1ВА ҳамон рӯз Исо аз хона берун омада, дар канори баҳр нишаст.
1Выйдя же в день тот из дома, Иисус сел у моря.
2Ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки ӯ ба қаиқ даромада, нишаст, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд.
2И собралось к Нему множество народа, так что Он вошел в лодку и сел; а весь народ стоял наберегу.
3Ва бо масалҳо чизҳои бисьёрро ба онҳо омӯхта, гуфт; «Инак, корандае барои пошидани тухм берун рафт;
3И поучал их много притчами, говоря: вот, вышел сеятель сеять;
4«Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро хӯрданд;
4и когда он сеял, иное упало придороге, и налетели птицы и поклевали то;
5«Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт;
5иное упало на места каменистые, где немного было земли, и скоро взошло, потому что земля была неглубока.
6«Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва азбаски реша надошт, хушк шуд;
6Когда же взошло солнце, увяло, и, как не имело корня, засохло;
7«Қадаре дар миёни хорҳо афтод,ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд;
7иное упало в терние, и выросло терние и заглушило его;
8«Қадаре дар хоки нағз афтод ва бор овард: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сй.
8иное упало на добрую землю и принесло плод: одно во сто крат, а другое в шестьдесят, иное же в тридцать.
9«Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
9Кто имеет уши слышать, да слышит!
10Ва шогирдонаш омада, ба Ӯ гуфтанд: «Чаро ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯй?»
10И, приступив, ученики сказали Ему: для чего притчамиговоришь им?
11Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст;
11Он сказал им в ответ: для того, что вам дано знать тайны Царствия Небесного, а им не дано,
12«Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз ваи он чи низ дорад, гирифта шавад;
12ибо кто имеет, тому дано будет и приумножится, а кто не имеет, у того отнимется и то, что имеет;
13«Аз он сабаб ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намешунаванд, ва намефаҳманд;
13потому говорю им притчами, что они видя не видят, и слыша не слышат, и не разумеют;
14«Ва дар ҳаққи онҳо нубуввати Ишаъё ба амал меояд, ки гуфтааст: "Бо гӯшҳои худ хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид; бо чашмҳои худ нигоҳ хоҳед кард, вале нахоҳед дид;
14и сбывается над ними пророчество Исаии, которое говорит: слухом услышите - и не уразумеете, и глазами смотреть будете - и не увидите,
15"Зеро ки дили ин мардум сангин ва гӯшҳошон вазнин шудааст, ва чашмони худро бастаанд, мабодо бо чашмон бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дилҳо бифаҳманд ва ручӯъ кунанд, ва Ман онҳоро шифо диҳам".
15ибо огрубело сердце людей сих и ушами с трудом слышат, и глаза свои сомкнули, да не увидятглазами и не услышат ушами, и не уразумеют сердцем, и дане обратятся, чтобы Я исцелил их.
16«Лекин хушо чашмони шумо, ки мебинанд, ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд;
16Ваши же блаженны очи, что видят, и уши ваши, что слышат,
17«Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва одилон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд ва нашуниданд.
17ибо истинно говорю вам, что многие пророки и праведники желали видеть, что вы видите, и не видели, и слышать, что вы слышите, и не слышали.
18«Пас шумо маънои масали корандаро бишнавед:
18Вы же выслушайте значение притчи о сеятеле:
19«Ҳар кӣ каломи Малакутро бишнавад, ва нафаҳмад, иблис назди вай омада, он чиро, ки дар дили вай кошта щудааст, мерабояд: ин ҳамон аст, ки дар канори роҳ кошта шудааст.
19ко всякому, слушающему слово о Царствии и не разумеющему, приходит лукавый и похищает посеянное в сердце его - вот кого означает посеянное при дороге.
20«Ва кошташуда дар санглох он кас аст, ки каломро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад;
20А посеянное на каменистых местах означает того, кто слышит слово и тотчас с радостью принимает его;
21«Лекин дар худ реша надорад ва ноустувор аст ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтад.
21но не имеет в себе корня и непостоянен: когда настанет скорбь или гонение за слово, тотчас соблазняется.
