1ВА фариштаи қавии дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва бо абре фаро гирифта шуда буд, рангинкамоне бар сараш буд ва рухсораш монанди офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин;
1ثم رأيت ملاكا آخر قويا نازلا من السماء متسربلا بسحابة وعلى راسه قوس قزح ووجهه كالشمس ورجلاه كعمودي نار
2Дар дасташ китоби кушодае буд. Ва пои росташро бар баҳр гузошт, ва пои чапашро бар замин,
2ومعه في يده سفر صغير مفتوح فوضع رجله اليمنى على البحر واليسرى على الارض
3Ва бо овози баланд нидо кард, чунон ки шер наъра мекашад; ва ҳангоме ки вай нидо кард, ҳафт раъд бо садоҳои ҳуд сухан гуфтанд.
3وصرخ بصوت عظيم كما يزمجر الاسد. وبعدما صرخ تكلمت الرعود السبعة باصواتها.
4Ва ҳангоме ки ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд, мехостам бинависам; Лекин овозе аз осмон шунидам, ки ба ман мегӯяд: «Он чи ҳафт раъд гуфтанд, мӯҳр зан ва инро нанавис».
4وبعدما تكلمت الرعود السبعة باصواتها كنت مزمعا ان اكتب فسمعت صوتا من السماء قائلا لي اختم على ما تكلمت به الرعود السبعة ولا تكتبه.
5Ва он фаришта, ки ӯро дидам бар баҳр ва бар замин истода буд, дасташро сӯи осмон бардошт,
5والملاك الذي رأيته واقفا على البحر وعلى الارض رفع يده الى السماء
6Ва ба Ӯ, - ки то абад Зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, - қасам ёд кард, ки дигар вақт нахоҳад буд,
6واقسم بالحي الى ابد الآبدين الذي خلق السماء وما فيها والارض وما فيها والبحر وما فيه ان لا يكون زمان بعد
7Балки дар айеме ки садои фариштаи ҳафтум барояд, яъне вақге ки вай карнай навозад, сирри Худо анҷом ҳоҳад ёфт, чунон ки Ӯ ба бандагони Худ - анбиё башорат додааст.
7بل في ايام صوت الملاك السابع متى ازمع ان يبوّق يتم ايضا سرّ الله كما بشر عبيده الانبياء
8Ва овозе ки аз осмон шунидам, боз ба ман сухан ронда, гуфт: «Бирав ва китоби кушодаро аз дасти фариштае ки бар баҳр ва бар замин истодааст, бигир».
8والصوت الذي كنت قد سمعته من السماء كلمني ايضا وقال اذهب خذ السفر الصغير المفتوح في يد الملاك الواقف على البحر وعلى الارض.
9Ва назди фаришта рафта, бавайгуфтам: «Китобро ба ман деҳ». Гуфт: «Онро бигир ва бихӯр; он дар шикамат талх ҳоҳад шуд, аммо дар даҳонат мисли асал ширин ҳоҳад буд».
9فذهبت الى الملاك قائلا له اعطني السفر الصغير. فقال لي خذه وكله فسيجعل جوفك مرّا ولكنه في فمك يكون حلوا كالعسل.
10Ва китобро аз дасти фаришта гирифта, ҳӯрдам; ва он дар даҳонам мисли асал ширин буд; лекин вақте ки онро ҳӯрдам, шикамам талҳ шуд.
10فأخذت السفر الصغير من يد الملاك واكلته فكان في فمي حلوا كالعسل وبعد ما اكلته صار جوفي مرّا.
11Ва ба ман гуфт: «Ту боз дар бораи қавмҳо, ва қабилаҳо, ва забонҳо, ва подшоҳони бисьёр бояд нубувват кунӣ».
11فقال لي يجب انك تتنبأ ايضا على شعوب وامم وألسنة وملوك كثيرين