1БАЪД аз гузаштани шанбе, Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит ҳанут хариданд, то рафта Ӯро тадҳин кунанд.
1По прошествии субботы Мария Магдалина и Мария Иаковлева и Саломия купили ароматы, чтобы идти помазать Его.
2Ва саҳарии рӯзи якшанбе, чун офтоб тулуъ кард, онҳо ба сари қабр омаданд,
2И весьма рано, в первый день недели, приходят ко гробу, при восходе солнца,
3Ва ба ҳамдигар мегуфтанд: «Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?»
3и говорят между собою: кто отвалит нам камень от двери гроба?
4Чун нитаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисьёр бузург буд.
4И, взглянув, видят, что камень отвален; а он был весьма велик.
5Ва чун ба қабр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд.
5И, войдя во гроб, увидели юношу, сидящего на правой стороне, облеченного в белую одежду; и ужаснулись.
6Вай ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед. Исои Носирии маслубро ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ эҳьё шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро ниҳода буданд.
6Он же говорит им: не ужасайтесь. Иисуса ищете Назарянина, распятого; Он воскрес, Его нет здесь. Вот место, где Он был положен.
7«Лекин рафта, ба шогирдоии Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо ҳоҳед дид».
7Но идите, скажите ученикам Его и Петру, что Он предваряет вас в Галилее; там Его увидите, как Он сказал вам.
8Ва зуд баромада, тозон аз пеши қабр рафтанд; онҳоро ларза ва даҳшат фаро гирифта буд, ва ба касе чизе нагуфтанд, зеро ки метарсиданд.
8И, выйдя, побежали от гроба; их объял трепет и ужас, и никому ничего не сказали, потому чтобоялись.
9Саҳарии рӯзи якшанбе эҳьё шуда, аввал ба Марьями Маҷдалия, ки аз вай ҳафт девро берун карда буд, зоҳир шуд.
9Воскреснув рано в первый день недели, Иисус явился сперва Марии Магдалине, из которой изгнал семь бесов.
10Вай рафта, ба ҳамроҳони Ӯ, ки гирьену нолон буданд, ҳабар дод;
10Она пошла и возвестила бывшим с Ним, плачущим и рыдающим;
11Лекин онҳо, чун шуниданд, ки Ӯ зинда аст, ва Ӯро вай дидааст, - бовар накарданд.
11но они, услышав, что Он жив и она видела Его, - не поверили.
12Баъд аз он ба сурати дигар ба ду нафари онҳо, ки ба Деҳа мерафтанд, дар роҳ зоҳир шуд.
12После сего явился в ином образе двум из них на дороге, когда они шли в селение.
13Ва онҳо баргашта, ба дигарон ҳабар доданд; Лекин ба онҳо низ бовар накарданд.
13И те, возвратившись, возвестили прочим; но и им не поверили.
14Ниҳоят ба он ёздаҳ, ки дар сари суфра нишаста буданд, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонй ва дилсахтиашон сарзаниш кард, зеро ба онҳое ки Ӯро эҳьёшуда дида буданд? бовар накардаанд.
14Наконец, явился самим одиннадцати, возлежавшим на вечери , и упрекал их за неверие и жестокосердие, что видевшим Его воскресшего не поверили.
15Ва ба онҳо гуфт: «Ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот мавъиза кунед.
15И сказал им: идите по всему миру и проповедуйте Евангелие всей твари.
16«Ҳар кй имон оварда, таъмид ёбад, наҷот ҳоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.
16Кто будет веровать и креститься, спасен будет; а кто не будет веровать, осужден будет.
17«Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон ҳоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гӯянд;
17Уверовавших же будут сопровождать сии знамения: именем Моим будут изгонять бесов; будут говорить новыми языками;
18«Ва морҳоро гиранд; ва агар заҳри қотиле бихӯранд, ба онҳо осеб нарасонад; ва даст бар беморон ниҳанд, онҳо шифо ебанд».
18будут брать змей; и если что смертоносное выпьют, не повредит им; возложат руки на больных, и они будут здоровы.
19Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо суҳан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.
19И так Господь, после беседования с ними, вознесся на небо и воссел одесную Бога.
20Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломоти баъдина каломро собит мегардонд.
20А они пошли и проповедывали везде, при Господнем содействии и подкреплении слова последующими знамениями. Аминь.