22«Ва кошташуда дар миёни хорҳо он кас аст, ки каломро мешунавад, лекин андешаҳои дуньёй ва ҳирси сарват каломро пахш мекунад, ва он бесамар мегардад.
22А посеянное в тернии означает того, кто слышит слово, но забота века сего и обольщение богатства заглушает слово, и оно бывает бесплодно.
23«Ва кошташуда дар хоки нағз он кас аст, ки каломро мешунавад ва мефаҳмад ва бор ҳам меоварад: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ».
23Посеянное же на доброй земле означает слышащего слово и разумеющего, который и бывает плодоносен, так что иной приносит плод во сто крат, инойв шестьдесят, а иной в тридцать.
24Ва масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст;
24Другую притчу предложил Он им, говоря: Царство Небесное подобно человеку, посеявшему доброе семя на поле своем;
25«Лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт;
25когда же люди спали, пришел враг его и посеял между пшеницею плевелы и ушел;
26«Чун киштзор сабзид, ва самараш ба назар намоён шуд, мастак ҳам пайдо шуд.
26когда взошла зелень и показался плод, тогда явились и плевелы.
27«Ғуломони соҳиби киштзор омада, гуфтанд: "Эй оғо! Оё дар киптгзори худ тухми некӯ накоштаӣ? Пас мастак аз куҷо пайдо шуд?"
27Придя же, рабы домовладыки сказали ему: господин! не доброе ли семя сеял ты на поле твоем? откуда же на нем плевелы?
28«Вай ба онҳо гуфт: "Ин кори душман аст". Ғуломон ба вай гуфтанд: "Оё мехоҳӣ биравем ва онро чида гирем?"
28Он же сказал им: враг человека сделал это. А рабы сказали ему: хочешь ли, мы пойдем, выберем их?
29«Вай гуфт: "Не, мабодо дар вақти чида гирифтани мастак гандумро ҳам аз реша биканед;
29Но он сказал: нет, - чтобы, выбирая плевелы, вы невыдергали вместе с ними пшеницы,
30"Бигэоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо хам нумӯ кунанд; ва дар мавсими дарав ба даравгарон хоҳам гуфт: аввал мастакро чида гиреду барои сӯзондан бандбанд кунед; лекин гандумро дар акбори ман захира кунед"».
30оставьте расти вместе то и другое до жатвы; и во время жатвы я скажу жнецам: соберите прежде плевелы и свяжите их в связки, чтобы сжечь их, а пшеницууберите в житницу мою.
31Масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ коштааст,
31Иную притчу предложил Он им, говоря: Царство Небесноеподобно зерну горчичному, которое человек взял и посеял на поле своем,
32«Ва гарчанде ки хурдтарини тухмҳост, чун нумӯ кунад, аз ҳамаи наботот бузургтар мешавад ва дарахт мегардад, ба тавре ки мурғони ҳаво омада, дар шохаҳояш ошьёнамесозанд».
32которое, хотя меньше всех семян, но, когда вырастет,бывает больше всех злаков и становится деревом, так что прилетают птицы небесные и укрываются в ветвяхего.
33Ва масали дигаре ба онҳо гуфт: «Малакути Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид».
33Иную притчу сказал Он им: Царство Небесное подобно закваске, которую женщина, взяв, положила в три меры муки, доколе не вскисло все.
34Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард, ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт,
34Все сие Иисус говорил народу притчами, и без притчи не говорил им,
35То ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: "Даҳони Худро ба масалҳо мекушоям; чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст, баён менамоям".
35да сбудется реченное через пророка, который говорит: отверзу в притчах уста Мои; изреку сокровенное от создания мира.
36Он гоҳ Исо мардумро ҷавоб дода, ба хона даромад. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Масали мастаки киштзорро ба мо бифаҳмон».
36Тогда Иисус, отпустив народ, вошел в дом. И, приступив к Нему, ученики Его сказали: изъясни нам притчу о плевелах на поле.
37Дар ҷавоби онҳо гуфт: «гКорандаи тухми некӯ Писари Одам аст;
37Он же сказал им в ответ: сеющий доброе семя есть Сын Человеческий;
38«Киштзор ин ҷаҳон аст; тухми некӯ писарони Малакут ҳастанд, ва мастакҳо писарони иблис мебошанд;
38поле есть мир; доброе семя, это сыны Царствия, а плевелы - сыны лукавого;
39«Ва душмане ки онҳоро кошт, иблис аст; мавсими дарав анҷоми олам аст, ва даравгарҳо фариштагонанд.
