Tajik

الكتاب المقدس (Van Dyke)

Revelation

9

1ФАРИШТАИ панҷум карнай навохт, ва ситораи аз осмон ба замин афтодаро дидам, ва ба вай калиди чоҳи варта дода шудааст:
1ثم بوق الملاك الخامس فرأيت كوكبا قد سقط من السماء الى الارض وأعطي مفتاح بئر الهاوية.
2Вай чоҳи вартаро воз кард, ва аз чоҳ дуде мисли дуди танӯри бузурге берун омад; ва офтоб ва ҳаво аз дуди чоҳ торик шуд.
2ففتح بئر الهاوية فصعد دخان من البئر كدخان أتون عظيم فاظلمت الشمس والجو من دخان البئر.
3Ва аз дуд бар замин малахҳо баромаданд, ва ба онҳо он кудрате дода шудааст, ки каждумҳои замин доранд.
3ومن الدخان خرج جراد على الارض فأعطي سلطانا كما لعقارب الارض سلطان.
4Ва ба онҳо гуфта шудааст, ки ба алафи замин, ва ба ҳеҷ сабзае, ва ба ҳеҷ дарахте зарар нарасонанд, балки фақат ба одамоне ки бар пешонии шуд мӯҳри Худоро надоранд.
4وقيل له ان لا يضر عشب الارض ولا شيئا اخضر ولا شجرة ما الا الناس فقط الذين ليس لهم ختم الله على جباههم.
5Ва ба онҳо ихтиёр дода шудааст, ки одамонро накушанд, балки фақат панҷ моҳ азоб диҳанд; ва азоби онҳо монанди азоби каждум аст, вақте ки одамро заҳр мезанад.
5وأعطي ان لا يقتلهم بل ان يتعذبوا خمسة اشهر. وعذابه كعذاب عقرب اذا لدغ انسانا.
6Дар он айём одамон толиби марг хоҳанд шуд, вале онро наҳоҳанд ёфт; мурданро орзу хоҳанд кард, вале мамот аз онҳо хоҳад гурехт.
6وفي تلك الايام سيطلب الناس الموت ولا يجدونه ويرغبون ان يموتوا فيهرب الموت منهم.
7Намуди он малахҳо монанди аспҳое буд, ки барои ҷанг ороста шуда бошанд; бар каллаҳошон гӯё ки тоҷҳои тиллое буд, ва рухсорҳошон мисли рухсорҳои одамон;
7وشكل الجراد شبه خيل مهيّأة للحرب وعلى رؤوسها كأكاليل شبه الذهب ووجوهها كوجوه الناس.
8Ва мӯйҳошон мисли мӯйҳои занон, ва дандонҳошон мясли дандонҳои шер;
8وكان لها شعر كشعر النساء وكانت اسنانها كاسنان الأسود.
9Ва ҷавшанҳошон мисли ҷавшанҳои оҳанин, ва садои болҳошон мисли тақартақари аробаҳои ҷангӣ, вақте ки аспҳои бисьёр ба корзор мераванд;
9وكان لها دروع كدروع من حديد وصوت اجنحتها كصوت مركبات خيل كثيرة تجري الى قتال.
10Онҳо думҳое доштанд мисли каждумҳо, ва дар думҳошон - нешҳо, ва қудраташон ин буд, ки ба одамон панҷ моҳ зарар расонанд.
10ولها اذناب شبه العقارب وكانت في اذنابها حمات وسلطانها ان تؤذي الناس خمسة اشهر.
11Онҳо бар худ подшоҳе доштанд, ки фариштаи варта аст; номи он ба забони ибронӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн аст.
11ولها ملاك الهاوية ملكا عليها اسمه بالعبرانية أبدّون وله باليونانية اسم ابوليون.
12Як мусибат гузашт; инак, аз қафои он боз ду мусибат меояд.
12الويل الواحد مضى هوذا يأتي ويلان ايضا بعد هذا
13Фариштаи шашум карнай навохт, ва аз чор шохи қурбонгоҳи тилло, ки дар пеши Худо истода буд, овозе шунидам,
13ثم بوق الملاك السادس فسمعت صوتا واحدا من اربعة قرون مذبح الذهب الذي امام الله
14Ки ба фариштаи шашуми карнайдор мегуфт: «Он чор фариштаро, ки назди дарьёи бузурги Фурот дар қайду банд мебошанд, озод намо».
14قائلا للملاك السادس الذي معه البوق فك الاربعة الملائكة المقيدين عند النهر العظيم الفرات.
15Ва он чор фаришта озод гардиданд, ки барои соат ва рӯз ва моҳ ва соли муайян тайёр пгуда буданд, то ки сеяки одамонро бикушанд.
15فانفك الاربعة الملائكة المعدّون للساعة واليوم والشهر والسنة لكي يقتلوا ثلث الناس.
16Шумораи қӯшуни савора ду бевари беварҳо буд: ман шумораи онро шунидам.
16وعدد جيوش الفرسان مئتا الف الف. وانا سمعت عددهم.
17Ба ҳамин тариқа ман дар рӯъё аспон ва саворони онҳоро дидам, ки ҷавшанҳое ба ранги оташ ва ёкути зард ва кибрит доштанд; каллаҳои аспон мисли каллаҳои шерон буд, ва аз даҳони онҳо оташ, дуд ва кибрит мебаромад.
17وهكذا رأيت الخيل في الرؤيا والجالسين عليها. لهم دروع نارية واسمانجونية وكبريتية ورؤوس الخيل كرؤوس الأسود ومن افواهها يخرج نار ودخان وكبريت.
18Аз ин се бало, яъне оташ, дуд ва кибрит, ки аз даҳони онҳо мебаромад, сеяки одамон мурданд;
18من هذه الثلاثة قتل ثلث الناس من النار والدخان والكبريت الخارجة من افواهها.
19Зеро ки кудрати аспон дар даҳонашон ва дар думҳошон буд; ва думҳошон монанди морҳо буда, калла доштанд, ва ба воситаи онҳо осеб мерасондавд.
19فان سلطانها هو في افواهها وفي اذنابها لان اذنابها شبه الحيّات ولها رؤوس وبها تضر.
20Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо намурда буданд, аз аъмоли дастҳои худ тавба накарданд, ва ибодати девҳо ва бутҳои тилло, нукра, мис, санг ва ҷӯбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк нанамуданд.
20واما بقية الناس الذين لم يقتلوا بهذه الضربات فلم يتوبوا عن اعمال ايديهم حتى لا يسجدوا للشياطين واصنام الذهب والفضة والنحاس والحجر والخشب التي لا تستطيع ان تبصر ولا تسمع ولا تمشي
21Ва онҳо аз одамкушиҳо, ҷодугариҳо, зинокорӣ ва дуздиҳои худ тавба накарданд.
21ولا تابوا عن قتلهم ولا عن سحرهم ولا عن زناهم ولا عن سرقتهم