Tajik

Russian 1876

1 Thessalonians

2

1ХӮДИ шумо, эй бародарон, медонед, ки омадани мо назди шумо бе натиҷа набуд;
1Вы сами знаете, братия, о нашем входе к вам, что он был не бездейственный;
2Мо пеш аз он дар Филиппй, чунон ки медонед, азобу уқубат кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ қавӣ гардидем, то ки дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем.
2но, прежде пострадав и быв поруганы в Филиппах, как вы знаете, мы дерзнули в Боге нашем проповедать вам благовестие Божие с великим подвигом.
3Зеро ки исрори мо аз рӯи иштибоҳ ё нопокй ё макр нест,
3Ибо в учении нашем нет ни заблуждения, ни нечистых побуждений , ни лукавства;
4Балки, чй тавре ки Худо моро лоиқ донист, ки башорат ба мо супурда шавад, ҳамон тавр мо сухан меронем ва толиби он нестем, ки ба одамон писағд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад.
4но, как Бог удостоил нас того, чтобы вверить нам благовестие, так мы и говорим, угождая не человекам, но Богу, испытующему сердца наши.
5Зеро ки мо ҳаргиз, чунон ки медонед, бо тамаллуқ гап назадаем ва ба чизе тамаъ накардаем - Худо шоҳид аст! -
5Ибо никогда не было у нас перед вами ни слов ласкательства, как вы знаете, ни видов корысти: Бог свидетель!
6Ва ҷалолро аз одамизод толиб нашудаем, на аз шумо ва на аз дигарон.
6Не ищем славы человеческой ни от вас, ни от других:
7Мо, ҳамчун ҳаввориёни Масеҳ, метавонистем бо ихтиеру қудрат рафтор кунем, аммо дар миёни шумо мулоим будем, монанди дояе ки кӯдакони худро навозиш мекунад.
7мы могли явиться с важностью, как Апостолы Христовы,но были тихи среди вас, подобно как кормилица нежно обходится с детьми своими.
8Мо чунон ба шумо дил бастаем, ки хостем ба шумо на танҳо башорати Худоро бидиҳем, балки ҷонҳои худро низ дар роҳи шумо фидо созем, азбаски шумо ба мо азиз будед.
8Так мы, из усердия к вам, восхотелипередать вам не только благовестие Божие, но и души наши, потому что вы стали нам любезны.
9Зеро ки шумо, эй бародарон, заҳмат ва ранҷи моро дар ҳотир доред: шабу рӯз кор кардем, бе он ки ба касе аз шумо гаронӣ кунем, мо башорати Худоро ба шумо мавъиза менамудем.
9Ибо вы помните, братия, труд наш и изнурение: ночью и днем работая, чтобы не отяготить кого из вас, мы проповедывали у вас благовестие Божие.
10Шумо шоҳид ҳастед ва Худо низ, ки чй гуна пеши шумо, имондорон, мо муқаддасона ва одилона ва бенуқсон рафтор кардем;
10Свидетели вы и Бог, как свято и праведно и безукоризненно поступали мы перед вами, верующими,
11Ва шумо медонед, ки чӣ гуна ҳар яке аз шуморо, мисли падар фарзандони худро,
11потому что вы знаете, как каждого из вас, как отецдетей своих,
12Насиҳат медодем, дилдорӣ мекардем ва вазифадор менамудем, ки муносиби Худо, ки шуморо ба Малакут ва ҷалоли Худ даъват менамояд, рафтор кунед.
12мы просили и убеждали и умоляли поступать достойно Бога, призвавшего вас в Свое Царство и славу.
13Ба ни сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо пгунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад.
13Посему и мы непрестанно благодарим Бога, что, приняв от нас слышанное слово Божие, вы приняли не какслово человеческое, но как слово Божие, – каково оно есть по истине, –которое и действует в вас, верующих.
14Зеро ки шумо, эй бародарон, ба калисоҳои Худо, ки дар Яҳудо дарИсоиМасеҳ мебошанд, тақлид намудед,чунки шумо аз дасти ҳамватанони худ ҳамон укубатро дидаед, ки онҳо низ аз дасти яҳудиён дидаанд,
14Ибо вы, братия, сделались подражателями церквам Божиим во Христе Иисусе, находящимся в Иудее, потому что и вы тоже претерпели от своих единоплеменников, что и те от Иудеев,
15Ки Исои Худованд ва анбиёро куштанд, ва моро гирифтори таъқибот карданд, ва дар назари Худо писанд намеоянд, ва ба ҳамаи одамон муқобиланд,
15которые убили и Господа Иисуса и Его пророков, и нас изгнали, и Богу не угождают,и всем человекам противятся,
16Ва ба мо монеъ мешаванд ба халқҳо бигӯем, ки наҷот ёбанд, ва ба ин васила ҳамеша зарфи гуноҳҳои худро лабрез мекунанд; аммо, ниҳоят, ба ғазаб гирифтор шуданд.
16которые препятствуют нам говорить язычникам, чтобы спаслись, и через это всегда наполняют меру грехов своих; но приближается на них гнев до конца.
17Лекин мо, эй бародарон, баъд аз он ки ба муддати кӯтоҳе ҷисман, на қалбан, аз шумо ҷудо шудем, бо иштиёқи зиёдтар саъю кӯшиш намудем, ки рӯи шуморо бубинем,
17Мы же, братия, быв разлучены с вами на короткое время лицем, а не сердцем, тем с большим желанием старались увидеть лице ваше.
18Ва ба ин сабаб мо, - яъне ман, Павлус, - якду маротиба хостем назди шумо биёем, вале шаитон ба мо монеъ шуд.
18И потому мы, я Павел, и раз и два хотели прийти к вам, но воспрепятствовал нам сатана.
19Зеро кист умеди мо, ё шодмонии мо, ё тоҷи фахри мо дар хузури Худованди мо Исои Масеҳ дар вақти омадани Ӯ - оё шумо нестед?
19Ибо кто наша надежда, или радость, или венец похвалы? Не и вы ли пред Господом нашим Иисусом Христом в пришествие Его?
20Оре, шумо ҷалол ва шодмонии мо ҳастед.
20Ибо вы – слава наша и радость.