Tajik

1 Corinthians

10

1МАН намехоҳам, эй бародарон, ки шумо беҳабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр убур карданд;2Ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд;3Ва ҳама айни як ғизои рӯҳониро мехӯрданд;4Ва ҳама айни як нӯшокии рӯҳониро менӯшиданд, зеро аз сахраи рӯҳоние менӯшиданд, ки аз ақибашон меомад; ва он сахра Масеҳ буд.5Лекин бар аксари онҳо ҳусни таваҷҷӯҳи Худо набуд; зеро ки онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд.6Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.7Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст: "Қавм ба хӯрдану нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд".8Зинокорӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо зинокорӣ карданд, ва дар як рӯз бисту се ҳазор нафарашон нобуд шуданд.9Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз неши морҳо ба ҳалокат расиданд.10Шиква накунед, чунон ки баъзеи онҳо ншква карданд ва аз дасти қиркунанда нобуд шуданд.11Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст.12Бинобар ин ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад.13Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонй чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.14Хуллас, эй маҳбубонам, аз бутпарастй бигрезед.15Ба мулоҳизакорон сухан мегӯям: дар бораи он чи мегӯям, худатон мулоҳиза кунед;16Оё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба Хуни Масеҳ нест? Оё нонеки пора мекунем, шарик шудан ба Бадани Масеҳ нест?17Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисьёрем, як тан ҳастем, зеро ки ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем.18Ба Исроил ба ҳасби ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехӯранд, шарики қурбонгоҳ нестанд?19Пас ман чӣ бигӯям? Оё ин ки дар қурбонии бут ё худи бут чизе хаст?20Не, балки он чи онҳо қурбонй мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам, ки шумо бо девҳо шарик бошед.21Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам дар суфраи девҳо.22Наҳод ки мо Худовандро ба хашм меоварем? Магар мо аз Ӯ пурзӯртарем?23Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад.24Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро.25Ҳар он чи дар бозор фурӯхта мешавад, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед;26Зеро ки замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худрванд аст.27Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд, ва шумо мехоҳед биравед, - аз ҳар чизе ки пешатон монанд, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед.28Лекин агар касе ба шумо гӯяд, ки "ин қурбонии бут аст", - ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахӯред; зеро ки замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст.29Аммо на виҷдони худро, балки виҷдони он каси дигарро дар назар дорам; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад?30Агар ман бо шукргузорӣ мехӯрда бошам, чаро маро барои он чизе ки ман барояш шукргузорй мекунам, мазаммат намоянд?31Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.32На яҳудиёнро ба васваса андозед, на юнониёнро, на калисои Худоро,33Чунки ман низ дар ҳар бобат дили ҳамаро меёбам, ва толиби нафъи худ не, балки нафъи касони бисьёр ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд.