1ДАР он айём аз ҷониби қайсар Авғустус фармоне баромад, ки дар тамоми рӯи замин саршуморй гузаронанд.
1В те дни вышло от кесаря Августа повеление сделать перепись по всей земле.
2Дар замоне ки Кириниюс дар Сурия ҳукмронӣ мекард, ин саршуморӣ аввалин буд.
2Эта перепись была первая в правление Квириния Сириею.
3Ва ҳама барои нависондани худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд.
3И пошли все записываться, каждый в свой город.
4Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудо , ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ӯ аз хонадон ва авлоди Довуд буд,
4Пошел также и Иосиф из Галилеи, из города Назарета, в Иудею, в город Давидов, называемый Вифлеем, потому что он был из дома и рода Давидова,
5То худро бо Марьям, ки номзади ӯ ва ҳомиладор буд, нависонад.
5записаться с Мариею, обрученною ему женою, которая была беременна.
6Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид;
6Когда же они были там, наступило время родить Ей;
7Ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.
7и родила Сына своего Первенца, и спеленала Его, и положила Его в ясли, потому что не было им места в гостинице.
8Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонй мекарданд.
8В той стране были на поле пастухи, которые содержали ночную стражу у стада своего.
9Ва фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо бағоят ҳаросон пгуданд.
9Вдруг предстал им Ангел Господень, и слава Господня осияла их; и убоялись страхом великим.
10Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм ҳоҳад буд:
10И сказал им Ангел: не бойтесь; я возвещаю вам великую радость, которая будет всем людям:
11«Имруз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст;
11ибо ныне родился вам в городе Давидовом Спаситель,Который есть Христос Господь;
12«Ва ин аст аломат барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт».
12и вот вам знак: вы найдете Младенца в пеленах, лежащего в яслях.
13Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:
13И внезапно явилось с Ангелом многочисленное воинство небесное, славящее Бога и взывающее:
14«Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагй бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод».
14слава в вышних Богу, и на земле мир, в человеках благоволение!
15Вақте ки фариштагон аз пеши онҳо ба осмон сууд карданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он чиро, ки дар он ҷо воқеъ шудааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бубинем».
15Когда Ангелы отошли от них на небо, пастухи сказали друг другу: пойдем в Вифлеем и посмотрим, что там случилось, о чем возвестил нам Господь.
16Ва бо шитоб омаданд, ва Марьям ва Юсуф ва Кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.
16И, поспешив, пришли и нашли Мариюи Иосифа, и Младенца, лежащего в яслях.
17Ва чун диданд, он суханеро, ки ба онҳо дар бораи Ин Кӯдак гуфта шуда буд, нақл карданд.
17Увидев же, рассказали о том, что было возвещено им о Младенце Сем.
18Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, мутааҷҷиб шуданд.
18И все слышавшие дивились тому, что рассказывали им пастухи.
19Ва Марьям ҳамаи ин суханонро дар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт.
19А Мария сохраняла все слова сии, слагая в сердце Своем.
20Ва чӯпонон баргашта, Худоро ҳамду сано меҳонаданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд.
20И возвратились пастухи, славя и хваля Бога за все то, что слышали и видели, как им сказано было.
21Вақге ки дар ҳаштрӯзагӣ Ӯро хатна карданд, ба Ӯ Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ӯро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд.
21По прошествии восьми дней, когда надлежало обрезать Младенца , дали Ему имя Иисус, нареченное Ангелом прежде зачатия Его во чреве.
22Ва ҳангоме ки айёми татҳири онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ӯро ба Ерусалим оварданд, то киба Худованд пешниҳод кунанд,
22А когда исполнились дни очищения их по закону Моисееву, принесли Его в Иерусалим, чтобы представить пред Господа,
23Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: "Ҳар махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд, муқаддаси Худованд хонда мешавад";
23как предписано в законе Господнем, чтобы всякий младенец мужеского пола, разверзающий ложесна, был посвящен Господу,
24Ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар курбонӣ кунанд.
24и чтобы принести в жертву, по реченному в законеГосподнем, две горлицы или двух птенцов голубиных.
25Ва инак, дар Ерусалим Шимъӯн ном марде буд, ки марди одил ва парҳезгор ва мунтазири тасаллои Исроил буд, ва Рӯҳулқудс бар ӯ буд.
25Тогда был в Иерусалиме человек, именем Симеон. Он был муж праведный и благочестивый, чающий утешения Израилева; и Дух Святый был на нем.
26Ва аз Рӯҳулқудс ба ӯ маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, фавтро нахоҳад дид.
26Ему было предсказано Духом Святым, что он не увидит смерти, доколе не увидит Христа Господня.
27Ва ӯ ба ҳидояти Рӯҳ ба маъбад омад. Ва ҳангоме ки Исои Кӯдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ӯ ба ҷо оваранд,
27И пришел он по вдохновению в храм. И, когда родители принесли Младенца Иисуса, чтобы совершить над Ним законный обряд,
28Ӯро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт:
28он взял Его на руки, благословил Бога и сказал:
29«Акнун, Эй Парвардигор, бандаи Худро, мувофиқи ваъдаи Худ, ба саломатӣ ҷавоб медиҳӣ;
29Ныне отпускаешь раба Твоего, Владыко, по слову Твоему, с миром,
30«Зеро ки чашмони ман наҷоти Туро дид,
30ибо видели очи мои спасение Твое,
31«Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо муҳайё сохтй:
31которое Ты уготовал пред лицем всех народов,
32«Нурест, ки чашми халқҳоро кушояд, ва ҷалоли қавми Исроили Ту бошад».
32свет к просвещению язычников и славу народа Твоего Израиля.
33Ва Юсуф ва модари Ӯ аз он чи дар бораи Ӯ гуфта шуд, мутааҷҷиб гардиданд.
33Иосиф же и Матерь Его дивились сказанному о Нем.
34Ва Шимъӯн онҳоро баракат дода, ба Марьям, модари Ӯ, гуфт: «Инак, Ӯ барои ғалтидан ва бархостани бисьёр касон дар Исроил ва барои аломати муноқишот таъин шудааст, -
34И благословил их Симеон и сказал Марии, Матери Его: се, лежит Сей на падение и на восстаниемногих в Израиле и в предмет пререканий, –
35«Дар ҷони Ту низ шамшере фурӯ хоҳад рафт, - то ки андешаҳои дилҳои бисьёр ошкор шавад».
35и Тебе Самой оружие пройдет душу, – да откроются помышления многих сердец.
36Дар он ҷо низ набияе, Ҳано духтари Фануил, аз сибти Ошер буд, ки хеле солхӯрда буд, ва аз давраи бакораташ ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагй карда буд,
36Тут была также Анна пророчица, дочь Фануилова, от колена Асирова, достигшая глубокой старости, прожив с мужем от девства своего семь лет,
37Ва то ҳаштоду чорсолагй бева буд. Вай аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард.
37вдова лет восьмидесяти четырех, которая не отходила от храма, постом и молитвою служа Богу день и ночь.
38Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Ҳудовандро ҳамду сано хонд ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Ерусалим буданд, дар бораи Ӯ сухан ронд.
38И она в то время, подойдя, славила Господа и говорила о Нем всем, ожидавшим избавления в Иерусалиме.
39Баъд аз он ки тамоми маросимро мувофики шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд.
39И когда они совершили все по закону Господню, возвратились в Галилею, в город свой Назарет.
40Ва Кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавй мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ӯ буд.
40Младенец же возрастал и укреплялся духом, исполняясь премудрости, и благодать Божия была на Нем.
41Ҳар сол падару модари ӯ барои иди фисҳ ба Ерусалим мерафтанд.
41Каждый год родители Его ходили в Иерусалим на праздник Пасхи.
42Инчунин вақте ки Ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯи таомули ид ба Ерусалим омаданд,
42И когда Он был двенадцати лет, пришли они также по обычаю в Иерусалим на праздник.
43Ва ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Ӯ пайхас нарафтанд,
43Когда же, по окончании дней праздника , возвращались, остался Отрок Иисус в Иерусалиме; и не заметили тогоИосиф и Матерь Его,
44Ба гумони он ки Ӯ бо аҳли қофила меояд; ва як рӯз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба чустуҷӯи Ӯ шурӯъ карданд;
44но думали, что Он идет с другими. Пройдя же дневной путь, стали искать Его между родственниками и знакомыми
45Ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтаниӮ баЕрусалим баргаштанд.
45и, не найдя Его, возвратились в Иерусалим, ища Его.
46Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбад ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод;
46Через три дня нашли Его в храме, сидящего посреди учителей, слушающего их и спрашивающего их;
47Ва ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷиб мешуданд.
47все слушавшие Его дивились разуму и ответам Его.
48Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модари Ӯ ба Ӯ гуфт: «Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хӯрда, Туро ҷустучӯ кардем».
48И, увидев Его, удивились; и Матерь Его сказала Ему: Чадо! что Ты сделал с нами? Вот, отец Твой и Я с великою скорбью искали Тебя.
49Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро чустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?»
49Он сказал им: зачем было вам искать Меня? или вы не знали, что Мне должно быть в том, что принадлежит Отцу Моему?
50Вале онҳо ба суханоне ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд.
50Но они не поняли сказанных Им слов.
51Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва дар итоати онҳо буд. Ва модари Ӯ ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт.
51И Он пошел с ними и пришел в Назарет; и был в повиновении у них. И Матерь Его сохраняла все слова сии в сердце Своем.
52Ва Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард.
52Иисус же преуспевал в премудрости и возрасте и в любви у Бога и человеков.