1КАСЕ аз шумо, вақте ки ба дигаре даъво дорад, оё ҷуръат мекунад, ки мурофиаи худро назди гуноҳкорон барад, на назди муқаддасон?2Магар намедонед, ки муқаддасон ҷаҳонро доварӣ ҳоҳанд кард? Ва агар шумо ҷаҳонро доварӣ мекарда бошед, наход ки сазовори он нестед, ки корҳои хурдтарро доварӣ кунед?3Магар намедонед, ки мо фариштагонро доварӣ хоҳем кард? Пас чӣ қадар зиёдтар корҳои маишатро!4Лекин шумо, вақте ки мурофиаи маишй доред, онҳоеро, ки дар калисо ҳеҷ эътиборе надоранд, ба доварӣ мещинонед.5Барои хиҷил шуданатон мегӯям: наход ки дар байни шумо як нафар ҳам боҳираде нест, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад?6Аммо бародар бо бародар мурофиа мекунад, он ҳам дар пеиги беимонон.7Худи ҳамин ҳам барои шумо зиллатовар аст, ки байни худ мурофиа доред. Чаро барои худ мазлумиятро афзал на медонед? Чаро ба маҳрумият тоб оварданро афзал намедонед?8Лекин худатон мазлум ва маҳрум мекунед, он ҳам бародарони худро.9Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосикон, на бачабозон, на ливотагарон,10На дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон - вориси Малакути Худо наменхаванд.11Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.12Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин кабояд ки чизе маро бандаи худ гардонад.13Хӯрок барои шикам аст, ва шикам барои хӯрок; аммо Худо инро ва онро нест мекунад; лекин ҷисм на барои зино, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои ҷисм аст.14Чунон ки Худо Худовандро бо куввати Худ эҳьё кард, моро низ эҳьё хоҳад кард.15Магар намедонед, ки ҷисмҳои шумо узвҳои Масеҳанд? Пас оё узвҳои Масеҳро мегирам, то ки онҳоро узвҳои фоҳишае гардонам? Ҳошо ва калло!16Оё" намедонед, ки ҳар кӣ бо фоҳиша ҷимоъ кунад, бо вай як тан мешавад? Зеро ки гуфта шудааст: "Ҳар ду як ҷисм хоҳанд буд".17Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайванд шавад, бо "9" як рӯҳ аст.18Аз зино бигрезед. Ҳар гуноҳе ки одамизод мекунад, аз ҷисм берун аст, лекин зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад.19Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулкудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед?20Зеро ки шумо ба нарҳи гарон харида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳри худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд.