Tajik

Russian 1876

1 Corinthians

11

1БА ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам.
1Будьте подражателями мне, как я Христу.
2Шуморо, зй бародарон, барои он таҳсин менамоям, ки дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ доштаед.
2Хвалю вас, братия, что вы все мое помните и держите предания так, как я передал вам.
3Ҳамчунин мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост.
3Хочу также, чтобы вы знали, что всякому мужу глава Христос, жене глава – муж, а Христу глава – Бог.
4Ҳар марде ки сари пӯншда дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад;
4Всякий муж, молящийся или пророчествующий с покрытою головою, постыжает свою голову.
5Ва ҳар зане ки сари луч дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунац, зеро ин мисли он аст, ки мӯйсараш тарошида шуда бошад;
5И всякая жена, молящаяся или пророчествующая с открытою головою, постыжает свою голову, ибо это то же, как если бы она была обритая.
6Зеро, агар зан нахоҳад, ки сари худро пӯшонад, бигзор мӯяшро қайчӣ кунад; ва агар зан аз қайчй кардан ё тароншдани мӯяш шарм дошта бошад, бигзор сари худро пӯшонад.
6Ибо если жена не хочет покрываться, то пусть и стрижется; а если жене стыдно быть остриженной илиобритой, пусть покрывается.
7Хуллас, мард набояд сари худро пӯшонад, чунки ӯ сурат ва ҷалоли Худост; аммо зан ҷалоли мард аст.
7Итак муж не должен покрывать голову, потому что он есть образ и слава Божия; а жена есть слава мужа.
8Зеро ки на мард аз зан аст, балки зан аз мард;
8Ибо не муж от жены, но жена от мужа;
9Ва на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард.
9и не муж создан для жены, но жена для мужа.
10Бинобар ин зан бояд бар сараш нишонаи ихтиёрро ба хотири фариштагон дошта бошад.
10Посему жена и должна иметь на голове своей знак власти над нею , для Ангелов.
11Лекин дар Худовапд на мард бе зан аст, на зан бе мард аст:
11Впрочем ни муж без жены, ни жена без мужа, в Господе.
12Зеро, чунон ки зан аз мард аст, ончукон мард низ ба воситаи зан аст; ва ҳамаи ин аз Худост.
12Ибо как жена от мужа, так и муж через жену; все же – от Бога.
13Худатон мулоҳиза кунед, ки оё аз рӯи одоб аст, ки зан сари нопӯпшда пеши Худо дуо гӯяд?
13Рассудите сами, прилично ли женемолиться Богу с непокрытою головою ?
14Оё худи табиат шуморо таълим намедиҳад, ки агар мард мӯяшро дароз кунад, ин барои ӯ нанг аст,
14Не сама ли природа учит вас, что если муж растит волосы, то это бесчестье для него,
15Аммо агар зан мӯяшро дароз кунад, ин барои вай шаъну шараф аст, чунки мӯй ба вай ба ҷои ҳиҷоб дода пгудааст?
15но если жена растит волосы, для нее это честь, так как волосы даны ей вместо покрывала?
16Ва агар касе мунозира карданй бошад, мо ва калисоҳои Худо чунин одат надорем.
16А если бы кто захотел спорить, то мы не имеем такого обычая, ни церкви Божии.
17Лекин, ин дастурро дода, шуморо барои он таҳсин намекунам, ки на аз барои некӣ, балки аз барои бадӣ ҷамъ мешавед.
17Но, предлагая сие, не хвалю вас , что вы собираетесь не на лучшее, а на худшее.
18Зеро, аввалан, шунидам, ки дар миёни шумо, вақте ки дар калисо ҷамъ мешавед, ихтилофот рӯй медиҳад, ки ба ин ман як қадар бовар мекунам.
18Ибо, во-первых, слышу, что, когда вы собираетесь вцерковь, между вами бывают разделения, чему отчасти и верю.
19Зеро ки дар миёни шумо гуногуиии ақидаҳо низ бояд бошад, то ки корозмудагон дар миёни пгумо зоҳир гарданд.
19Ибо надлежит быть и разномыслиям между вами, дабы открылись между вами искусные.
20Сонй, дар як ҷо ҷамъ шуданатоь: барои хӯрдани таоми шоми Худованд нест;
20Далее, вы собираетесь, так, что это не значит вкушать вечерю Господню;
21Зеро ҳар кас аз дигарон пештар хӯроки худро гирифта мехӯрад, ва яке гурусна мемонад, ва дигаре маст мешавад.
21ибо всякий поспешает прежде других есть свою пищу, так что иной бывает голоден, а иной упивается.
22Магар шумо хона надоред, ки дар он биҳӯред ва бинӯшед? Ё ки ба калисои Худо беэътиной мекунед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чй гӯям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам.
22Разве у вас нет домов на то, чтобы есть и пить? Или пренебрегаете церковь Божию и унижаете неимущих? Что сказать вам? похвалить ли вас за это? Не похвалю.
23Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ӯро таслим карданд, нонро гирифт
23Ибо я от Самого Господа принял то, что и вам передал, что Господь Иисус в ту ночь, в которую предан был, взял хлеб
24Ва баракат дода, пора кард ва гуфт: "Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред".
24и, возблагодарив, преломил и сказал: приимите, ядите, сие есть Тело Мое, за вас ломимое; сие творите в Мое воспоминание.
25Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: "Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред."
25Также и чашу после вечери, и сказал: сия чаша есть новый завет в Моей Крови; сие творите,когда только будете пить, в Мое воспоминание.
26Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро менӯшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд.
26Ибо всякий раз, когда вы едите хлеб сей и пьете чашу сию, смерть Господню возвещаете, доколе Онпридет.
27Бинобар ин ҳар кй ба таври ношоиста ин нонро бихӯрад ё косаи Худовандро бинӯшад, бар зидди Бадан ва Хуни Худованд айбдор хоҳад шуд.
27Посему, кто будет есть хлеб сей или пить чашу Господню недостойно, виновен будет против Тела и Крови Господней.
28Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад.
28Да испытывает же себя человек, и таким образом пусть ест от хлеба сего и пьет из чаши сей.
29Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихӯрад ва бинӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад.
29Ибо, кто ест и пьет недостойно, тот ест и пьет осуждение себе, не рассуждаяо Теле Господнем.
30Ба ҳамин сабаб бисьёре аз шумо оҷиз ва бемор ҳастанд, ва бисьёре мурдаанд.
30От того многие из вас немощны и больны и немало умирает.
31Зеро, агар худамон худро доварй мекардем, ба доварӣ дучор намепгудем.
31Ибо если бы мы судили сами себя, то не были бы судимы.
32Модоме ки ба доварй дучор шудаем, аз ҷохшби Худодованд ҷазо мебинем, то ки бо аҳли ҷаҳон маҳкум нагардем.
32Будучи же судимы, наказываемся от Господа, чтобы не быть осужденными с миром.
33Бинобар ин, эй бародаронам, вақте ки барои таоми шом ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед.
33Посему, братия мои, собираясь на вечерю, друг друга ждите.
34Ва агар касе гурусна бошад, дар хонааш бихӯрад, то ки ҷамъ шуданатон сабаби маҳкумияти шумо нагардад. Чизҳои дигарро пас аз омаданам дуруст хоҳам кард.
34А если кто голоден, пусть ест дома, чтобы собираться вам не на осуждение. Прочее устрою, когда приду.