1ВА ҳангоме ки Ӯ мӯҳри ҳафтумро бардошт, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ барқарор шуд.
1ولما فتح الختم السابع حدث سكوت في السماء نحو نصف ساعة.
2Ва ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шудааст.
2ورأيت السبعة الملائكة الذين يقفون امام الله وقد أعطوا سبعة ابواق
3Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бксьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад.
3وجاء ملاك آخر ووقف عند المذبح ومعه مبخرة من ذهب وأعطي بخورا كثيرا لكي يقدمه مع صلوات القديسين جميعهم على مذبح الذهب الذي امام العرش.
4Ва дуди буҳур бо дуоҳои муқаддасон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо сууд намуд.
4فصعد دخان البخور مع صلوات القديسين من يد الملاك امام الله.
5Ва фаришта маҷмарро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, вабар замин партофт; ва садоҳо, ва раъдҳо ва барқҳо, ва заминҷубй ба вуқӯъ омад.
5ثم اخذ الملاك المبخرة وملأها من نار المذبح والقاها الى الارض فحدثت اصوات ورعود وبروق وزلزلة
6Ва он ҳафт фариштае ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан тайёр шуданд.
6ثم ان السبعة الملائكة الذين معهم السبعة الابواق تهيّأوا لكي يبوّقوا.
7Фариштаи якум карнай кавоҳт, ва жола ва оташ омехта бо хун ба вуҷуд омад, ва ба замин борид; ва сеяки дарахтон сӯхт, ва тамоми алафи сабз сӯхт.
7فبوّق الملاك الاول فحدث برد ونار مخلوطان بدم وألقيا الى الارض فاحترق ثلث الاشجار واحترق كل عشب اخضر
8Фариштаи дуюм карнай навохт, ва чизе монанди кӯҳи азими оташ дар баҳр сарнагун шуд; ва сеяки баҳр ба хун мубаддал гашт,
8ثم بوق الملاك الثاني فكأن جبلا عظيما متقدا بالنار ألقي الى البحر فصار ثلث البحر دما.
9Ва сеяки махлуқоти ҷондори баҳр мурданд, ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.
9ومات ثلث الخلائق التي في البحر التي لها حياة وأهلك ثلث السفن
10Фариштаи сеюм карнай навохт, ва аз осмон ситораи бузурге афтод, ки монанди машъал фурӯзон буд, ва он бар сеяки дарьёҳо ва бар чашмаҳои обҳо афтод.
10ثم بوق الملاك الثالث فسقط من السماء كوكب عظيم متقد كمصباح ووقع على ثلث الانهار وعلى ينابيع المياه.
11Ва номи ин ситора Явшон буд; ва сеяки обҳо ба явшон мубаддал гашт, ва бисьёре аз одамон аз обҳо мурданд, чунки обҳо талх шуда буд.
11واسم الكوكب يدعى الافسنتين فصار ثلث المياه افسنتينا ومات كثيرون من الناس من المياه لانها صارت مرّة
12Фариштаи чорум карнай навохт, ва сеяки офтоб ва сеяки моҳтоб ва сеяки ситораҳо зарар дид, ба тавре ки сеяки онҳо торик шуд, ва сеяки рӯз, - ва ҳамчунин шаб, - равшан набуд.
12ثم بوّق الملاك الرابع فضرب ثلث الشمس وثلث القمر وثلث النجوم حتى يظلم ثلثهنّ والنهار لا يضيء ثلثه والليل كذلك.
13Ва як фариштаро дидам ва шунидам, ки дар миёнаи осмон парвоз карда, бо овози баланд мегӯяд: «Вой, вой, вой бар ҳоли сокинони замин аз садоҳои дигари карнайҳои се фаришта, ки хоҳанд навоҳт!»
13ثم نظرت وسمعت ملاكا طائرا في وسط السماء قائلا بصوت عظيم ويل ويل ويل للساكنين على الارض من اجل بقية اصوات ابواق الثلاثة الملائكة المزمعين ان يبوّقوا