39враг, посеявший их, есть диавол; жатва есть кончина века, а жнецы суть Ангелы.
40«Пас, чӣ тавре ки мастакҳоро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, анҷоми олам низ ҳамон тавр ҳоҳад шуд:
40Посему как собирают плевелы и огнем сжигают, так будет при кончине века сего:
41«Писари Одам фариштагони Худро ҳоҳад фиристод, ва онҳо аз Малакути Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкоронро ҷамъ хоҳанд кард,
41пошлет Сын Человеческий Ангелов Своих, и соберут из Царства Его все соблазны и делающих беззаконие,
42«Ва онҳоро ба кӯраи оташ хоҳанд андохт; дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.
42и ввергнут их в печь огненную; там будет плач и скрежет зубов;
43«Он гох одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!
43тогда праведники воссияют, как солнце, в Царстве Отца их. Кто имеет уши слышать, да слышит!
44«Боз Малакути Осмон монанди ганҷест, ки дар киштзор ниҳон бошад, ва онро касе ёфта, пинҳон кард, ва аз шодии он рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва он киштзорро харид.
44Еще подобно Царство Небесное сокровищу, скрытому на поле, которое, найдя, человек утаил, и от радости о нем идет и продает все, что имеет, и покупает поле то.
45«Боз Малакути Осмон монанди тоҷирест, ки марворидҳои хуб меҷуст,
45Еще подобно Царство Небесное купцу, ищущему хорошихжемчужин,
46«Ва чун як марвориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид.
46который, найдя одну драгоценную жемчужину, пошел и продал все, что имел, и купил ее.
47«Боз Малакути Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳй ба он даромад,
47Еще подобно Царство Небесное неводу, закинутому в море и захватившему рыб всякого рода,
48«Ва чун пур шуд, онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, ҳубҳоро дар зарфҳо ҷамъ карданд, лекин бадҳоро дур андохтанд.
48который, когда наполнился, вытащили на берег и, сев, хорошее собрали в сосуды, а худое выбросили вон.
49«Дар анҷоми олам ҳамин тавр хоҳад шуд: фариштагон берун омада, бадкоронро аз миёни одилон ҷудо мекунанд,
49Так будет при кончине века: изыдут Ангелы, и отделят злых из среды праведных,
50«Ва онҳоро ба кӯраи оташ меандозанд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд».
50и ввергнут их в печь огненную: там будет плач и скрежет зубов.
51Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инро фаҳмидед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!»
51И спросил их Иисус: поняли ли вы все это? Они говорят Ему: так, Господи!
52Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Малакути Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад».
52Он же сказал им: поэтому всякий книжник, наученный Царству Небесному, подобен хозяину, который выносит изсокровищницы своей новое и старое.
53Вақте ки Исо ин масалҳоро ба оҳир расонд, аз он ҷо равона шуд,
53И, когда окончил Иисус притчи сии, пошел оттуда.
54Ва ба зодгоҳи Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ чунин ҳикмат ва мӯъҷизот?
54И, придя в отечество Свое, учил их в синагоге их, так что они изумлялись и говорили: откуда у Него такая премудрость и силы?
55«Оё Ӯ писари наҷҷор нест? Оё номи модараш Марьям нест, ва бародаронаш Яъкуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо?
55не плотников ли Он сын? не Его ли Мать называетсяМария, и братья Его Иаков и Иосий, и Симон, и Иуда?
56«Ва ҳамаи хоҳаронаш дар байни мо намебошанд? Пас, аз куҷост дар Ӯ ҳамаи ин чизҳо?»
56и сестры Его не все ли между нами? откуда же у Него все это?
57Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд. Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар хонаи худ».
57И соблазнялись о Нем. Иисус же сказал им: не бывает пророк без чести, разве только вотечестве своем и в доме своем.
58Ва дар он ҷо ба сабаби беимонии онҳо мӯъҷизаи бисьёр нишон надод.
58И не совершил там многих чудес по неверию их.