1ДАР бораи қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш мағрур мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад.2Агар касе гумон кунад, ки ятон чизро медонад, ӯ ҳанӯз ҳеҷ чизро ончунон ки донистанаш лозим аст, намедонад;3Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст.4Пас, дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ва ҷуз Худои Ягона худои дигаре нест.5Зеро, ҳар чанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, - чунки худоёни бисьёр ва худовандони бисьёр ҳастанд, -6Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳалта чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.7Аммо ҳама дорои ин дониш нестанд: баъзе касон то алҳол, аз рӯи одати деринаи бутпарастй, ин ҳӯрокро чун қурбонии бут мехӯранд, ва виҷдони онҳо, ки нотавон аст, наҷис мешавад.8Хӯрок моро ба Худо наздик нал*екунад: зеро ки на аз хӯрдан манфиате мебинем, на аз наҳӯрдан зиёне.9Аммо боҳабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби васвасаи нотавонон нашавад.10Зеро, агар касе туро, ки соҳиби дониш ҳастй, бубинад, ки дар сари суфраи бутхона нишастаӣ, оё виҷдони ӯ, ки нотавон аст, ӯро низ ба хӯрдани қурбониҳои бутҳо моил намекунад?11Ва аз дониши ту он бародари нотавон, ки Масеҳ барои ӯ мурд, нобуд мешавад.12Ва ба ин тариқа бар зидди бародарон гуноҳ карда ва ба виҷдони нотавони онҳо осеб расонда, шумо бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунед.13Бинобар ин, агар хӯрок бародари маро ба васваса меандохта бошад, ҳаргиз гӯшт намехӯрам, то ки бародари худро ба васваса наандозам.