1ДАР хусуси бахшоишҳои рӯҳонй бошад, намехоҳам, ки шумо, эй бародарон, бехабар монед.2Медонед, ки шумо, вақте ки бутпараст будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гӯё шуморо кашида мебурданд.3Бинобар ин шуморо огоҳ менамоям, ки ҳеҷ кас, ки бар тибқи Рӯҳи Худо сухан меронад, наметавонад лаънат бар Исо бигӯяд, ва ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд бихонад, магар бар тибқи Рӯҳулқудс.4Бахшоишҳо гуногун аст, лекин Рӯҳ ҳамон як аст;5Ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст;6Ва амалҳо гуногун аст, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад.7Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рӯҳ барои манфиати ҳамаҷониба бахшида мешавад:8Зеро ки ба яке ба воситаи Рӯҳ каломи ҳикмат бахшида мешавад, ба дигаре - каломи дониш, бар тибқи ҳамон Рӯҳ;9Ба яке - имон, бар тибқи ҳамон Рӯҳ; ба дигаре - бахшоиши шифо додан, бар тибқи ҳамон Рӯҳ;10Ба яке - қудрати мӯъҷизанамо, ба дигаре - нубувват; ба яке - ташхиси арвоҳ, ба дигаре - забонҳои гуногун ва ба сеюмй - тафсири забонҳо.11Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳ ба амал меоварад, ки ба ҳар кас махсусан, мувофиқи хости Худ, тақсим мекунад.12Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисьёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисьёранд, як баданро ташкил мекунанд, - ончунон Масеҳ низ.13Зеро ки ҳамаи мо - хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониём, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон - бар тибқи як Рӯҳ дар як бадан таъмид ёфтаем, ва ҳама аз як Рӯҳ нӯшонида шудаем.14Лекин бадан на аз як узв, балки аз узвҳои бисьёр иборат аст.15Агар по бигӯяд: "Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман даст нестам", наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?16Ва агар гӯш бигӯяд: "Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман чашм нестам", наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?17Агар тамоми бадан чашм бошад, сомеа куҷост?Агар ҳамааш сомеа бошад, шомма куҷост?18Аммо Худо ба узвҳо, ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ, ҷой додааст.19Ва агар ҳама як узв мебуданд, бадан куҷост?20Ва инак узвҳо бисьёр аст, лекин бадан як аст.21Чашм наметавонад ба даст бигӯяд: "Ту ба ман даркор нестӣ"; ё ки сар низ ба пойҳо бигӯяд: "Шумо ба ман даркор нестед".22Баръакс, он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруртаранд,23Ва дар бораи узвҳое ки наҷобаташон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ғамхорӣ мекунем;24Ва узвҳои бадсурати мо хушнамудтар пӯшонида мешаванд, вале узвҳои хушсурати мо ба ин эҳтиёҷ надоранд. Лекин Худо баданро тавре ба соз овардааст, ки дар бораи узви номукаммалтар ғамхории бештаре талқин намудааст,25То ки дар бадан носозӣ пайдо нашавад, балки узвҳо ба якдигар як хел ғамхорӣ кунанд.26Ва агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунанд; ва агар як узв сазовори таҳсин гардад, бо он ҳамаи узвҳо хурсанд мешаванд.27Шумо бадани Масеҳ ҳастед, вале ҷудоҷудо узвҳои Ӯ мебошед.28Ва Худо баъзеро дар Калисо аввалан ҳавворӣ, сониян набӣ, солисан муаллим таъин кардааст; баъд қувваҳои мӯъҷизакор, ҳамчунин бахшоишҳои шифо додан, мадад рарасондан, идора кардан ва забонҳои гуногунро бахшидааст.29Оё ҳама ҳавворианд? Оё ҳама набианд? Оё ҳамамуаллиманд? Оё ҳама мӯъҷизакоранд?30Оё ҳама бахшоиши шифодиҳӣ доранд?Ое ҳама ба забонҳо сухан меронанд? Оё ҳама тафсир мекунанд?31Иштиёқманди бахшоишҳои бузургтар бошед, ва ман ба шумо роҳи боз ҳам хубтарро нишон хоҳам дод.