Tajik

1 Corinthians

9

1ОЁ ман ҳавворӣ нестам? Оё ман озод нестам? Оё ман Худованди мо Исои Масеҳро надидаам? Оё шумо амали ман дар Худованд нестед?2Агар барои дигарон ман ҳавворӣ набошам, барои шумо ҳастам, зеро ки мӯҳри ҳавворияти ман дар Худованд шумо ҳастед.3Хпфзи ман ба муқобили онҳое ки маро мазаммат мекунанд, хамин аст.4Оё мо ҳаққи хӯрдан ва нӯншдан надорем?5Оё ҳақ начорем, ки мисли ҳаввориёни дигар ва бародарони Худованд ва Кифо завҷаи имондорро ҳамроҳи худ бибарем?6Оё танҳо ман ва Барнаббо ҳақ надорем, ки кор накунем?7Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо нафақаи ҳудаш ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намеҳӯрда бошад? Кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехӯрда бошад?8Оё инро ман фақат ба таври инсонӣ мегӯям? Ое шариат низ инро намегӯяд?9Зеро ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст: "Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд". Оё Худо дар бораи барзаговон ғамҳорӣ мекунад?10Ё ки, албатта, барои мо гуфта шудааст? Оре, ин барои мо навишта шудааст; зеро ки шудгоркунанда бояд бо умед шудгор кунад, ва хирманкӯб - бо умеди гирифтани саҳми худ хирман кӯбад.11Модоме ки мо дар миёни шумо чизҳои рӯҳониро коштаем, оё ин як кори бузург аст, ки агар назди шумо чизҳои ҷисмониро дарав кунем?12Агар дигарон назди шумо ҳақ дошта бошанд, ое ҳаққи мо зиёдтар нест? Лекин мо аз ин ҳақ истифода набурдем, балки ҳар чизро тоқат мекунем, то ки ба башорати Масеҳ ҳеҷ мамониате нарасонем.13Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехӯранд? Ва ходимони курбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд?14Ҳамчунин Худованд фармудааст, ки воизони Инҷил аз башорат додани Инҷил зиндагӣ кунанд.15Лекин ман аз инҳо ҳеҷ якеро истифода накардаам. Ва инро на аз барои он навиштаам, ки барои ман ҳамин тавр бошад; зеро барои ман мурдан беҳтар аст аз он ки касе ин фахри маро нест кунад.16Зеро, агар башорат диҳам, ин барои ман сабаби фахр нест, чунки ин барои ман як кори воҷибист: вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам!17Зеро, агар инро ба таври ихтиёрӣ ба ҷо оварам, мукофот мегирам; лекин агар ба таври ғайриихтиёрӣ бошад,ин як вазифаи маъмуриест, ки ба зиммаи ман гузошта шудааст.18Пас мукофоти ман чист? Он аст, ки Инҷилро мавъиза намуда, дар бораи Масеҳ бемузд башорат медиҳам ва аз ҳаққи башоратдиҳандагии худ истифода намебарам.19Зеро, бо вуҷуди он ки аз ҳама озод будам, худро ғуломи ҳама гардондам, то ки шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям;20Барои яҳудиён чун яҳудй шудам, то ки яҳудиёнро ҷалб намоям; барои аҳли шариат чун аҳли шариат шудам, то ки аҳли шариатро ҷалб намоям;21Барои бешариатон чун бешариат шудам, - гарчанде ки ман пеши Худо бешариат нестам, балки аз аҳли шариати Масеҳам, - то ки бешариатонро ҷалб намоям;22Барои нотавонон чун нотавон шудам, то ки нотавононро ҷалб намоям. Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам.23Инро ман барои Инҷил мекунам, то ки шарики баракоти он бошам.24Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо фақат як нафар мукофот мегирад? Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед.25Ҳамаи риёзаткашон аз ҳар чиз худдорӣ мекунанд: онҳо барои гирифтани тоҷи фонӣ, лекин мо барои гирифтани тоҷи ғайрифонӣ.26Бинобар ин ман медавам на он тавре ки бар абас бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад;27Балки ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ки ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам.