены лежащие, и пошел назад, дивясь сам в себе происшедшему.
12Аммо Петрус бархоста, сӯи қабр давид ва хам шуда, фақат кафанро дид, ки гузошта шудааст, ва аз ин ҳодиса дар ҳайрат монда, ба ҳонаи ҳуд рафт.
13В тот же день двое из них шли в селение, отстоящее стадий на шестьдесят от Иерусалима, называемое Эммаус;
13Дар ҳамон рӯз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Ерусалим дур буд, ва Аммоус ном дошт,
14и разговаривали между собою о всех сих событиях.
14Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд.
15И когда они разговаривали и рассуждали между собою, и Сам Иисус, приблизившись, пошел с ними.
15Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугӯ ва мубоҳиса мекардапд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд;
16Но глаза их были удержаны, так что они не узнали Его.
16Лекин чашмони онҳо баста буд, ба тавре ки Ӯро нашиноҳтанд.
17Он же сказал им: о чем это вы, идя, рассуждаете между собою, и отчего вы печальны?
17Ба онҳо гуфт: «Аз чй хусус бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳотон ғамгин аст?»
18Один из них, именем Клеопа, сказал Ему в ответ: неужели Ты один из пришедших в Иерусалим не знаешь о происшедшем в нем в эти дни?
18Яке аз онҳо, ки Клеюпос еом допхг, дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Цаҳод ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Ерусалим омадаанд, аз воқеае ки дар ин рӯзҳо рӯй додааст, бехабар ҳастӣ?»
19И сказал им: о чем? Они сказали Ему: что было с Иисусом Назарянином, Который был пророк, сильный в деле и слове пред Богом и всем народом;
19Ба онҳо гуфт; «Аэ кадом воқеа?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз он чи ба Исои Носирй рӯй додааст, ки Ӯ пайғамбаре буд тавоно дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми қавм;
20как предали Его первосвященники и начальники наши для осуждения на смерть и распяли Его.
20«Чй гуна Ӯро саркоҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба қатл маҳкум шавад, ва Ӯро маслуб карданд;
21А мы надеялись было, что Он есть Тот, Который должен избавить Израиля; но совсем тем, уже третий день ныне, как это произошло.
21«Лекин мо умед доштем, ки Ӯ Ҳамон аст, ки бояд Исроилро наҷот диҳад; аммо, бо ин ҳама, имрӯз рӯзи сеюм аст, ки ин ба вуқӯъ омадааст;
22Но и некоторые женщины из наших изумили нас: они были рано у гроба
22«Вале баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андоҳтанд: онҳо бомдодон ба сари қабр рафтаанд,
23и не нашли тела Его и, придя, сказывали, что они видели и явление Ангелов, которые говорят, что Он жив.
23«Ва Ҷасади Ӯро наёфтаанд, ва омада гуфтанд, ки дар рӯъё фариштагонро низ дидаанд, ки мегӯянд: Ӯ зинда аст;
24И пошли некоторые из наших ко гробу и нашли так, как и женщины говорили, но Его не видели.
24«Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ӯро надидаанд».
25Тогда Он сказал им: о, несмысленные и медлительные сердцем, чтобы веровать всему, что предсказывали пророки!
25Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Эй бефаросатон ва сустдилон дар имоноварй ба он чи анбиё пешгӯй кардаанд!
26Не так ли надлежало пострадать Христу и войти в славу Свою?
26«Оё Масеҳро лозим набуд ҳамаи инро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ бирасад?»
27И, начав от Моисея, из всех пророков изъяснял им сказанное о Нем во всем Писании.
27Ва аз Мусо ва аз тамоми анбиё сар карда» он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод.
28И приблизились они к тому селению, в которое шли; и Он показывал им вид, что хочет идти далее.
28Ва онҳо ба деҳае ки сӯяш мерафтанд» наздик омаданд, ва Ӯ чунин вонамуд кард, ки мехоҳад онсӯтар биравад;
29Но они удерживали Его, говоря: останься с нами, потому что день уже склонился к вечеру. И Он вошел и остался с ними.
29Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бомо бимон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасаде. Ва Ӯ ворид шуда, бо онҳо монд.
30И когда Он возлежал с ними, то, взяв хлеб, благословил, преломил и подал им.
30Ва ҳангоме ки Ӯ бо онҳо назди суфра нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод.
31Тогда открылись у них глаза, и они узнали Его. Но Он стал невидим для них.
31Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуд, ва онҳо Ӯро шинохтанд; вале Ӯ аз назарашон нопадид шуд.
32И они сказали друг другу: не горело ли в нас сердце наше, когда Он говорил нам на дороге и когда изъяснял нам Писание?
32Ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Оё дили мо дар даруни мо намесӯхт, вакте ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Навиштаҳоро ба мо мефаҳмонд?»
33И, встав в тот же час, возвратились в Иерусалим и нашли вместе одиннадцать Апостолов и бывших с ними,
33Ва ҳамон соат бархоста, ба Ерусалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда,
34которые говорили, что Господь истинно воскрес и явился Симону.
34Мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан эҳьё шудааст ва ба Шимъӯн зоҳир гардидааст.
35И они рассказывали о происшедшем на пути, и как Он был узнан ими в преломлении хлеба.
35Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ ҳодиса рӯй дод, ва чй гуна Ӯро дар вақти пора кардани нон шинохтанд.
36Когда они говорили о сем, Сам Иисус стал посреди них и сказал им: мир вам.
36Вакте ки онҳо дар ин хусус гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод».
37Они, смутившись и испугавшись, подумали, что видят духа.
37Онҳо ба изтироб ва ҳарос афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд;
38Но Он сказал им: что смущаетесь, и для чего такие мысли входят в сердца ваши?
38Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро музтариб шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад?
39Посмотрите на руки Мои и на ноги Мои; это Я Сам; осяжите Меня и рассмотрите; ибо дух плоти и костей не имеет, как видите у Меня.
39«Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; Маро ламс кунед ва бубинед; зеро ки рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед».
40И, сказав это, показал им руки и ноги.
40Ва инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Ҳудро ба окҳо нишон дод.
41Когда же они от радости еще не верили и дивились, Он сказал им: есть ли у вас здесь какая пища?
41Ва чун онҳо аз шодй ҳанӯз бовар намекарданд ва мутааҷҷиб мешуданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?»
42Они подали Ему часть печеной рыбы и сотового меда.
42Пегди Ӯ як порча моҳии бирьён ва андаке асали мумдор монданд;
43И, взяв, ел пред ними.
43Ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.
44И сказал им: вот то, о чем Я вам говорил, еще быв с вами, что надлежит исполнитьсявсему, написанному о Мне в законе Моисеевом и в пророкахи псалмах.
44Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар суҳафи анбиё ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд».
45Тогда отверз им ум к уразумению Писаний.
45Он гоҳ зеҳни онҳоро равшдн кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд,
46И сказал им: так написано, и так надлежало пострадать Христу, и воскреснуть из мертвых в третий день,
46Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ укубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад.
47и проповедану быть во имя Его покаянию и прощению грехов во всех народах, начиная с Иерусалима.
47<Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миени ҳамаи ҳалқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад;
48Вы же свидетели сему.
48«Ва шумо шоҳидони ин ҳастед;
49И Я пошлю обетование Отца Моего на вас; вы же оставайтесь в городе Иерусалиме, доколе не облечетесь силою свыше.
49«Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вакте ки бо куввате аз олами боло фаро гирифта шавед».
50И вывел их вон из города до Вифании и, подняв руки Свои, благословил их.
50Ва онҳоро берун оварда, то Байт-Ҳинӣ бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод.
51И, когда благословлял их, стал отдаляться от них и возноситься на небо.
51Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо чудо шуда, ба осмон сууд кард.
52Они поклонились Ему и возвратились в Иерусалим с великою радостью.
52Ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Ерусалим баргаштанд,
53И пребывали всегда в храме, прославляя и благословляя Бога. Аминь.
53Ва ҳамеша дар маъбад буда, Худоро ҳамду сано мегуфтанд ва муборак мехонданд. Омин.