1ДАР бораи он чи ба ман навишта будед, барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад.2Аммо, барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад.3Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ.4Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст.5Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳар ду, то ки ба рӯзаву дуо шуғл кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад.6Лекин инро ман ба тариқи маслиҳат мегӯям, на ба тариқи фармоиш.7Зеро мехоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд; аммо ҳар кас лаёқати ба худ хосе аз Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар.8Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям: барои онҳо хуб аст, ки мисли ман бимонанд;9Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст.10Ба онҳое ки никоҳ кардаанд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд: завҷа аз шавҳараш набарояд, -11Ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонад, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад, - ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад.12Ба дигарон ман мегӯям, на Худованд: агар бародаре завҷаи беимон дошта бошад, ва он завҷа розӣ бошад бо ӯ зиндагӣ кунад, ӯ набояд аз вай ҷудо шавад.13Ва завҷае ки шавҳари беимон дошта бошад, ва он шавҳар розй бошад бо вай зиндагй кунад, вай набояд аз ӯ ҷудо шавад;14Зеро ки шавҳари беимон ба воситаи завҷаи имондораш қудсият пайдо мекунад, ва завҷаи беимон ба воситаи шавҳари имондораш қудсият пайдо мекунад; вагар на фарзандони шумо нопок мебуданд, ва ҳол он ки дар асл онҳо муқаддас ҳастанд.15Аммо агар беимон чудо шудан хоҳад, бигзор чудо шавад; дар чунин вазъият бародар ё хоҳар дигар вобаста нест; Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст.16Зеро аз куҷо ту донй, эй завҷа, ки шавҳаратро наҷот хоҳӣ дод? Ё аз куҷо ту донӣ, эй шавҳар, ки завҷаатро наҷот хоҳӣ дод?17Бигзор ҳар кас дар он ҳолате ки Худо ӯро насиб кардааст, ва ҳар кас дар он вазъе ки Худованд ӯро даъват намудааст, бимонад. Дар ҳамаи калисоҳо ман ҳамин тавр дастур медиҳам.18Агар шахси махтуне даъват шуда бошад, орзуи номахтунӣ накунад; ва агар номахтуне даъват шуда бошад, хатна накунад.19Хатна ҳеҷ аст, номахтунй ҳам ҳеҷ аст, балки аз ҳама муҳимтар риояи аҳкоми Худост.20Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, дар ҳамон бимонад.21Агар дар ҳолати ғуломӣ даъват шуда бошӣ, нороҳат нашав; балки агар озод шуда тавонӣ ҳам, аз фурсат истифода бар.22Зеро гуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; инчунин шаҳси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст.23Шумо ба нархи гарон харида шудаед: ғуломи одамон нагардед.24Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, эй бародарон, дар ҳамон назди Худо бимонад.25Дар Хусуси бокираҳо аз Худованд фармоише надорам, лекин, ҳамчун шаҳсе ки аз Худованд марҳамат ёфтааст, ки амин бошад, маслиҳати худро баён мекунам.26Пас, ба сабаби тангии вазъияти ҳозира, ман онро беҳтар медонам, ки барои одам хуб аст, агар ҳамон тавр, ки ҳаст, бимонад.27Оё зандор ҳастӣ? - толиби талоқ набош. Оё безан ҳастӣ? - толиби зан набош.28Аммо агар зандор ҳам шавӣ, гуноҳе намекунӣ; ва агар бокирае ба шавҳар расад, гуноҳе намекунад. Лекин чушга касон дар чисм азобҳо хоҳанд дошт; ва ман ба шумо раҳмхӯрӣ мекунам.29Ба шумо, эй бародарон, инро мегӯям: вақт танг аст, ба тавре ки зандорон бояд мисли безанон бошанд;30Ва гирьёнон мисли он ки гирьён набошанд; ва шоддилон мисли он ки шоддил набошанд; ва харидорон мисли он ки хариде накарда бошанд;31Ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он ки фоидабар набошанл; зеро ки сурати ин ҷаҳон гузарон аст.32Ман хоҳиш дорам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи он чи ба Худованд оид аст, гамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад;33Аммо марди зандор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорй мекунад, ки чӣ гуна ба завҷааш писанд афтад. Дар миёни зани шавҳардор ва бокира ҳам фарқе ҳаст:34Зани бешавҳар дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад, то ки ҳам дар ҷисм ва ҳам дар рӯҳ муқаддас бошад; аммо зани шавҳардор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба шавҳараш писанд афтад.35Инро ман ба фоидаи шумо мегӯям, на аз барои он ки банду боре бар шумо андозам, балки барои он ки шумо боодобона ва пай дарҳам дар ибодати Худованд бошед, бе он ки чизе ба ин монеъ шавад.36Лекин агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расида, бе шавҳар мемонад, бигзор ӯ он чи мехоҳад, бикунад, - гуноҳе намекунад; бигзор онҳо ба шавҳар бирасанд.37Аммо касе ки дар дили худ бағоят матин аст ва эҳтиёҷе надорад, балки иродаи қавӣ допхга, дар дили худ азм кардааст, ки бокираи худро нигоҳ дорад, - ӯ кори хуб мекунад.38Бинобар ин, касе ки бокираи худро ба шавҳар медиҳад, кори хуб мекунад, ва касе ки ба шавҳар намедиҳад, кори хубтар мекунад.39Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ӯ тааллуқ дорад; пас аз вафоти шавҳараш вай озод шуда, ба ҳар касе ки хоҳад, никоҳ кунад, фақат дар Худованд бошад.40Лекин, ба фикри ман, вай хушбахттар аст, агар бева бимонад; ва ба гумонам, ман низ Рӯҳи Худоро дорам.