1БИНОБАР ин мо дигар сабр карда натавонистем ва розӣ шудем дар Атино танҳо монем,
1И потому, не терпя более, мы восхотели остаться в Афинах одни,
2Ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва хизматгузори Худо ва ҳамкори мо дар башорати Масеҳ аст, фиристодем, то ки шуморо дар имонатон устувор гардонад ва тасаллӣ диҳад,
2и послали Тимофея, брата нашего и служителя Божия и сотрудника нашего в благовествовании Христовом, чтобы утвердить вас и утешить в вере вашей,
3То ки ҳеҷ кас дар ии азобу уқубатҳо дудила нашавад, зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо.
3чтобы никто не поколебался в скорбях сих: ибо вы сами знаете, что так нам суждено.
4Зеро ки мо ҳамон вакт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгӯӣ кардем, ки моро азобу уқубат дар пеш аст, чунон ки низ ба вуқӯъ омад, ва шумо медонед.
4Ибо мы и тогда, как были у вас, предсказывали вам, что будем страдать, как и случилось, и вы знаете.
5Аз ин рӯ ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ӯро фиристодам, ки имони шуморо бифаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад.
5Посему и я, не терпя более, послал узнать о вере вашей, чтобы как не искусил вас искуситель и не сделался тщетнымтруд наш.
6Аммо акнун, ки Тимотиюс аз пеши шумо назди мо омад ва муждаи имон ва муҳаббати шуморо ба мо расонд, ва ин ки шумо ҳамеша моро ба некй ёд мекунед ва муштоқи дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ муштоқи дидори шумо ҳасгем, -
6Теперь же, когда пришел к нам от вас Тимофей и принес нам добрую весть о вере илюбви вашей, и что вы всегда имеете добрую память о нас, желая нас видеть, как и мы вас,
7Пас мо, эй бародарон, бо вуҷуди тамоми андӯҳ ва азобу укубати худ, аз имони шумо тасаллӣ ёфтем,
7то мы, при всей скорби и нужде нашей, утешились вами, братия, ради вашей веры;
8Чунки акнун мо зинда ҳастем, модоме ки шумо дар Худованд қоим мебошед.
8ибо теперь мы живы, когда вы стоите в Господе.
9Зеро чй гуна мо метавонем ба Худо барои шумо шукргузорӣ кунем, барои тамоми шодмоние ки дар бораи шумо ба ҳузури Худои мо дорем,
9Какую благодарность можем мы воздать Богу за вас, за всю радость, которою радуемся о вас пред Богом нашим,
10Ки шабу рӯз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегӯем, ки бо шумо рӯ ба рӯ шавем ва камии имони шуморо пур кунем?
10ночь и день всеусердно молясь о том, чтобы видеть лице ваше и дополнить, чего недоставало вере вашей?
11Худи Худо ва Падари мо ва Худованди мо Исои Масеҳ роҳи моро сӯи шумо рост оварад.
11Сам же Бог и Отец наш и Господь наш Иисус Христос да управит путь наш к вам.
12Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, чунон ки мо низ ба шумо муҳаббат дорем,
12А вас Господь да исполнит и преисполнит любовью друг к другу и ко всем, какою мы исполнены к вам,
13Ва дилҳои шуморо устувор гардонад, то ки дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Ӯ дар кудсият ба ҳузури Худо ва Падари мо беайб бошед. Омин.
13чтобы утвердить сердца ваши непорочными во святыне пред Богом и Отцем нашим в пришествие Господа нашего Иисуса Христа со всеми святыми Его. Аминь.