1БА ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам.2Шуморо, зй бародарон, барои он таҳсин менамоям, ки дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ доштаед.3Ҳамчунин мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост.4Ҳар марде ки сари пӯншда дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад;5Ва ҳар зане ки сари луч дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунац, зеро ин мисли он аст, ки мӯйсараш тарошида шуда бошад;6Зеро, агар зан нахоҳад, ки сари худро пӯшонад, бигзор мӯяшро қайчӣ кунад; ва агар зан аз қайчй кардан ё тароншдани мӯяш шарм дошта бошад, бигзор сари худро пӯшонад.7Хуллас, мард набояд сари худро пӯшонад, чунки ӯ сурат ва ҷалоли Худост; аммо зан ҷалоли мард аст.8Зеро ки на мард аз зан аст, балки зан аз мард;9Ва на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард.10Бинобар ин зан бояд бар сараш нишонаи ихтиёрро ба хотири фариштагон дошта бошад.11Лекин дар Худовапд на мард бе зан аст, на зан бе мард аст:12Зеро, чунон ки зан аз мард аст, ончукон мард низ ба воситаи зан аст; ва ҳамаи ин аз Худост.13Худатон мулоҳиза кунед, ки оё аз рӯи одоб аст, ки зан сари нопӯпшда пеши Худо дуо гӯяд?14Оё худи табиат шуморо таълим намедиҳад, ки агар мард мӯяшро дароз кунад, ин барои ӯ нанг аст,15Аммо агар зан мӯяшро дароз кунад, ин барои вай шаъну шараф аст, чунки мӯй ба вай ба ҷои ҳиҷоб дода пгудааст?16Ва агар касе мунозира карданй бошад, мо ва калисоҳои Худо чунин одат надорем.17Лекин, ин дастурро дода, шуморо барои он таҳсин намекунам, ки на аз барои некӣ, балки аз барои бадӣ ҷамъ мешавед.18Зеро, аввалан, шунидам, ки дар миёни шумо, вақте ки дар калисо ҷамъ мешавед, ихтилофот рӯй медиҳад, ки ба ин ман як қадар бовар мекунам.19Зеро ки дар миёни шумо гуногуиии ақидаҳо низ бояд бошад, то ки корозмудагон дар миёни пгумо зоҳир гарданд.20Сонй, дар як ҷо ҷамъ шуданатоь: барои хӯрдани таоми шоми Худованд нест;21Зеро ҳар кас аз дигарон пештар хӯроки худро гирифта мехӯрад, ва яке гурусна мемонад, ва дигаре маст мешавад.22Магар шумо хона надоред, ки дар он биҳӯред ва бинӯшед? Ё ки ба калисои Худо беэътиной мекунед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чй гӯям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам.23Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ӯро таслим карданд, нонро гирифт24Ва баракат дода, пора кард ва гуфт: "Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред".25Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: "Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред."26Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро менӯшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд.27Бинобар ин ҳар кй ба таври ношоиста ин нонро бихӯрад ё косаи Худовандро бинӯшад, бар зидди Бадан ва Хуни Худованд айбдор хоҳад шуд.28Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад.29Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихӯрад ва бинӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад.30Ба ҳамин сабаб бисьёре аз шумо оҷиз ва бемор ҳастанд, ва бисьёре мурдаанд.31Зеро, агар худамон худро доварй мекардем, ба доварӣ дучор намепгудем.32Модоме ки ба доварй дучор шудаем, аз ҷохшби Худодованд ҷазо мебинем, то ки бо аҳли ҷаҳон маҳкум нагардем.33Бинобар ин, эй бародаронам, вақте ки барои таоми шом ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед.34Ва агар касе гурусна бошад, дар хонааш бихӯрад, то ки ҷамъ шуданатон сабаби маҳкумияти шумо нагардад. Чизҳои дигарро пас аз омаданам дуруст хоҳам кард.